9.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Ба муносибати 50- солагии асосгузори “Гурӯҳи 24”- Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов – роҳбари шаҳид ва фақиди “Гурӯҳи 24” агар умр вафояш мекард, имсол ба синни 50 солагӣ қадам мегузошт. Ба ин муносибат мо зарур медонем, ки бо руҷуъе ба зиндагинома ва торихи муборизаҳои ӯ ёди бародари шаҳиди худро гиромӣ дорем.

Умаралӣ Қувватов 21-уми ноябри соли 1968 дар хиёбони Нагорнии шаҳри Душанбе дар хонаводаи иштирокчии ҶБВ – Қувватов Иззат ба дунё омадааст. Ӯ дар синни 5 солагӣ аз падар маҳрум мемонад ва лаззати тифлӣ ва нозу гудоз дар бағал ва канори падар бо ҳамин барои Умаралии 5 сола ба охир мерасад. Модараш маҷбур мешавад, ки ӯро ба мактаб-интернати шаҳрӣ супорад. Ӯ таҳсилоти умумии миёнаро дар интернати рақами якуми шаҳри Душанбе фаро мегирад.

Умаралӣ Қувватов аз даврони баччагӣ ба меҳнат ва дарёфти сармоя шавқу рағбати зиёде дошт. Ӯ баъди хатми мактаб-интернат аз соли 1985 то соли 1987 дар корхонаи Тоҷиктекстилмаш ба ҳайси коргар ба кор шурӯъ кард.

Умаралалӣ Қувватов соли 1987 ба хидмати ҳарбӣ фаро хонда шуд ва ӯ то соли 1989 дар яке аз шаҳрҳои Русия хидмати ҳарбиро анҷом дод. Қувватов пас аз хидмати ҳарбӣ чанде ба ҳайси милиса кор кард, вале ӯ ин касбро барои худ муносиб надонист ва ин буд, ки рӯй ба тиҷорат овард ва аввалин ширкати худ – ширкати сохтумонии “Фортуна”-ро таъсис дод. Баъдан ӯ ба ҳайси директори ширкати “ИнтерАзия” фаолият кард ва солҳои 2000-2003 ширкати масолеҳи сохтумонии “Арал”-ро таъсис дод ва ба ҳайси роҳбари он кор кард.

Умаралӣ Қувватов машҳуртарин ва муваффақтарин ширкати тиҷории худ – “Тоҷирон”-ро соли 2003-юм бунёд кард ва дар зери ин ширкат боз тиҷороти зиёдеро ба роҳ андохт. Аз қабили: Корхонаи металургии тоҷикию хитоӣ, Ташхисгоҳи нақлиётӣ, ширкати нақлии “Голд Тур Транс”, Корхонаи хиштбарорӣ, ширкати Фароз, Маркази тиббии “Меҳри Сино” ва боз даҳҳои дигар. Ӯ яке аз тоҷирони муваффақ ва аз миллионерҳои Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Дар ин миён яке аз шогирдон ва дастпарварони ӯ – Шамсулло Соҳибов бо яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмонов- Рӯхшона издивоҷ мекунад, ки оқибат ин мори заҳрдор ба Қувватов заҳри худро мечаконад. Оқибат гургзода гург шавад, Гарчӣ бо одамӣ бузург шавад.

Умаралӣ Қувватов то соли 2012 дар ин ширкат кору фаъолият мекунад ва аз сирру асрори хонаводагии Раҳмонов ва ончӣ пушти парда дар Тоҷикистон мегузарад, огаҳӣ пайдо мекунад. Раҳмонов ва духтарону домодони чашмгуруснаи аждаҳоршаклаш мисли дигар тоҷирон ба молу амволи Умаралӣ Қувватов чашми тамаъ медӯзанд ва тиҷороти ӯро бо зулм аз худ мекунанд. Ин раванд боис мешавад, ки Қувватов тарки кишвар карда, бар зидди ин хонавода мубориза барад, то ки фазои занҷирпечи иқтисодӣ ва сиёсии кишварро шиканад.

Тобистони 2012-ум ӯ бо хонаводаи худ ба азми Руссия тарки Тоҷикистон мекунад ва июли ҳамон сол ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”-ро таъсис медиҳад.

Қувватов дар замоне, ки номи Раҳмоновро мардум аз тарс бо бисмиллоҳ ба забон меовард, ошкоро ва бидуни тарсу ҳарос алайҳи Раҳмонов муборизаи худро оғоз бахшид ва Раҳмоновро шайтони асил ва бузург дар Тоҷикистон номид. Ӯ ягона шахсест, ки қолаби шахшударо шикаст ва як тарҳу роҳи ҷадиди муборизаро шурӯъ кард. Ин буд, ки дар кӯтоҳтарин муддат маҳбуби дилҳо гашт ва ҷавонони зиёдеро гирди худ ҷамъ овард. Аз ин рӯ, Раҳмонов аз интерпол хост, то Қувватовро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод намояд.

Ҳамин тавр Умаралӣ Қувватов декабри соли 2012 ҳангоми яке аз сафарҳои худ ба Имороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай боздошт шуд ва муддати 9 моҳ дар боздоштгоҳ қарор гирифт. Раҳмонов тамоми саъйи худро ба кор бурд, то ӯро ба ватан баргардонад, вале муваффақ нашуд. Мақомот ва додгоҳи шаҳри Дубай баъд аз таҳқиқи парвандаи ӯ ба натиҷаи бегуноҳии у расиданд ва ӯро озод карданд. Қувватов баъд аз боздошт аз тариқи Қирғизистону Қазоқистон ба хоки Туркия ворид шуд ва муборизаи худро идома дод.

Умаралӣ Қувватов ҳаракати наверо бо номи “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” таъсис дод ва яке аз пайравони худ – Мақсуд Иброҳимовро ба роҳбарии он таъйин кард. “Гурӯҳи 24” ва ҳаракти “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар бештари шаҳрҳои Русия аз ҷумлаи: Маскав, Петербург, Самара, Екатеринбург тазоҳуроти густурдаеро ба роҳ андохт, ки ҳар рӯз сафи муътаризин меафзуд ва ин гурӯҳ қаввию машҳуртар мешуд. Кор то ҷое расид, ки сутунҳои ҳукумати диктотурии Раҳмонов ба ларза даромад ва Раҳмоновро тарс фаро гирифт. Тарафдорони ӯ рӯз аз рӯз меафзуданд ва ин хоби Раҳмоновро аз сараш паронда буд ва ӯро беқарор мекард.

Ӯ ба хотири ошкор кардани вазъияти дохилӣ дар рӯзи 10-уми октябри соли 2014 тазоҳуротеро дар Душанбе эълон кард. Ҳарчанд ки ин тазоҳурот баргузор нагардид, вале ин сабаб шуд, ки “Гурӯҳи 24” дар торихи 9-уми октябри ҳамон сол аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъ эълон гардад ва аксари пайравони он дар Русия ва дигар кишварҳо зери таъқиб қарор гирифтанд.

Худи Умаралӣ Қувватов бо дархости Раҳмонов барои бори дуюм аз ҷониби мақомоти Туркия дар торихи 19-уми декабри соли 2014 ҳамроҳи се шарики худ боздошт шуд. Ҳукумати Раҳмонов бо ҳар роҳ ва ҳар қиммате мехост Қувватов ва шариконашро ба ватан баргардонад, вале хушбахтона ин бор ҳам тири Раҳмонов ба хок хурд. Додгоҳи Туркия дар торихи 3-юми феврали соли 2015 тамоми иттиҳомоти ҷониби Раҳмоновро беасос хонда, Қувватов ва шариконашро бегуноҳ эълон карду озод намуд.

Чун Раҳмонов шикаст ва нотавонии худро дар баробари Қувватов ва гурӯҳи ӯ эҳсос карда буд, аз ин рӯ ягона роҳи наҷот аз ӯро дар куштан ва нобуд кардани ӯ медид. Қувватов борҳо таҳдид ба куштан шуда буд, вале ӯ ҳамчун як мубориз ва муҷоҳиди воқеӣ аз марг намеҳаросид, балки марг дар роҳи муборизаро барои худ саодат медонист. Зархаридони Раҳмонов дар камин нишаста буданд ва ҳар рӯз роҳи куштани Умаралӣ Қувватовро тарҳрезӣ мекарданд.

Билохира, шаби 5-уми марти соли 2015 яке аз мунофиқон ва хоинон бо номи Сулаймон Қайюмов, ки куштори Қувватовро бо фармони Раҳмонов тарҳрезӣ карда буд, Умаралӣ Қувватовро бо зану фарзандон ва ёваронаш – Сӯҳроб Зафар ва Ҳусейн Ашӯров дар шаҳри Истанбули Туркия ба меҳмонӣ даъват карда, ибтидо онҳоро масмум мекунад ва вақте ки Қувватов аз ин макр ва тарҳи ӯ огоҳ мешавад, бо зану писари ноболиғаш ба хиёбон мебарояд, вале қотилони мусаллаҳ ӯро дунбол мекарданд ва бо тамоми бераҳмӣ ва ваҳшоният Қувватовро дар пеши чашмони зану фарзанди хурдсолаш бо воситаи силоҳ аз пушт ба шаҳодат мерасонанд.

Сулаймон Қаюмов дастгир ва ба ҳукми абад маҳкум шуд, вале қотилони Қувватов дастгир нашуданд, ва ҳанӯз ин қазия нокушода боқӣ мондааст. Ҷасади ӯ дар Туркия ба хок супурда шуд.

Раҳмонов пиндошт, ки бо нобуд кардани Умаралӣ Қувватов мавҷи эътирозу мухолифатҳоро аз байн мебарад, вале гумон намекард, ки мактаби Қувватов боз садҳо ва ҳазорҳо муборизи дигар омода хоҳад кард. Ҳоло роҳбарии “Гурӯҳи 24”-ро яке аз муборизони ҳамфикру ҳамроҳи ӯ- Сӯҳроб Зафар бар дӯш дорад ва роҳи ӯ идома дорад. Андешаи Қувватов, ки инқилоб ва тағйири комили режим буд ва ӯ танҳо ояндаи Тоҷикистонро дар нобудии режими Раҳмонов медид, ҳанӯз яке аз аҳдофи асосии “Гурӯҳи 24” ба шумор меравад.

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза