13.1 C
Dushanbe
27.04.2024

ИДОМАИ ТАЗОҲУРОТҲО ДАР КИШВАРҲОИ УРУПОӢ

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” имрӯз, 20 марти соли 2024, дар Кишвари Белгия, шаҳри Брюссел, пойтахти Иттиҳодияи Аврупо, дар назди сафорати Туркия пикет ташкил кард. Ин пикет дар рӯзҳои охир аллакай панҷумин пикет аст. Қабл аз ин мо дар Олмон, Утриш, Фаронса ва Ҳолланд чунин пикет ё тазоҳуротҳоро ташкил карда будем. Тазоҳурот ва пикетҳои осоиштаи мо идомаи эътирозҳое мебошанд, ки ба хотири дарёфти ҳар гуна маълумот дар бораи макони будубоши раҳбари ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24» Сӯҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия Насимҷон Шарипов баргузор шуданд.

Пикеткунандагон ба сафорат нотаи эътирозӣ супурда, хостанд, ки барои пайдо кардани Роҳбари ҳаракат ва муовинаш дар ин минтақа, ки тули чанд рӯзи охир бедарак шудаанд, кӯмак кунанд.

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар суханрониҳои худ пайваста аз ҳимояи ҳуқуқи мазлумон сӯҳбат мекунад ва худро ҳомии онҳо медонад ва мо, фаолони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳ-24” ба ӯ нома ирсол кардем, то ба кӯмак кунад. Мо мехоҳем Оғои Эрдуғон ба мақомотҳои дахлдор вазифадор кунад, то ҳуқуқҳои аъзои ин Ҳаракат дар Кишвари Туркия ҳифз шаванд, – гуфт созмондиҳандаи пикет Муҳаммадҷон Абдулоев.

Аз бедарак шудани Насимҷон Шарипов, намояндаи ин ҳаракат дар Туркия ва 10 рӯзи номуайян дар бораи сарнавишти раҳбари ин ҳаракат, Сӯҳроб Зафар, тақрибан як моҳ сипарӣ шуд. Аммо то ҳол мақомоти Туркия ба ҳеҷ ваҷҳ вокуниш нишон надодаанд. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз Туркия хостааст, ки дар пайдо кардани ин ду раҳбари ҳаракат кӯмак кунад.

Мо бо баргузории ин пикет таваққуф намекунем, мо ҳама корро мекунем, то аз мақомоти Туркия дар бораи сарнавишти аъзои ғайбзадаи ин ҳаракат посухе дошта бошем. 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза