12.1 C
Dushanbe
06.11.2024

Фаврӣ! Суҳроб Зафар гуруснанишинӣ эълон кард

Сӯҳроб Зафар – роҳбари “Гурӯҳи 24” сар аз субҳи имрӯз (05.09.2018) даст ба гуруснанишинӣ зад.
Ин тасмим, ҳамчун нишони эътироз барои сарнавишти норушан ва тӯл кашидани беш аз ҳадд дар қазияи ӯ, сурат гирифт.
Сӯҳроб Зафар эълон кард, то замоне, ки парвандаи ӯ анҷом наёбад ва аз боздоштгоҳ озод нашавад, даст аз гуруснанишинӣ нахоҳад бардошт.
Иттилооти ин иқдом алакай ба масъулини боздошгоҳ, инчунин ба адвакати ӯ ва вазорати адлияи Туркия расонда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Сӯҳроб Зафар бо дархости мақомоти Тоҷикистон рӯзи 19-уми марти соли ҷорӣ бо ҳамроҳии Насимҷон Шарифов аз ҷониби мақомоти Туркия боздошт шуда буданд ва чанде баъд Насимҷон Шарифов озод гардид. Аммо инак бо гузашти 6 моҳ тақрибан, сарнавишти Сӯҳроб Зафар номаълум боқӣ мемонад.
Додгоҳи Туркия ҳарчанд, ки истирдоди Сӯҳроб Зафарро муваққатан ба Тоҷикистон мавқуф гузошта аст, вале ҳанӯз тақдири ӯ норӯшан аст ва ҳаёташ дар хатар мебошад.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” таъкид мекунад, ки Сӯҳроб Зафар бегуноҳ буда, иттиҳомоти ҷониби ҳукумати Тоҷикистон нисбати ӯ бофта ва бе асос мебошанд ва ӯ бидуни кадом ҷурм, тӯли ин муддат нигоҳдорӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки Сӯҳроб Зафар бори аввал ҳамроҳи асосгузор ва роҳбари фақиди гурӯҳ – Умаралӣ Қувватов бо айни иттиҳомот боздошт шуда, вале Додгоҳи Туркия бегуноҳии онҳоро тасдиқ намуда, раҳояшон карда буд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” нисбати парвандаи Сӯҳроб Зафар ва сарнавишти норӯшани ӯ, инчунин аз иқдоми ахири ӯ оид ба гуруснанишинӣ, нигаронии амиқи худро баён мекунад ва бори дигар аз ҳукумати Туркия ва махсусан, аз раисҷумҳури ин кишвар – Раҷаб Таййиб Эрдоған дархост менамояд, ки бегуноҳии ӯро тасдиқ намуда, ҳарчӣ зудтар озодаш кунанд.

Бахши иттилооти ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза