9.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар ба саркӯб намудани озодандешон айбдор шуд

Рӯзи 4 феврал гузориши солонаи созмони маъруфи ҳуқуқи башар Freedom House дар Иёлоти Муттаҳида бо номи “Аз чашм дур, аммо на аз дастрасӣ” нашр шуд. Фаъъолони ҳуқуқи башар ба самъи ҷаҳониён расонданд, ки имрӯз дар Авруосиё танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аксар вақт аз ҷониби ҳукумати худ мавриди фишор ва саркӯб қарор мегиранд ва мақомот бо тамоми ҷаҳду талош мухолифонро ҳатто дар хориҷи кишвар таъқиб мекунад. Дар гузориши Freedom House зикр шудааст, ки “пас аз соли 2014 дар минтақаи Авруосиё аз 129 ҳолати саркӯб 38 ҳолати боздошт, ихроҷи ғайриқонунӣ, истирдод, ҳамла, рабудан ва як ҳолати куштор ба Тоҷикистон марбут ҳаст, ки парвандаҳои Ҳизбулло Шовализода, Мақсуд Иброҳимов ва Умаралӣ Кувватов аз он ҷумла мебошанд”.

Дар гузориш инчунин дар бораи давлатҳои истибдодӣ сухан меравад, ки мухолифон, ҳомиёни ҳуқуқи башар, дигарандешон ва хонаводаҳои онҳоро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷ аз кишвар озору азият медиҳанд. Ба рӯйхати чунин давлатҳо, ба ҷуз Русия, Эрон, Покистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон низ шомил аст. Ҳамин тавр, тибқи ин гузориш, дар шаш соли ахир бар асоси маълумот дар бораи қатли паноҳандагон аз Чеченистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи истидрори паноҳандагон аз Туркия ба Озарбойҷон ва Тоҷикистон низ иттилоъ ба даст омадааст. Бо дархости Туркманистон ва Тоҷикистон шаҳрвандони ин кишварҳо дар хориҷ боздошт шуданд. Дар ин гузориш парвандаи Ҳизбулло Шовализода яке аз пурсарусадотарин парвандаҳои соли 2020 зикр шудааст. Дархости паноҳандагии фаъъоли мухолиф аз ҷониби Утриш рад карда шуд ва номбурда бо дархости ҳукумат ба Тоҷикистон истидрор карда шуд ва дар он ҷо дастгир, шиканҷа ва бо ҷурми “хиёнат ба ватан” ба муддати 20 сол аз озодӣ маҳкум гардид. Сарфи назар аз он, ки Додгоҳи федеролии Утриш истидрори Ҳизбулло Шовализодаро ба Душанбе ғайриқонунӣ донист ва ҳуқуқи ӯро барои вуруд ба Утриш барқарор кард, вазъи мухолиф тағйир наёфт. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар посух ба қарори Додгоҳи Утриш гуфт, ки ин “як масъалаи сирф дохилии Тоҷикистон аст”.

Бар ин асос Эдвард Лимон, профессори Донишгоҳи A&M дар Техас, ки дар гузориши Freedom House саҳм гузоштааст, дар бораи ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд: «Бо назардошти он ки Тоҷикистон як кишвари хурд аст, он яке аз кишварҳои саркӯбгари ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳукумат шаҳрвандони худро ҳатто берун аз марзҳои худ ҳам ором намегузорад. Ҳукумати Тоҷикистон алайҳи мухолифони дохилӣ чораҳои шадид андешидааст, ки манъи “Ҳизби Наҳзати Исломӣ” ва “Гурӯҳи 24” аз он ҷумла мебошанд. Инчунин саркӯб кардани рӯзноманигорони мустақил, донишмандон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар бисёриҳоро маҷбур кард, ки кишварро тарк кунанд. Ин афрод ҳатто дар хориҷ аз кишвар ҳам аз режими Раҳмон эмин нестанд ва бо хатари таъқиб, боздошт, рабудан ва ихроҷ рӯ ба рӯ ҳастанд. Барҷастатарин далели ин гуфтаҳо сарнавишти Умаралӣ Кувватов, соҳибкор ва бунёдгузори Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аст. Вай ошкоро ҳукумат ва одамони наздик ба хонаводаи президент Раҳмонро танқид кард ва саранҷом моҳи марти соли 2015 дар яке аз кӯчаҳои Истамбули Туркия кушта шуд. “

Лимон таъкид мекунад, ки озору азияти мухолифин аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон хеле зиёд аст: “Ду сол қабл, Тоҷикистон тақрибан 2500 дастури боздошт аз тариқи Интерполро содир кард, ки ин бузургтарин сӯиистифодаи низом нисбат ба ҳар сари аҳолӣ аст.” Дар солҳои охир мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар саросари ҷаҳон шиддат гирифтааст ва давлатҳои истибдодӣ ба мисли Тоҷикистон аз ин вазъ беш аз пеш сӯиистифода намуда, мухолифинро ҳамчун террорист тасниф мекунанд. Як созмони дигари ҳуқуқи башар Human Rights Watch моҳи январи соли 2021 дар бораи таъқиби мунтақидони Ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷи кишвар маълумот нашр карда, ба қазияи таъқибу фишори Хурсанд Наҷмиддинов – як фаъъоли “Гурӯҳи 24” дар Русия, Ҷамшед Шарифов- ҷонибдори ин гурӯҳ ва ҳодисаи латукуби як фаъъоли дигари мухолифин Илҳомҷон Ёқубов дар Литва ишора кард.

Бо вуҷуди ҳама далелҳо, мақомоти расмии Тоҷикистон ҳама гуна иттиҳомотро нисбаташон рад карда, изҳор медоранд, ки кишвар «ҳеҷ касро ғайриқонунӣ муҷозот намекунад» ва дар Тоҷикистон ҳама меъёрҳои демократӣ риоя мешаванд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза