13.1 C
Dushanbe
04.05.2024

Дидори сухангӯи ” Гурӯҳи 24″ – Саидалӣ Ашӯров бо раиси шаҳри Варшави Лаҳистон

Дар торихи 19 – уми феврали соли ҷорӣ, сухангӯи “Гурӯҳи 24”- Саидалӣ Ашӯров бо раиси пойтахти ҷумҳурии Лаҳистон, хонум Ҳонно Гранкивич Волтз дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ин нишаст, ҷамъе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Лаҳистон ва намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ, бо шумули роҳбари шаҳр – хонум Волтз, ҳузур доштанд. Роҳбари шаҳр бо ширкаткунандагон перомуни масоили муҳоҷират, авомил ва сабабҳои ҳиҷрати муҳоҷирон ба Лаҳистон, муҳоҷирони муқими шаҳр, ҳамгирои (Integration) – муҳоҷирон ва мавзӯъҳои мухталиф сӯҳбатҳо кард. Саидалӣ Ашӯров аз вазъи асафбори Тоҷикистон ва бархӯрди ғайриинсонии ҳукумати диктотурии Тоҷикистон бо мухолифинаш гузориш дод ва омилҳои ба Лаҳистон паноҳ бурдани шаҳрвандони Тоҷикистон, ба хусус худи эшонро тавзеҳ дод. Хонум Ҳонно аз тавсеъаи барномаҳои дастгирии шаҳрдорӣ ва сокинони шаҳр ба муҳоҷирон дарак дод.

(Аксҳо)

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза