27.1 C
Dushanbe
07.05.2024

Агар умр вафо мекард, имрӯз шаҳид ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов ба синни 53 қадам мегузошт.

Ёдам ҳаст, вақте ки аввалин бор соли 2014 дар радиои зелло ба номи “Тоҷикистони нав” канал боз шуд, ман шояд аз нафарҳои аввал будам, ки шомили он шудам. Дар он радио зиёда аз 15 рӯз суҳбатҳо ва баҳсҳо кардем ва ба хулосаи расидем, ки чанд сиёсатмадорро даъват карда, бо онҳо дар мавриди ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон сӯҳбат кунем. Ва аввалин касе, ки ба даъвати мо розӣ шуд, шаҳид ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов буд. Суҳбати аввали мо бо эшон хеле ҷолиб буд, мо ҷавонон дар симои ӯ як марди воқеъӣ ва ватандӯстро мушоҳида кардем ва дар ин суҳбат барои аксари мардум ҳатто вақти суол додан нарасид. Ва ин боис гашт, ки аз эшон талаб кунем, то дубора барои иштирок дар суҳбат бо мо вақт ҷудо кунад. Ӯ дархости моро пазируфт ва дар як ҳафта ду рӯз ба мо вақт ҷудо мекард ва ин сабаб шуд, ки дар ин канал сафи мардум ҳар рӯз афзоиш меёфт ва мубориза қавитар мешуд. Ин буд, ки ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов дар як мудати кӯтоҳ маҳбуби дилҳо гашт ва номаш вирди забони мардум шуд…

Мешавад гуфт, ки ӯ аввалин сиёсатмадори тоҷик буд, ки бо мардум кор карданро шурӯъ кард ва қолаби муборизаи сиёсӣ бурданро шикаст. Чунин тарзи кор ва муносибат бо мардум дар роҳи мубориза дар 20 соли охир дар шеваи ягон сиёсатмадори тоҷикистонӣ дида намешуд ва мардум, ки ташнаи чунин шева буд, онро хуш пазируфт. Ин буд, ки Раҳмонов дар симои ӯ нисбат ба худ як хатари ҷиддиро дида, аз пайи таъқибу дастгир кардани Умаралӣ Қувватов ва шогирдонаш шуд.

Умаралӣ Қувватов ва чанд шогирдаш дар охири соли 2014 бо дархости Ҳукумати хунхори Раҳмонов боздошт гардида зиндон шуданд ва бо талошу дастгирии халқи Тоҷикистон ҳамон сол озод шуда, боз муборизаро идома доданд. Умаралӣ Қувватовро соли 2015 боз ба дархости Ҳукумати дикатурии Раҳмонов дар Туркия дастгир карда, зиндон намуданд ва пас аз як мудати кӯтоҳ, пас аз тазоҳуроти мардум дар назди сафоратҳои Туркия дар Русия мақомоти Туркия ӯро озод карда, ба Тоҷикистон истирдод накарданд. Пас аз дубора озод гардидани ӯ Ҳукумати мустабиди Раҳмонов ба ҷуз аз ҷисман нобуд кардани ӯ чораи дигареро надид ва аз пайи амалӣ намудани ин нақшаи шум шуд. Ин буд, ки моҳи марти соли 2015 Сулаймон Қаюмов, яке аз зархаридони хоин бо дастури Раҳмонов Умаралӣ Қувватовро дар Туркия меҳмон карда, ба ӯ заҳр дод ва сипас дар назди ду тифли хурдсолаш аз тапонча ба шаҳодат расонд.

Умаралӣ Қувватов ҳамеша мегуфт, ки то охирин қатраи хунаш бар зидди режими хунхори Эмомалӣ Раҳмонов мубориза мебарад ва ҳеҷ гоҳ аз ин роҳ даст намекашад ва воқеан ҳам то охирин нафас дар роҳи худ устувор монд. Ман метавонам бигӯям, ки ҳақиқатгӯӣ, ростқавлӣ ва шуҷоти ӯ буд, ки имрӯз аксари ҷавонон Умаралӣ Қувватовро улгуи худ қарор дода, ба хотири ҳадафе, ки ӯ пешаш гузошта буд, роҳи муборизаи ӯро давом медиҳанд.

Умаралӣ Қувватов агарчи имрӯз дар байни мо мардуми Тоҷикистон нест, аммо маромаш зинда аст ва пайравонаш роҳи ӯро идома медиҳанд. Пайравон ва шогирдони мактаби ин шаҳиди роҳи ҳақ имрӯз талош мекунанд, то ҳадафи гузоштаи ӯро амалӣ карда, рӯҳашро шод гардонанд.

Агар умр вафо мекард ва Раҳмонови хунхор ӯро намекушт, Умаралӣ Қувватов имрӯз ба синни 53 қадам мегузошт. Худованд ёдашро гиромӣ ва хонаи охираташро обод гардонад. Омин!

Убайдулло Саидӣ, узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза