14.1 C
Dushanbe
12.05.2024

Интихоботи риёсатҷумҳурии Қирғизистон ба поён расид

Шоми якшанбеи 15-уми октябр, маъракаи овоздиҳӣ барои интихоби раисҷумҳури ин кишвар анҷом ёфт. Барои касби мақоми риёсати ҷумҳурӣ 11 номзад аз аҳзоби мухталифи ин кишвар ширкат варзиданд. Бино бар натоиҷи электронии аввалияи Кумисюни Марказии Интихобот дар шаҳри Бишкек, Сурунбой Женбеков номзад аз Ҳизби Сусёлдемукрот бо касби 54 дар сади овозҳо барандаи интихоботи риёсатҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2017-ум гашт. Раиси кумисёни марказии интихобот ҷаноби Нурҷон Шолдарбеков дар нишасти хабарӣ гуфт: “интихоботро метавон тамомшуда эълон кард, интихобот дар фазои ором баргузор шуд ва мавридҳои хеле андаке аз тахаллуф сабт шудааст. “Бино ба омори кумисюни марказии интихобот бештар аз 3 милюн нафаре, ки ҳаққи овоздиҳӣ доштанд, бештар аз 52 дарсади ройдиҳандагон ба пои сандуқҳои овоздиҳӣ рехтанд.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуровӣ, аз миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар Осиёи марказӣ, Қирғизистон ягона кишвар ва ин ҳам бори нахуст аст, ки интиқоли қудрат ба таври ором сурат мегирад. Аз ин рӯ Қирғизистонро “ҷазираи демукросӣ ” дар Осиёи марказӣ ном мебаранд. Пеш аз ин, ду роҳбари ҷумҳури собиқи ин кишвар: оқои Аскар Оқоев дар соли 2005-ум дар пайи “Инқилоби Лола” ва ҷаноби Боқиев дар соли 2010-ум аз ҷониби инқилобчиён барканор шуданд ва ҷаноби Алмосбек Отамбоев дар интихоботи соли 2011-ум барандаи интихобот шуд.

Алмосбек Отамбоев раисиҷумҳури собиқи ин кишвар ки дигар мувофиқи қонуни асосии Қирғизистон ҳаққи ширкат дар интихоботро надошт, аз баргузории як интихоботи одилона хабар дода буд ва боре дар нишасти хабарие баён дошт, ки руасои ҷумҳурии ҳамсоя борҳо ба ӯ маслаҳат додаанд, ки бо тағйири Сарқонуни кишвараш курсии қудратро дубора ҳифз кунад ва ӯ ба хотири пешрафт ва суботи кишвараш ин корро накард.

Эмомалӣ Раҳмонов дар Тоҷикистон бо зӯри силоҳ сари қудрат омад ва инак бештар аз 25 сол аст, ки зимоми ҳукуматро дар даст дорад. Дар ду кишвари дигари ҳамсоя: Туркманистон ва Узбакистон бо вафоти роҳбарони пешини кишвар ҳукумат ба ашхоси дигар интиқол ёфт. Аз фарҳанги сиёсии имрӯзаи сиёсатмадорони тоҷик вожаи “истеъфо”, ” супурдани қудрат”, “тағйир ёфтани раисиҷумҳур” ва амсоли ин бардошта шудааст. Дарк ва мафҳуми “интихобот”, ” демукросӣ ” ва саҳим будан дар сиёсат ва қадари давлату миллат аз ҷомеаи мо ба дур уфтодааст. Ҳукумат ва ВАО- и давлатӣ аз нашри чунин як хабари муҳими ҳамсоякишвар худдорӣ мекунанд, то Худо накунаду тоҷикон ҳам аз қирғизҳо дарсе омӯзанд. Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмонови диктотур бо кабинаи ҳукуматаш аз баргузории як интихоботи шаффоф метарсанд ва дар сар нияти риҳоии ҳукуматро надоранд. Аз ин рӯ, танҳо ба мардум дарси пешводорӣ ва шукргузории пешворо меомӯзанд ва ҳаргоҳ аз ҷангу хушунат ёдовар мешаванд , то ки мардумро ба ёди ҷанг баранду тарс диҳанд.

Ҷои тааҷҷуб ва ҳайрат аст, ки ду намояндаи ҳукумати Раҳмонов барои намояндагӣ дар интихоботи Қирғизистон ҳузур овардаанд?! Аҷабо, ин оғоюн рафтаанд, то ки ба мардуми қирғиз дарс аз демукросӣ омӯзанд ва аз таҷрубаи 25-солаи хеш барои чӣгуна баргузор кардани як интихоботи “шаффоф” машваратҳо диҳанд?!

Роҳбарият ва аъзои “Гурӯҳи 24”, “Озодӣ ва Адолат”, “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ҷаноби Сурунбой Женбековро барои пирӯзияш ва мардуми шарифи қирғизро барои расидан ба чунин як ҳукумати мардумӣ табрик мегӯем ва барои миллату давлаташон пешрафт ва суботу амниятро хоҳонем!

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза