9.1 C
Dushanbe
01.05.2024

Мизи мудаввар

2-юми сентябри соли 2014-ум, дар хонаи миллии шаҳри Маскав, дар мавзӯи “Ҳамкории ташкилотҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ оид ба ҳамоҳангкунии алоқаҳои миёни миллатҳо”, ки ташкилкунандааш “Вазорати миёниминтақавии ҳамкории миллӣ, сиёсӣ ва робита бо ташкилотҳои динии шаҳри Маскав” буд, мизи мудавваре ташкил карда шуд. Миёни шумори зиёди ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Руссия, инчунин намояндагони “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” иштирок доштанд. Ин ҳаракатҳои оппозитсионӣ чунин эътибор ва даъватро бо туфайли корҳои назаррас миёни муҳоҷирони корӣ, дар ҳар гуна ҷамъомадҳо, дар он маконҳое, ки Тоҷикистониҳо зиёд буданд ва боз ба сабаби гузаронидани ҷаласаву эътирозҳо дар шаҳри Маскав, ноил гаштанд. Дар ин ҷамъомад, роҳбари ҳаракати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” – Мақсуд Иброҳимов бо гузориши “Ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Руссияи муосир ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ” баромад кард. Ӯ дар гузориши худ барнома, мақсад ва вазифаҳои ҳарду ҳаракатро баён намуда, инчунин вазифаи ҳаракатҳои шаҳрвандӣ -сиёсиро оид ба ёрӣ дар мувофиқшавӣ, кор дар Федератсияи Русия, омӯзиши забони руссӣ ва қонунҳои муҳоҷират муҳим донист. Дар мизи мудаввар инчунин чеҳраҳои расмӣ ҳузур дошта, бо гузоришҳои худ баромад намуданд. Ҷеҳраҳои расмӣ аз ҷумла: нозири УФМС-и Федератсияи Русия дар шаҳри Маскав А.М. Максименко, ҳуқуқшинос Н.Д. Николаев, сардори маркази ҳисоби хонаи Миллии Маскав А.Б. Дрожжин, ҷонишини сардори идораи маркази шӯъбаи рақами 4-ум оид ба муқовимат зидди экстремизм дар ВКД-и шаҳри Маскав, сарҳанги пулис Д.Ш. Белялов ва дигарон. Ҳамчунин котиби сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Эгамзод низ дар ҷаласа ҳузур доштанд. Вақте, ки барнома ва нақшаҳо оиди ҳали мушкилоти мавҷуда аз сӯи намояндагони мухолифин ба миён гузошта мешуд, дарҳол намояндаи Раҳмонов сабтҳои рақсу мусиқии Тоҷикиро, ки телевизионҳои давлатӣ шабонарӯзӣ ва дар тӯли сол нишон медиҳанд, намоиш медод. Мисле, ки миллати Тоҷик танҳо бо рақсу мусиқинавозӣ машғул мебошад. Зимни барномаҳои телевизонӣ ҳеҷ гоҳ аз нақшаю барномаҳои навин ва роҳҳои ҳали мушкилотҳо мавҷуда пешкаши мардум намегардад, балки доимо зеҳни мардумро бо пахши консерту дилхушиҳои бефоида машғул менамоянд, то мардум натавонанд болои мушкилоти асосӣ фикру андеша намоянд. Чуноне, ки фармудаанд: “Ҳоким чи гуна – намоянда намуна”.

Бояд қайд кард, ки барои ташаккулёбии ҳарду ҳаракатҳои сиёсӣ мардумӣ дар хориҷ аз кишвар ва эътибору нуфуз пайдо намудани онҳо, ин ҷамъомад хело роли муҳим мебозид. Дар ин ҷамъомад барои аввалин бор намояндагони мухолифин ва ҳукумат рӯ ба рӯ оиди мушкилотҳои мардум бо режими мавҷуда баҳсу мунозара намудаанд, ки худ далили мавҷудияти қувваҳои сиёсӣ мардумӣ мебошад. Ин қувваҳо метавонанд дар оияндаи наздик Тоҷикистонро ба як кишари тараққиёфта ва бо нуфуз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муарифӣ намоянд, яъне «Иваз намудани Тоҷикистони гастрабайтер ба Тоҷикистони Ибни Синову Хайём».

Намояндагони ҳаракатҳои мухолифин возеҳ ва равшан баён намуданд, ки қувваҳои мухолифин вуҷуд доранд ва бо намояндагони Раҳмонов сари як миз нишастанд ва он дигарбора такрор нахоҳад шуд. Ин вохурӣ боз баҳонае барои озурдагии Раҳмонов шуд, ва ӯ ҳам дар навбати худ ба зораву ҳувайдои ҳукумати Русия шурӯъ намуда, дархост кард то Русия бар зидди ҳаркатҳои мардумии “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон Барои Эҳёи Тоҷикистон” дар ҳудуди Федератсияи Русия бар ивази ҳадафҳои миллӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ намояд. Мисоли зиндаи он созишномаҳои “Пойгоҳи низомии 201-уми Русия”, “Муҳоҷирони Меҳнатӣ” ва созишнома оиди инҳисор намудани баъзе аз манбаҳои иқтисодии ҶТ аз ҷониби баъзе ширкатҳои Русӣ (ҳар яке аз ин созишномаҳо зимни мақолаҳои таҳлилӣ тафсили худро хоҳад ёфт) мебоҳад.

Ногуфта намонад, ҳукумати Русия барои ҳифз намудани манфиатҳои режими худкомаи Раҳмонов фаолият намуда, ба хатогиҳои стратегӣ ҷиддӣ роҳ додаст ё на? Вақт онро нишон хоҳад дод.

(аксҳо)

kg3 kg4 kg5 kg6 kg7 kg8 kg10 kg12 kg13 kg14 kg15 krugliy stol 1 ks 2

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза