20.1 C
Dushanbe
01.05.2024

Ба муносабати шаҳодати Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов

Дар торихи 5-уми марти соли равон, дар шаҳри Кюлни Олмон, “Гурӯҳи 24” нишасте ба муносабати сеюмин солгарди шаҳодати асосгузор ва роҳбари фақиди гурӯҳ- Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов доир кард. Дар ин нишаст, намояндагон ва фаъолони “Гурӯҳи 24” аз кишварҳои урупоӣ ширкат ва суханронӣ карданд. Роҳбари “Гурӯҳи 24” , Сӯҳроб Зафар бошад, тариқи мубошир ( онлайн ) ҳузур ва суханронӣ кард. Расо се сол пеш дар ҳамин рӯз – 5-уми марти соли 2015-ум асосгузори “Гурӯҳи 24” – Умаралӣ Қувватов дар шаҳри Истонбули Туркия аз ҷониби ҷосуси ҳукумати Раҳмонов – Сулаймон Қаюмов ва шарикони қотили ӯ ба шаҳодат расонда шуд. Раҳмонов ба хотири рупӯш кардани ҷиноёт ва тарс додани мухолифини худ даст ба қатли Қувватов зад ва пиндошт, бо куштани Умаралӣ Қувватов метавонад садди ин роҳ бошад. Вале бехабар аз ин ки мактаби Умаралӣ Қувватов таъсис шуда ва идома хоҳад ёфт. Наворҳо аз ин нишаст ба зудӣ нашр хоҳад шуд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза