12.1 C
Dushanbe
27.04.2024

Намояндагони “Гурӯҳи 24” вориди Бруссел шудаанд

Ҳайъати ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” субҳи имрӯз бо як сафари расмӣ вориди Бруссел, пойтахти Белгия шудаанд ва қарор аст як қатор вохуриҳо дар сатҳи баланд бо мақомоти ин кишвар, инчунин бо намояндагони порлумони Аврупо ва баъзе созмонхои байналмилалӣ анҷом диҳанд.


Дар ин сафар Ҳусейн Ашӯров, муъовини роҳбари Гурӯҳи 24, Нуриддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии ҳаракат ва Сайдалӣ Ашӯров, узви шӯрои сиёсии ҳаракат ҳузур доранд.
Ҳайати мазкур зимни дидор ва мулоқотҳо масоили муҳими минтақа ва Тоҷикистонро бо масъулини иттиҳодияи Аврупо матраҳ хоҳанд кард, аз ҷумла, вазъи ҳуқуқи башар, аҳзоб ва ҳаракатҳои сиёсӣ, зиндониёни сиёсӣ, мафқудин, шиканҷа, фишор, адами озодии баён ва матбуоти озод, набудани фазои солими рақобати интихоботӣ дар Тоҷикистон, дигарандешии сиёсӣ ва таҳаммулпазирӣ илова бар ин, кумакҳои молии ИА ба ҳукумати Тоҷикистон ва имконияти ҷори кардани таҳримот алайҳи ҳукуматдорони Тоҷикистон дида мешавад.
Қобили зикр мебошад, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин сафар бардоштани қазияи боздошти роҳбари “Гурӯҳи 24 ” – Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Инчунин, боз кардани қазияи қатли Ҳоҷи Умаралӣ Қувватов ва ба ҷавобгари кашидани омилони он яке аз барномаҳо мебошад.


Ёдовар мешавем , ки роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия- Насимҷон Шарифов бо дархости ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Туркия дар торихи 19-уми марти соли равон боздошт шуданд ва ҳанӯз таҳқиқи парвандаи онҳо идома дорад.
Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро сарф дорад то ин фаъолони сиёсиро истирдод намояд.
Маълумоти бештар аз раванди ин сафар баъдан нашр хоҳад шуд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза