10.1 C
Dushanbe
29.04.2024

Дастгиркуниҳо ва инсонрабоиҳо

19-уми декабри соли 2014-ум, тақрибан соати 8:30 дақиқаи субҳ, кормандони шӯъбаи амнияти Туркия бо шумори 7 нафар, ба хонаи Умаралӣ Қувватов, ки он замон бо оилааш онҷо зиндагӣ мекард, омада Қувватовро дастгир ва ҷои зисташро кофтукоб намуданд. Ҳуҷҷат ва санадҳои алоқаманд ба фаъолияти сиёсии раҳбари “Гурӯҳи 24”, бе рӯйхат мусодира карда шуданд. Дар он рӯз аз ҷониби Шӯъбаи Амнияти Ҷумҳурии Туркия, ҳамсафони наздики Қувватов Сӯҳроб Зафар, Ҳусейн Ашуров ва Абдурашид Ҳомидов, ки он рӯз ҳамроҳ бо Қувватов буданд, дастгир шуданд. Дертар шарҳ доданд, ки сабаби дастгиршавии Қувватов ва ҳамсафонаш, як занги телефонӣ аз Тоҷикистон будааст. Муомилаи кормандони органҳои Туркия хуб буд, ва онҳо мефаҳмиданд, ки ин дастгиршавӣ як амали сиёсист.

Ҷамъияти “Ҳуқуқи Башар дар Осиёи Марказӣ” ин амалро шадидан маҳкум намуда, аз ҳукумати Туркия дархост кард, то дастгиршудагон бо адвокатҳо таъмин карда шуда, инчунин намояндаи СММ барои тартиби баёнот аз муҳофизати байналмиллалӣ ба наздашон роҳ дода шавад. Ин ташкилоти ҳимоякунанда аз ҳуқуқи башар, аз дастгир шудани чеҳраҳои зикршуда ба Вазорати Корҳои Хориҷаи Туркия, намояндагии СММ дар Туркия, ба дафтари асосии СММ дар Женева, ба ташкилотҳои байналмилалии ҳимоякунанда аз ҳуқуқи башар аз қабили “Human Rights Watch”, “Amnesty International” ва дигар ташкилотҳо нома равон кард. Пас аз ҳодисаҳои рух дода дар Туркия, 20-уми январи соли 2015-ум аз шаҳри Маскав раҳбари ҳаракати мардумӣ-сиёсии “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, ҳамсафи наздики Умаралӣ Қувватов, Мақсуд Иброҳимов дӯздида шуд. Гурӯҳи иборат аз 5 нафар, ки як нафараш либоси полис ва боқимондааш либоси гражданӣ дар тан доштанд, ба ҷои зисти Иброҳимов даромада, худро кормандони Хадамоти Муҳоҷирати Меҳнатӣ муаррифӣ менамоянд ва ба мухолифати муҳофиз аҳамияте надода, Мақсудро ба тарафи номаълум мебаранд. Пас аз лаҳзае ба наздикони Иброҳимов занги телефонӣ шуда, ба онҳо мегӯянд, ки ӯро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Адвокати Мақсуд Иброҳимов ба рӯзноманигорон хабар дод, ки ин дуздӣ дар чорчӯби амалиёти махсуси Шӯъбаи Бехатарии Федералии Руссия ва ё КДАМ-и Тоҷикистон ба амал омадааст.

ми

20-уми январи соли 2015-ум, маълум гардид, ки Мақсуд Иброҳимов аз шаҳрвандии Руссия маҳрум шуда, ба Тоҷикистон истирдод карда шудааст. Ӯ зиёда аз 10 сол дар Руссия зиндагӣ карда, айни гирифтани шаҳрвандии Русия аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонуни муайян намудаи Федератсияи Руссия даст мекашад, агарчӣ миёни ин ду кишвар созишномаи душаҳрвандӣ вуҷуд дорад.

22-юми январи соли 2015-ум, аз телефони Иброҳимов ба наздиконаш аз ВКД-и шаҳри Маскав занги телефонӣ мешавад ва талаб мекунанд, то чизу чорааш ҷамъ карда шавад. Бародари Мақсуд ҳамон рӯз рафта, шаҳодатнома, пул ва калиди мошинашро мегирад. Ӯро ҳамонҷо хабар медиҳанд, ки Иброҳимовро аз ВКД озод кардаанд. Аз ин ҳодиса наздикони Иброҳимов огоҳ шуда, ариза аз дуздӣ шуданаш месупоранд, вале ариза ба таври нимарасмӣ қабул гардида, наздикони Мақсудро мегӯянд, ки ӯ ё озод шудааст ва ё ба тарафи Тоҷикистон бо дархости онҳо супурда шудааст. Ба эътирози наздикони Иброҳимов, ки мегуфтанд аз сабаби шаҳрванди Федератсияи Руссия будан интиқолаш ғайриимкон аст, пулис хабар дод, ки Хадамоти Муҳоҷирати Меҳнатии Руссия як сол қабл шаҳрвандии Мақсудро бо сабаби беасос доданаш, лағв кардааст.

27-уми январи соли 2015-ум, наздикони Мақсуд ба идораи корҳои ҷиноии суди Преображенӣ муроҷиат намуда, дархост карданд, то қонунӣ будани ҳабс ва интиқоли ӯро муайян кунанд. Аммо онҳоро онҷо мегӯянд, ки додгоҳ чунин амалеро тафтишот набурдааст. Танҳо баъд аз муроҷиати онҳо ба Прокуратураи Преображенӣ, ҳабс ва истирдоди Мақсудро тасдиқ карданд.

28-уми январи соли 2014-ум, адвокати Комитети Ҳамкории Шаҳрвандӣ И. Василев ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, аз бакорбарии қонуни 39 низомномаи додгоҳ, бо мақсади манъ кардани истирдоди ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, муроҷиатнома навишт. Дар муроҷиатнома ӯ боварии азобу шиканҷаи Мақсуд Иброҳимовро дар Тоҷикистон қайд намуд.

30-юми январи соли 2015-ум, Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки Мақсуд Иброҳимов дар СИЗО-и шаҳри Душанбе қарор дорад.

3-юми феврали соли 2015-ум, пас аз талаби ташкилотҳои байналмилалӣ дар тафтишоти Умаралӣ Қувватов ва ҳамсафонаш, суд қарори озодии онҳоро баровард. Тарафи Тоҷикистон натавонист истирдоди онҳоро ба даст оварад.

Аз ин навиштаҳо метавон хулоса баровард, ки ҳама силсилаи ҳодисаҳои рухдода бо роҳбарони ҳаракатҳои оппозитсионӣ кори дасти режими Раҳмонов ва органҳои дахлдораш мебошад. Баъд аз Созишномаи Махфӣ бо Русия, тарафи Тоҷикистон бодиққат нақшаи амалиёташонро кашида, ба силсилаи натиҷаҳои дилхоҳашон мерафтанд. Дар амалиёти Мақсуд Иброҳимов онҳо албатта бо ёрии ҳамкорони русашон, ба натиҷаи дилхоҳ расида, боз бори дигар чеҳраи ҳақиқии режими диктотурии худро нишон доданд. Ҳамин тавр Руссия низ нишон дод, ки чи миқдор шаҳрвандонашро қадр мекунад ва аз Русия нисбати шаҳрвандонаш чӣ метавон интизор шуд. Тибқи қонун ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз миллаташон назди давлат баробаранд, ё бо шаҳрвандони миллаташон тоҷик чунин рафтор кардан мумкин аст? Чи тавре ҳам набошад, Мақсуд Иброҳимов қурбони забон як кардани ин сиёсатҳо шуд ва ин дақиқ аст. Инсони чандин солҳо боз шаҳрванди Руссия буда ва аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашида, яку якбора хабардор мешавад, ки шаҳодатномаи Русияш як сол қабл лағв шудааст ва ӯ 1 сол дар Русия бо шаҳодатномаи лағвшуда зиндагӣ мекардааст. Албатта, бар ин бовар кардан мушкил аст. Дар ҳоли ҳозир номаълум аст, ки Раҳмонов бар ивази ин кор чи ваъда додааст, вале “Гурӯҳи 24” миннатдории худро ба Руссия мерасонад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон чандин солҳо боз дар Руссия кор ва фаъолият намуда, оилаҳои худро ба зиндагӣ таъмин мекунанд. Гурӯҳи 24 боз ният дорад, ки дар оянда ҳамкориро бо Руссия давом дода, Русияро бовар кунонад, ки рафтани Раҳмонов ба манфиати ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия аст.

(навор ва аксҳо)

kuvvatov st kuvvatov st2 kuvvatov stambul

Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза