12.1 C
Dushanbe
01.05.2024

Паёми Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” ба мардум дар ҳошияи Рӯзи Истиқлол 

Паёми Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” ба мардум дар ҳошияи Рӯзи Истиқлол.

9 сентябр ҳамасола Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Номи Тоҷикистон дар даҳаи дувуми садаи гузашта пайдо шуд ва дар харитаи сиёсии кишвари Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ аввал Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ( 1924) дар ҳайати Ӯзбакистон арзи ҳастӣ намуд ва соли  1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфт.  Пас маълум мешавад,  ки  аз ин пеш ҳам номвожаи Тоҷикистон вуҷуд дошт ва соли 2024 Тоҷикистон садсола мешавад.  Ва таърих гувоҳ аст,  ки дар роҳи таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ фарзандони баруманди халқи тоҷик Нусратулло Махсум,  Шириншо Шотемур,  Садриддин Айнӣ,  Чанор Имомон ва даҳҳо нафари дигар ҷонбозӣ намуда, дар ин роҳ ҳатто ҷони худро аз даст доданд.

Вале беш аз сӣ сол аст,  ки режими диктатории Раҳмонов ин ҷашни воқеан муҳими миллиро ба як ҷузъи барномаи таблиғотии худ табдил дода,  аз он ба манфиати худ сӯиистифода мекунад. Дар ҳоле,  ки маҳз Раҳмонов ба истиқлолияти воқеии кишвар хиёнат кард ва Тоҷикистонро ба як музофоти Русия табдил дод.

Гузашта аз ин,  Раҳмонов дастовардҳои дигаронро тасарруф ва  таърихро инҳироф кард. Дар арафаи ҷашни Истиқлол ӯ танҳо дар бораи ” дастовардҳои худ” сухан мегӯяд, аз корномаи гузаштагон  ёд намекунад ва иҷозат намедиҳад, ки дигарон низ ин номҳоро ба забон оваранд.

Дар замони шӯравӣ  Тоҷикистон ба Маскав,  аниқтараш ба Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ итоат мекард.  Вале пас аз ба сари қудрат омадани ҳукумати хонаводагии Раҳмонов сарнавишти кишвар ва мардуми он ба дасти як хонавода гузашт. Имрӯз Раҳмонов дар баррасии масоили муҳими байналмилалӣ ба даҳони Маскав нигоҳ мекунад,  масъалаҳои дохилиро бошад, бо назардошти на  манфиати мардум,  балки манфиати хонавода ҳал мекунад.

Раҳмонов ва ҳукумати дастнишондаи ӯ  беш аз сӣ сол аст,  ки худро дар зери чатри Кремл амн эҳсос мекунад ва аз ҳисоби ғорат кардани мардум ва сарватҳои миллӣ айшу нӯш дорад.  Ин аст,  ки режими худкомаи Тоҷикистон ба ҳама ҷиноятҳои мақомоти Русия нисбати муҳоҷирони тоҷик чашм мепӯшад ва метавон гуфт, ки ба манфиати муҳоҷирони корӣ то ба имрӯз коре анҷом надодааст.  Муҳоҷирони корӣ имрӯз барои Русия ба фишанги фишор ба Раҳмонов ва  барои Раҳмонов бошанд,  ба  манбаи пур кардани буҷаи кишвар табдил ёфтаанд.

Раҳмонов дар муддати сӣ соли ҳокимият на танҳо барои мардуми кишвар коре анҷом надод, балки боиси он гардид,  ки вазъи иқтисодӣ рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Фасод,  хешутаборбозӣ,  чоплусӣ, зулм ҷомеаро фаро гирифтааст.
Имрӯз мардуми кишвар асосан аз ҳисоби муҳоҷират зиндагии худро пеш мебаранд.

Дар бораи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳоҷати гап ҳам нест. Раҳмонов пас аз нест кардан ва аз майдони мубориза рондани рақибони сиёсии худ , лидерони бонуфузи мардумӣ, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ инак бо равшанфикрони озодандеш низ ҷанг эълон кард. Ӯ ба мисли Заҳҳок барои ором кардани маронаш мардумро қурбон мекунад,  то худи ӯ туъмаи морҳо, яъне режими хунхор ва хонаводаи хунмасташ нагардад.

Дар охир мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии ҷашни Истиқлол табрик мегӯем ва даъват менамоем,  ки имрӯз фурсати он расидааст,  ки мо бо аз байн бурдани режими фосид, золим, ҷинояткор ва  диктатории Раҳмонов истиқлолияти воқеии худро ба даст оварем ва ҷашни Истиқлоли ҳақиқиро дар Тоҷикистони озод,  демократӣ,  мардумсолор,  ҳуқуқбунёд ва шукуфон таҷлил намоем.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза