16.1 C
Dushanbe
03.05.2024

Куруно рӯзгори хушеро мотамсаро кард

Ҳар касе чашандаи марг аст. (Қуръон 3: 185)

Рӯзе, ки зери хок тани мо ниҳон шавад,

В-онҳо,ки кардаем, якояк аён шавад.

Ё Раб, ба фазли Хеш бибахшой бандаро,

Он дам,ки озими сафари он ҷаҳон шавад.   ( Саъдӣ)

Мо ҳамагӣ аз Худоем ва бозгашти мо ба сӯи Ӯст (Қуръон 2:156).  Табиист, ки ҳар оғозеро анҷомест ва ҳар офаридае тамомшуданист.  Башар аз оғози дунё бо сахтиҳо даст ба гиребон буд. Чӣ сахтиҳои иқтисодӣ, чӣ динию сиёсӣ ва чӣ сахтиҳои тандурустӣ. Дар тули торихи башарият бемориҳои гуногуни ҳамагире чун Тоъун ва вабоҳои гуногун  зуҳур карда буданд ва ҳазорҳо кас қурбони ин бемориҳо гаштаанд ва мо ҳам бахше аз башар дар асри худ дучори вабое бо номи Куруно шудем.

Фарқи мо ва даврони мо аз пешиниёнамон дар ин аст, ки мо дар даврони текнолужӣ ба сар мебарем, ки суръати зиндагии мо нисбат ба ниёгонамон ба маротиб сареътар аст.

Ин буд, ки Куруно ҳар чӣ зудтару тезтар худро ба ҳар гӯшаи ҷаҳон расонид ва аз ҳар гӯшае гулчини худро бурд. Ҷаҳонро дарҳаму барҳам зад. Ҳар кӣ азизеро аз даст дод. Яке дар фироқи падару дигаре дар сӯги модар ва модаре аз марги ҷигаргушааш бо ҷигари сӯхта чодари мотам ба сар кашида…

Чӣ рӯзгорони хӯшеро мотамсаро кард.

Кишвар ва ҷомеаи мо ҳам, бахши ҷудонашавандаи ҷомеаи башарӣ, шомили ин ҳол гардид. Азизони зиёдеро аз даст додем.

Яке аз асбоби бештар шудан ва сареътар доман кашидани Куруно ба ҳар гӯшаи кишвар, ин иштибоҳи ҳукуматдорони мо бо шумули Вазорати Тандурустии кишвар буд, ки бо сабабҳои ҳанӯз ҳам номаълум ва бемавриду бемаънӣ, вуҷуди Куруно дар кишварро рад мекарданд ва ба ҷои пешгирӣ ва карантин кардан, ки дунё дар карантин нишаста буд, ҳукуматдорони мо ба ҷашн гирифтани Наврӯз ва дигар маҳфилҳо машғул буданд. Фавтидагон аз Куруноро бо илтиҳоби шуш ва дигар бемориҳо номгузорӣ мекарданд.  Кор то ҷое расид, ки дигар кор аз кор гузашт ва маҷбуран аз вуҷуди Куруно дарак доданду онро эътироф карданд.

Қурбониҳои зиёде аз Куруно додем, ки ҳанӯз ҳам шумори теъдоди онҳо норӯшан аст. Танҳо аз шахсиятҳои бонуфӯз ва то ҷое ба ҷомеа шинохтаи тоҷик шумори бузурге аз даст додем. Ҳар соҳае ба худ мотам гирифта буд ва вазъ ҳанӯз ҳам нохуб арзёбӣ мешавад. Ҳар рӯзе аз даргузашти азизе дарак медиҳанд, ки чӣ сахту дилхарошу дарднок ва пурхасорат аст. Ҳолатҳое ҳам шуда гузашт, ки беморхонаҳо пур буданд ва ба мардуми бемор ҷои кофӣ намерасид ва садҳои дигар дар хона аз камбуди даво, олоти нафасгирӣ ва набуди парасторҳо, аз ин вабо бе ному нишон ҷон ба Ҷонофарин таслим карданд.

Дар ин мусибатҳо шоҳиди ҳолатҳое ҳам шудем, ки мардум бо шунидани хабар аз даргузашти касоне хушҳолӣ мекарданд ва ҳатто гурӯҳе аз мардум эшонро ба бадӣ ёд мекарданду аз пушташон носазо мегуфтанд, чун дар ҳолати курсинишинӣ даст ба озори мардум дароз карда буданд. Ин масъала ду паҳлӯи ба ҳам зид дорад. Агарчӣ дар фарҳанги мо аз пушти шахси вафоткарда бадгӯӣ ва носазо намегӯянд ва ӯро ба бадӣ ёд намекунанд, чун ин аз иршодоти дини мост,ки ҳар нафаре пас аз марг подоши кардаҳояшро мегирад, чӣ хуб карда ва чӣ бад. Вале аз тарафи дигар, ин бояд панде барои ҳар ҳушманде бошад, ки дар ҳолати соҳибмансаб будан, дар хидмати раҳбари золим қарор нагирад ва дар озору азияти мардуми худ  набошад. Ва дарк кунад, ки бо аздастдодани мансаб ва ё пас аз марг, ба нафрати мардум гирифтор хоҳад шуд.

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.

Хӯшо онон, ки аз худ номи накӯе ба ёдгор монданд ва дар озору азияти мардум накӯшиданду ба хотири дунё ва он чӣ дар он аст, дили мардуми худ нашикастанду ҳуқуқи мардумон поймол накарданд ва ин буд,ки дар синаҳои мардумон ҷовидонӣ зинда монданд. Ин панд ва ибратест барои пандгирандагон.

   Мо аз оғози ин пандемӣ ба ҳукумат ва мардуми кишвар ҳушдор медодем ва аз паёмадҳои он, ки дар дигар кишварҳо ба авҷ расида буд, огоҳ мекардем ва барномаҳоеро ҳам, рӯи даст гирифта будем. Рӯзона аз теъдоди афзоиши шумори афроди бемор ва нафарони фавтида, гузориш медодем .

Воқеан, мо рӯзҳои сахтеро пушти сар карда истодаем. Мусибате сангин ва бузург!

Раёсат ва аъзои “Гурӯҳи 24” ба мардуми кишвар дар ин мусибат бино ба даргузашти наздикону пайвандонашон ва вазъи душвори мавҷуда,  сабру таҳаммул таманно намуда, барои мардуми азизамон, подоши шоистае аз Худо дар баробари ин ҳама сахтиҳо хостор ҳастем.

Ҳамаи чизҳо ва ҳамаи касоне,ки дар рӯи замин ҳастанд , дастхӯши фано мегарданд. Ва танҳо зоти Парвардигори боазамат ва арҷманди ту мемонаду бас (Қуръон 55: 26,27). 

Мо дар мусибат ва  имтиҳоне қарор дорем, ки онро танҳо бо сабру таҳаммул ва хостори рафъи ин беморӣ аз Худо, бо риояти фазои тандурустӣ ва кумак ба якдигар метавон пушти сар кард.

Бани одам аъзои як пайкаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве бад дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд,ки номат ниҳанд одамӣ.

Пас, дарди дигаронро эҳсос бояд кард ва бо эҳсос ва дарди мардум бозӣ кардан аз хирад нест. Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ бояд кард, гуфтаанд бузургон,то ин ки ҷоғи вазир шикастан.

Модару фарзанди ҳар касе барояш азиз аст ва фаротар аз ин, мо ҳама инсонем ва бо шарофату карам офарида шудаем. Хуб аст, агар ба ин шарофату карам арзише шоистаи он қоил бошем!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

 

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза