15.1 C
Dushanbe
03.05.2024

“Гурӯҳи 24 “ дар Варшава


“Гурӯҳи 24” дар Варшава.

Намояндагони “Гурӯҳи 24” вориди Варшава шуданд ва қарор аст дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо оид ба андозагирии ҳуқуқи инсон, ки аз дуюм то сенздаҳуми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон баргузор мегардад, ширкат кунанд! 

Дар ин нишаст аз “Гурӯҳи 24” 15 нафар бо роҳбарии намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Олмон – Рустам Раҳматзода ширкат хоҳанд кард. Нишасти САҲА имрӯз , дуюми октябр аз соати 11 бо вақти маҳаллӣ оғоз мегардад ва дар рӯзи якуми нишаст намояндагони мо ; Роҳбари дастгоҳи иҷроияи гурӯҳ – Дилшод Шарифов, намояндаи гурӯҳ дар кишварҳои Аврупо – Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор, ва аъзои фаоли “Гурӯҳи 24” Холназар Лоиқов, Ислом Ашӯров, Анвар Амонов ва Сайфуллоҳ Ашӯров вориди толори САҲА хоҳанд шуд!  

Нишастҳои САҲА сар аз соли 1993 ҳамасола дар кишварҳои гуногуни Аврупо баргузор мегарданд ва дар он дар мавзӯъҳои мухталиф оид ба ҳуқуқи инсон баррасӣ мешаванд! Дар ин нишаст намояндагони кишварҳои узви ин созмон, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мустақил ширкат мекунанд. Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон низ ҳамасола ба ин нишаст ҳузур меоранд ва ба ҷои ҳимоя аз ҳуқуқи мардуми Тоҷикистон, танҳо аз Раҳмонов ҳимоя мекунанд! 

Хабарҳо такмил мешаванд, моро пайгирӣ кунед!

 Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза