14.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Ҳамдардинома إنا لله وإنا إليه راجعون

14801178_10211247177194761_1257239822_n

Мо ҳамагӣ аз Худоем ва бозгашти мо ба сӯи Ӯст. Ба номи Худованди бениҳоят бахшанда ва бағоят меҳрабон.

Аз шунидани хабари даргузашти падари бузургвори Муҳиддин Кабирӣ – падарбузург Тилло Кабиров бениҳоят андӯҳгинем. Падарбузург Тилло Кабиров, дар асл як пирамарди боимону хоксор, меҳрабону дилсӯз ва як муборизи барҷаста буданд, ки вақтҳои охир аз ранҷу озорҳои мақомоти қудратии ҳукумати Тоҷикистон ва аз фироқи фарзандону наздикон ранҷ мебурданд, вале ба ҳамаи ин нигаҳ накарда, дар роҳи худ ва фарзандону ҳамсафони худ устувор буданд. Имрӯз, ки фарохонии Парвардигорро пазируфтанд ва роҳ ба сӯи Ӯ дар пеш гирифтаанд, ба ин муносабат барои эшон роҳи муборак, рӯшноӣ ва фарохию бӯйи хуши оромгоҳ, риҳоӣ аз ранҷҳои дӯзах, ва пайвастан ба меҳрабонии Парвардигори Меҳрабонро хосторем. Инчунин, аз Худои Доро пурсонем, ки ҷои эшонро дар яке аз боғчаҳои биҳишт муқаррар созаду ва ба ӯ ҳамнишинии Паёмбарону накӯкоронро рӯзӣ гардонад.

Ба Муҳйиддин Кабирӣ ва пайвандону наздикони эшон ҳамдардии хешро мерасонем ва номаю дуруд ва бахшоише аз Худои Рӯзирасон барояшон ирсол менамоем, ки чунин фармуда: “Онон ки чун мусибате пеш омад, нохушоянде ба эшон расад, гӯянд: мо аз они Худоем ва ба сӯи Ӯ боз мегардем. Ононанд, ки дурудҳо ва бахшоише аз Парвардигорашон бар онҳост ва эшон роҳёфтагонанд. ” (Сураи Бақара: оёти 156-157-ум). Парвардигор дар ин мусибат бароятон бардошту бурдборӣ рӯзӣ гардонад ва подоши накӯю фаровони онро ба шумо иноят фармояд. Ҳамдардии моро аз рӯи лутф бипазиред!

Раёсати “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза