11.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Идатон муборак, мусалмонони гиромӣ!

Тӯли як моҳ меҳмони гиромие ва моҳи пурбаракате ба хонадони мо ташриф оварда буд ва инак бо мо вадоъ карду рафт. Моҳи мубораки рамазон бо ин ҳама бузургӣ, дараҷот ва ҷойгоҳи ба худ хос, дар хидмати мо буд ва ҳар кӣ моҳро дарёфту рӯза дошт ва ба корҳои некӯ ва шоиста пардохт, комёбу растагор гардид. Мусалмонони азизи кишвари мо низ , дар радифи дигар мусалмонони дунё ба моҳи мубораки Рамазон аҷр мегузоранд ва ба ҳавои тафсону сӯзони тобистон ва машаққати кор ва машғулиятҳои саҳроӣ нигоҳ накарда, моҳро рӯза доштанд. Азизони бегуноҳе ҳам, бо садҳо бӯҳтон пушти панҷараҳои зиндон ва зери шиканҷа рӯза доштанд ва қисме аз он дар ин моҳи рамазон дар ҳоли рӯза мазлумвор дар зиндонҳо ба шаҳодат расонида шуданд ва хонаводаҳояшон мусибатзада шуданд. Худованд рӯзаву парастишҳои ҳамагии мову шуморо ба даргоҳи бениёзаш пазируфта бошад ва дар баробараш гуноҳони бешумори моро бубахшад ва барои ҳамагии мо подоши рӯза ва соири ибодотро рӯзӣ гардонад.

Роҳбарият ва аъзои “Гурӯҳи 24” мардуми мусалмони кишвар ва тамоми мусалмонони дунёро ба муносибати иди саиди фитр табрику таҳниат гуфта, ба шумо азизон, иди пурфайзу пур аз шодиро таманно дорем. Идатон муборак бошад, мусалмонони азиз!

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза