17 июни соли 2026 дар шаҳри Гдански Лаҳистон (Полша) мулоқоти муҳими кории ҳайати Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо намояндагони Бунёди “Институти Лех Валенса” баргузор гардид.

Ба ҳайати «Гурӯҳи 24» раиси кумитаи ивъҷроияи ҳаракат Дилшод Шарипов ва сухангӯи ҳаракат Сайидалӣ Ашуров шомил буданд. Ҷониби Бунёди “Институти Лех Валенса”-ро Марчин Возиковский, масъули лоиҳаҳои байналмилалӣ ва иҷтимоии он ва Богдан Валенса, раиси ин бунёд ва фарзанди раҳбари машҳури ҳаракати «Ҳамбастагӣ»-и Лаҳистон ва барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Лех Валенса, намояндагӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, озодии сухан, рушди ниҳодҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба таври муфассал баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба вазъи кунунии иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон, инчунин ба мушкилоти марбут ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои асосии шаҳрвандон равона гардид.
Иштирокчиёни мулоқот аҳамияти ҳамбастагии байналмилалиро дар дастгирии арзишҳои демократӣ ва зарурати таҳкими ҳамкорӣ миёни созмонҳои шаҳрвандӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсӣ таъкид намуданд.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории минбаъда изҳор намуда, ба идомаи корҳои муштарак дар доираи лоиҳаҳое, ки ба рушди демократия, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва густариши муколамаи байналмилалӣ равона шудаанд, мувофиқа карданд.
Бояд гуфт, ин мулоқот қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкорӣ байни Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» ва Бунёди «Институти Лех Валенса»гардида, барои амалӣ намудани барномаҳои муштараки оянда имкониятҳои нави мусоидро фароҳам меоварад.

