11.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Ояндаи Тоҷикистон дар дасти худи мардуми Тоҷикистон аст!

Нависандаи тоҷик Абдуқодири Рустам шоми 31 август ҳангоми аз коргоҳ ба хона рафтан аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт шуд.  Ин боздошт ба парвандаи муассис ва молики беморхонаи ” Ибни Сино ‘ Абдухалил Холиқзода, ки пас аз чопи китоби” Ҳаводиси рӯзгори ман ”  ба ” барангехтани кинаву адовати миллӣ, динӣ ва маҳаллгороӣ ” айбдор мешавад,  марбут мебошад.  Абдуқодири Рустам, ки муҳарририи китоби мазкурро ба ӯҳда дошт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд.

Режими худкома, ҷинояткор ва фосиди Раҳмонов, ки аз аввалин рӯзҳои ба сари қудрат омаданаш ба қатлу саркӯб ва зиндонӣ намудани мухолифони сиёсии худ ва озодандешон шурӯъ намуд,  ин шеваи худро то ба имрӯз идома медиҳад.  Ин Ҳукумати ба ном интихобӣ, ки бо роҳи зӯр ва фиреб беш аз сӣ сол аст дар сари қудрат мебошад,  пас аз аз байн бурдани мухолифони сиёсии худ ба саркӯбу маҳви  матбуоти озод,  рӯзноманигорону озодандешон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пардохт ва онҳоеро,  ки  хавфнок мешумурд,  аз майдон барканор кард.

Инак навбати қишри дигари ҷомеа- нависандагону равшанфикрони то ҳадде ҳақгӯӣ ва озодандеш расид. Ҳадаф аз ин нигоҳ доштани ҷомеа дар фазои ваҳшату тарс, фақру бенавоӣ ва идома додан ба дуздиву ғорат кардани мардум ва дороиҳои миллат аст.

Боздошти  Абдуҳалили Холиқзода ва Абдуқодири Рустам гувоҳ аз он аст,  ки ин низоми саркӯбгар ва зиддимардумӣ ба ҷуз аз забони зӯр забони дигареро намефаҳмад.

Иқдоми ҷинояткоронаи режим дар ду соли ахир,  зиндонӣ кардани рӯзноманигор,  қатлу куштори чеҳраҳои бонуфузи озодандеши мардумӣ дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ба зиндон равона кардани ҷавонони озодфикр ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инак боздошти нависандагон ҳушдорест, ки “эй  мардум, фардо навбати шумост!”

Бинобар ин,  Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” ба шумо, мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат мекунад ва паёми худро расонданист,  ки аз хоби ғафлат бедор шавед ва ҳақи худро аз ин режими ғосиб ва хонаводагӣ ситонед,  зеро Тоҷикистон моли ин  гурӯҳи ҷинояткор нест,  балки мутааллиқ ба тамоми тамоми мардуми кишвар аст.  Ба ҷуз аз сарнагун кардани Ҳукумати зиддимардумӣ чораи дигаре вуҷуд надорад.  Тақдири Шумо дар дасти худи Шумост!

Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 “

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза