20.1 C
Dushanbe
01.05.2024

Фишор ба пайвандони муборизин нишонаи заъфи режими Раҳмонов аст

Чанд рӯз пеш, мақомоти амниятии Тоҷикистон аз тариқи шабакаи Ютуб се навореро пахш намуданд. Дар ин наворҳо пайвандони аъзои “Гурӯҳи 24”, падарони Парвиз Раҳимзода ва Беҳрӯз Тағойзода ба фарзандони худ муроҷиат намуда, онҳоро насиҳат ва “ба роҳи рост” ҳидоят намуданд. Аз дидани ин наворҳо ва унвони онҳо бинанда чунин мепиндорад, ки ин падарон воқеан ҳам дилсӯзона мехоҳанд фарзандони худро барои ба роҳи рост рафтан даъват намоянд. Охир, кадом падар намехоҳад, ки фарзанди ӯ боахлоқу ботарбия бошад ва дар зиндагӣ мавқеъу мартабаеро сазовор гардад? Магар падарон намехоҳанд, ки фарзандони онҳо шуҷоъ, ҳақгӯй ва ҳақҷӯй бошанд, аз дарду ғами мардум сухан гӯянд ва ба халқу миллат хидмат намоянд? Албатта падарони Парвиз Раҳимзода ва Беҳрӯз Тағойзода воқеан мехоҳанд ҳам писарони худро дар ҳамин рӯҳия тарбият намоянд ва рисолати падариро дуруст иҷро кардаанд. Маҳз падарон: яке омӯзгору дигаре табиб барои Беҳрӯз ва Парвиз намунаи ибрат буданд, ки онҳо ин роҳи душвор, вале ростро интихоб намуда, мехоҳанд, ки мардуми мо тарсро аз худ дур андохта, сухани ҳақро гӯянд ва ба ин восита мардумро ба худогоҳиву худшиноси ва озодӣ даъват намоянд.

Вале аз дидани наворҳо ва сабки сухани падарон бармеояд, ки ин суханрониҳо зери фишори мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтаанд. Шояд ин падарони азиз дар дили худ аз роҳи интихобкардаи фарзандони ҷасурашон розӣ ва шод бошанд, вале маълум аст, ки онҳо на ба хоҳиши дил, балки аз рӯи маҷбурият даст ба ин иқдом задаанд. Дар матне, ки қаблан барои онҳо омода кардаанд, чун анъана сухан аз боби саҳми “пешвои муаззами миллат дар сулҳу оромӣ ва ободии кишвар” ва “ватани гул-гул шукуфон” меравад. Ин ибораву таъбирҳо онгуна забонзад ва беқурб шудаанд, ки имрӯзҳо садҳо бор аз тариқи радио, телевизион ва забони тарғибгарони режими худкомаи Раҳмонов ба гӯш мерасад. Вале ин оромиву ободиро онҳо магар дар се чаҳор бинои навсохт, роҳ ва гулу гулзорҳои Душанбе медида бошанд? Магар сарвати миллат танҳо замину роҳу биноҳост? Албатта не! Сарвати кишвар ин танҳо мардути Тоҷикистон аст. Пас чаро боре аз дарди мардуми муҳоҷир, маошу нафақаи ночиз сухан намегуем? Чаро аз ҷиноятҳои Ҳукумати хонаводагӣ, ғасби сарвати мардум аз ҷониби як гурӯҳи муайян, фасод, ноадолатӣ, чоплусӣ, таърифу тавсифи дурӯғин ҳарф намезанем? Чаро касе ҷуръат намекунад бигӯяд, ки кӣ замини Бадахшонро фурӯхт, конҳои тиллоро ба ихтиёри Чин вогузор намуд? Чаро касе гуфта наметавонад, ки Тоҷикистон хонаи хусӯсии Раҳмонов нест ва ба ӯ касе ҳақ надодааст, ки 28 сол курсии раҳбариро ғасб намояд ва боз писари ноуҳдабарову беақли худро маҷбуран ҷойгузини худ кунад? Тоҷикистон моли мардум аст. Ва боз садҳо чарову чароҳо.

Дуруст аст, ки аксари мардум ин ҳамаро хуб медонанд, вале аз ночорӣ муҳри хамӯшӣ бар лаб задаанд. Маҳз “Гурӯҳи 24” ва дигар муборизин имрӯз ин дарду алами мардумро бозгуӣ менамоянд ва мехоҳанд, ки мардуми Тоҷикистон дар як ҷомеаи озод, обод, соҳибихтиёр, мардумӣ ва қонунсолор зиндагӣ кунанд. Маҳз режими худкомаи Раҳмонов ва ҳокимияти хонаводагии ӯ сабабгоранд, ки имрӯз беш аз ду миллион нафар сокинони кишвар дар хориҷ овораву саргардонанд, мардум нодору камбизоатанд. Пас табиист, ки сухани ҳақ ба гӯши мақомот ва намояндагони ҳукумати Раҳмонов сахт мерасад ва онҳо дар баробари ин ҳақиқат бо ҳар роҳу усули ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ “сиёҳи худро сафед” ва “дуғи худро шир” мегӯянд ва ба пайвандону наздикони муборизони ҳақгую ҳаҷӯйро бо ҳар тариқу восита фишор меоваранд. Намунаи барҷастаи ин кирдори ғайриинсонии онҳо суханронии падари аъзои “Гурӯҳи 24” Парвиз Раҳимзода ва Беҳрӯз Тағойзода мебошад. Фишор ба сари пайвандон ва хонаводаҳои муборизин нишони заъфи режими манфур ва худкомаи Раҳмонов аст.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза