Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24» тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати 9 сентябр — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯяд!
Ба мардуми азизи кишвар сулҳу оромӣ, сарбаландӣ, зиндагии шоиста ва ба Тоҷикистони маҳбубамон озодӣ, ободӣ ва пешрафт орзу мекунем. Бигзор рӯзе фаро расад, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар Ватани худ озодона зиндагӣ кунад ва аз ҳуқуқу озодиҳои воқеӣ бархӯрдор бошад.
Истиқлолият моли як шахс, як ҳукумат ё як хонавода нест — истиқлолият дастоварди мардуми Тоҷикистон аст!
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол эълон гардид. Дар роҳи расидан ба ин рӯзи таърихӣ фарзандони зиёди ин кишвар барои истиқлол, худшиносии миллӣ ва мардумсолорӣ ҷонфидоӣ карданд.
Дар миёни онҳо Тоҳири Абдуҷаббор ҷойгоҳи муҳим дорад. Ӯ аз пешсафони ҳаракати миллӣ – мардумсолорӣ буд ва ҳанӯз соли 1990 тарҳи истиқлолияти Тоҷикистонро ба Шӯрои Олӣ пешниҳод карда буд.
Қадриддин Аслонов дар рӯзҳои сарнавиштсози соли 1991 раиси Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи президент буд. Маҳз дар давраи роҳбарии ӯ Шӯрои Олӣ 9 сентябри соли 1991 санадҳои истиқлолиятро қабул кард.
Аммо Раҳмонов он замон дар куҷо буд?
Ҳангоми эълони истиқлолияти Тоҷикистон дар соли 1991 Раҳмонов роҳбари давлат набуд. Ӯ вакили Шӯрои Олӣ ва роҳбари хоҷагии (совхози) ба номи Ленин дар ноҳияи Данғара буд.
Раҳмонов танҳо 19 ноябри соли 1992 беш аз як сол баъд аз эълони истиқлолият раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид.
Яъне Тоҷикистон пеш аз ба қудрат расидани Раҳмонов соҳибистиқлол шуда буд.
Таърихро набояд ба хотири парастиши шахсият аз нав навишт. Номи Тоҳири Абдуҷаббор, Қадриддин Аслонов ва дигар фарзандони ин кишвар, ки барои истиқлол, озодӣ ва мардумсолорӣ талош карданд, бояд дар хотираи кишвар зинда бимонад.
Истиқлолият моли як шахс нест!
Истиқлолият моли як хонавода нест!
Истиқлолият моли мардум аст!
9 сентябр муборак, ҳамватанони азиз!
Зинда бод Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол!
Зинда бод мардум тоҷик!
Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24»

