10.1 C
Dushanbe
02.05.2024

Оё сафари Ҷопон барои Раҳмонов дарсу ибрате мешавад?!

Боз як сафари ба ном расмӣ, вале дар асл туристии пешвои худхондаи миллат – Раҳмонов ба Ҷопон анҷом ёфт. Албатта, тими иттилоотии Раҳмонов чун ҳамеша ин сайру саёҳати ӯро чун як рӯйдоди азими таърихӣ ва ҳамчун сафари сиёсатмадори бузурге, ки гӯё кадом қуллаеро фатҳ карда бошад, ҷилва доданд.

Ба ҳар ҳол, биёед ба ин сафари пурдабдаба аз дигар зовия назар кунем:

Аввал ин ки: ин сафар чаҳор рӯзу се шаб давом кард. Аз ҳамин чаҳор рӯз, фақат чанд соаташ барои музокираҳои расмӣ бо сарвазири Ҷопон дар Токио ва имзо кардани чандто коғаз ихтисос дошт, ки дар мадди назар аввалан кӯмакпулӣ ҷой дошт. Аммо он чизе, ки одатан аз мардум пинҳон медоранд ин буд, ки вақти асосиро Раҳмонов бефоида дар шаҳрҳои гуногуни Ҷопон ба сайру саёҳат, гулчанбаргузорӣ, суратгирӣ (селфи), хӯрокхӯрӣ, мағозаравӣ сарф кард.

Ногуфта намонад, ки худи як парвози ҳавопаймои Боинги Раҳмонов ба Ҷопон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон, нархи парковка, сӯзишвории он ва ғайраю ҳоказо, ба садҳо ҳазор доллар мерасад, ки ба гуфтаи як манбаи мо дар Вазорати молияи Тоҷикистон, баробар бо будҷаи солонаи чанд ноҳияи ҷумҳурӣ аст. Илова бар ин, пули меҳмонхона, хӯрок ва дигар чизҳо барои ҳамроҳони бешумори Раҳмонов, ки вақтҳои охир дида мешавад, ҳатто мурғу бузи худро ҳамроҳ мебарад.

Тасаввур кунед, бо ин маблағҳо чӣ қадар метавон корҳои хайр ва чанд ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистонро обод кард ё ҳаддиақал ҳамон ҳоҷатхонаҳои қад-қади шоҳроҳҳои асосии Тоҷикистонро барои мардуми маҳаллӣ не, балки барои ҳамон сайёҳони ҷопонӣ таъмиру навсозӣ кард.

Хонандагони азиз, шояд аз ман беҳтар вазъи кишварро бидонанд, наворҳоеро, ки ҳикоят аз азобу машаққати мардуми бечора мекунад, дар интернет зиёданду мебинед! Агар аҳамият дода бошед, ҳеч президенте дар сафари хориҷӣ мисли Раҳмонов се чор рӯз намегардад. Онҳо ҳамагӣ барои чанд соат бо барномаҳои мушаххас меоянд, музокироташонро анҷом медиҳанд, созишномаҳоро имзо мекунанд, ба суолҳои хабарнигорон ҷавоб медиҳанд ва зуд ба ватанашон бармегарданд. Зеро онҳо масъулиятшиносанд; медонанд, ки онҳоро мардум интихоб кардаанд, ки дар сурати иҷро накардани ваъдаҳои пешазинтихоботиашон, мардум метавонанд онҳоро барканор кунанд ё аслан дигар интихоб накунанд, чун бояд барои ҳар иқдомашон пеши мардум ҷавобгӯ бошанд. Зеро ин сафарҳо бисёр серхароҷот мебошанд ва аз пули андозсупорандагон, аз пули халқ аст. Чунин президентҳо ба ҷои ин, пулро барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми худ сарф мекунанд, барои худ қаср намесозанд.

Ин боис шудааст, кишварҳое, ки дар он низоми демократии воқеӣ ҳоким ва президентҳо дар ҳар чаҳор-панҷ сол иваз мешаванд, ободу пешрафта мегарданд, миллионҳо аз мардуми он кишварҳо ба муҳоҷирати корӣ намераванд ва дар ҷаҳон аз обрӯ бархӯрдор ҳастанд.

Бубинед, Раҳмонов ҳамеша нокомии худ дар пешрафти Тоҷикистонро бо ҷанги 92-97 рабт медиҳад, вале, оё намедониста бошад, ки ҳамин Ҷопоне, ки аз ӯ дидан кард, соли 1945 бо силоҳи атомӣ болояш ҳуҷум шуда, кишвар комилан фалаҷ гашта буд. Вале имрӯз яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё ба ҳисоб рафта, ҷаҳонро ба саноатҳои электронӣ ва автомобил таъмин менамояд. Пас, сабаби ақибмондагии Тоҷикистон дар чист?

Ҷанг сабаб шуда наметавонад ва ин баҳонае беш нест, чун Ҷопон як мисоли зинда аст. Сабаб дар шахси Раҳмонов ва ҳукумати фарсудаи корношоям ва тӯлонии ӯст.

Бале, аз рӯи хулосаҳои ҳамаи ташкилотҳои байналмиллалӣ мисли СММ ва САҲА, Раҳмонов ягон бор дар интихоботи шаффоф ва озод ширкат накардааст ва дар асл ӯ дар сари қудрат, ки инак 27 сол қарор дорад, на дар асоси ирода ва интихоби мардум, балки дар натиҷаи ғасби қудрат, поймол кардани сарқонун, террор ва тарсондани мардум нишастааст. Албатта, ҳеч парвое аз мардуми бечора надорад ва пули мардумро мисли як ғоратгар ва ғосиби бегона танҳо барои кайфу сафои худ, шиками худ, сафарҳои хориҷии худ, сохтани қасру кушкҳои худ харҷ мекунад. Аммо мардум бошанд, дар ҳолати камбағалӣ ва бечорагӣ қарор доранд ва дигар ҳеч умеде аз режими хуношоми Раҳмонов надоранд.

Навори муҳоҷири тоҷик, ки дар рӯи замин хобида, дар телефон сахт менолид, манзарае буд, ки ҳолу зори мардуми Тоҷикистонро дар замони ҳукумати золимонаи Раҳмонов хулоса мекунад. 27 сол дар ҳаёти инсон давраи тӯлонӣ аст ва ҳар одами оқил дар ин муддат чизҳои зиёдро омӯхта метавонад. Аммо Раҳмонов, чӣ тавре ки то омаданаш ба сари қудрат дар сатҳи раиси колхоз буд, ҳоло ҳам мафкураи колхозӣ ӯро тарк накардааст.

 

Вагарна, дарк мекард, ки сабаби пешрафти ин кишварҳо мисли Ҷопон, демократия ва мунтазам иваз шудани роҳбарони кишвар аст. Кишварҳо дар асоси ирода ва ихтиёри мардум пеш мераванд. Худкомагӣ, диктатура, пешвопарастӣ ва хешутаборбозию ғасби қудрат, кишвару мардумро ҳақиру бечора месозад.

Ҳодисаи садамаи мошини Раҳмонов дар Токию, дарси дигари ҷопониҳо барои Раҳмонов буд. Аввалан, ин ки дар кишварҳои демократӣ роҳро барои вазиру кабир ва ҳатто президентҳо банд намекунанд, то мардум дар хиёбонҳо соатҳо ранҷ бикашанд.

Дуввум, ин ки ин ҷо барои ту Тоҷикистон нест, ки чароғакҳои роҳро аҳмият надода онҳоро қирмиз (сурх) убур куни!

Ҳамин чизҳоро ҷопониҳо хостанд ба Раҳмонови бе хосият фаҳмонанд, вале ӯ боз ҳам нафаҳмид.

Нуриддин Ризоӣ

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза