15.1 C
Dushanbe
13.04.2024

HRWF: Боздошти роҳбарони “Гурӯҳи 24” дар Туркия ангезаҳои сиёсӣ дорад ва онҳо набояд истирдод шаванд

Санаи 26-уми Апрел, намояндагони “Гурӯҳи 24” бо созмони байналмиллалии “Ҳуқуқи инсон бидуни марз” (HRWF), ки дар шаҳри Брюссел ҷойгир аст, мулоқот намуданд. Дар ин нишаст, ҷаноби Вилӣ Фовтр, роҳбари ин созмон ва хонум Лиа Перекрест, муовини ӯ ҳузур доштанд. Зимни нишаст, ҷаноби Фовтр баён дошт, ки аз вазъияти Тоҷикистон хуб огоҳ аст ва афзуд: “Озодии динӣ ва мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар бумбасти асафборе қарор дорад ва на танҳо мусалмонон, балки пайравони дигар адён ҳам дучори ин фазои торик шудаанд.

Ҷаноби Вилӣ Фовтр дар мавриди боздошти роҳбарони “Гурӯҳи 24” нигаронӣ карда, гуфт: “Боздошти Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов комилан ангезаи сиёсӣ дорад ва набояд ҷониби Туркия онҳоро ба ҳукумати Тоҷикистон таслим кунад”. Ӯ илова кард: “Мо дар ин самт кӯшиш ва тавони худро ба харҷ медиҳем”. Қобили зикр мебошад, ки ҷаноби Вилӣ Фовтр дар давоми ҷанги сард яке аз вакилони мудофеи фаол дар кишварҳои коммунистӣ арзёбӣ мешуд. Ӯ дорои таҷрибаи васеъ дар озодии дин ё эътиқод дар саросари ҷаҳон буда, дар ин замина гузоришҳо ва нашрияҳои зиёд дорад. Инчунин, ӯ узви Консесси байналхалқии ҳуқуқ ва таҳқиқоти динӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати “Гурӯҳи 24” бо як сафари расмӣ аз 23 то 28-уми Апрел дар шаҳри Брюссел қарор дошта, бо чандин вакилони Порлумони Аврупо ва масъулини Иттиҳоди Аврупо ва баъзе созмонҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқотҳо анҷом доданд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза