14.1 C
Dushanbe
13.04.2024

ХАБАРИ ФАВРӢ

 

Роҳбари ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24“ дар шаҳри Истанбули Туркия – Суҳроб Зафар аз рӯзи 10.03.2024 бедарак шудааст. Ӯ аз субҳи рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣ дар тамос нест ва гушӣ (Телефон)-наш низ хомӯш аст. То ҳанӯз аз Суҳроб ҳеҷ хабаре нест ва дар куҷо қарор доштанаш ҳам номаълум аст. Роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар Туркия солҳои охир ҳамвора навиштаҳои таҳдидомезе дарёфт мекард, ки ба зудӣ кушта ва ё ба Тоҷикистон рабуда хоҳанд шуд!
Суҳроб Зафар октиябри соли 2014 ба Туркия сафар карда буд ва то имрӯз дар ҳудуди Туркия қонунӣ ва бидуни вайрон кардани кудом қонуни ин кишвар ба сар мебурд. Ӯ дар соли 2014 бо дархости мақомоти Тоҷикистон бо собиқ роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” марҳум Умаралӣ Қувватов, ҷонишини ҳаракат Ҳусейн Ашуров ва Абдурашид ҳомидов дастгир ва зиндонӣ шуда буданд, вале баъди шаш моҳ, додгоҳи шаҳри Истанбул онҳоро сафед ва озод кард. Баъдан, чанд маротибаи дигар аз тарафи пулиси шаҳри Истанбул боздошт ва раҳо шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон барои бозпас бурдани намояндагони “Гурӯҳи-24” дар Туркия ба таври расмӣ муваффақ нашуда буданд. Эҳтимол меравад, ки Суҳробро рабуда бошанд!
Талоши мо барои пайдо кардани Суҳроб то ҳол бенатиҷа буд. Ва мо умедворем, ки ӯро ҳарчӣ зудтар сиҳату солим пайдо мекунем. Ва дар сурати пайдо накардани роҳбари ҳаракат чораҳои зарурии дигарро низ меандешем.

Ёдовар мешавем, ки Намояндаи “Гурӯҳи-24” дар Туркия – Насимҷон Шарипов дар шаҳри Истонбул дар таърих, 23.02.2024 бедарак гашта буд ва то ҳол дар куҷо қарор доштанаш маълум нест.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз тамоми ҳамватанон чӣ дар хориҷ ва чӣ аз дохил хоҳиш мекунад, ки дар робита ба пайдо кардани Суҳроб бо мо ҳамкорӣ кунанд ва камтарин иттилоъ дар бораи ӯ агар касе дошта бошад, ба мо расонад!
Барои кумакҳо ва ҳамкориҳоятон пешопеш сипозгузорӣ мекунем!
Ва аз тарафи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар сурати пайдо шудани камтарин маълумот, онро ба шумо мерасонем!

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза