18.1 C
Dushanbe
04.05.2024

То замоне ки Э. Раҳмонов сари қудрат бошад , фасод дар Тоҷикистон шикастнопазир аст

Сарфи назар аз изҳороти баланди Э. Раҳмонов оиди мубориза бо фасод дар Тоҷикистон, ин бемории иҷтимоъӣ яке аз мушкилоти муҳими кишвар боқӣ мемонад. Мувофиқи маълумоти нашрнамудаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР), коршиносон бар ин ақидаанд, ки фасод дар тамоми ҷабҳаҳои ҷомеъаи Тоҷикистон густариш ёфтааст. Фасод ба бадшавии вазъи иқтисодӣ дар кишвар, шиддатёбии мушкилоти иҷтимоъӣ, афзоиши нобаробарии иҷтимоъӣ ва беадолатӣ алоқамандии ҷудонопазир дорад ва ғайр аз ин фасод омили поймоли ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад. Боиси нигаронӣ аст, ки фасод бештар дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон ба монанди КДАМ, ВКД, Додситонӣ ва ҳатто миёни кормандони Агентии мубориза бо фасод ривоҷ ёфтааст. Боздошти пурсарусадои кормандони баландпояи Агентии мубориза бо фасод дар соли 2017 худ далели ин гуфтаҳост.

Аммо чунин боздоштҳои мансабдорони воломақом ин фақат як барномаи намоишии мубориза бо фасод аст. Мақсади чунин барномаҳо мардуми оддиро бовар кунонидан аст, ки мақомоти салоҳиятдор бар зидди ҷинояткорони фасодкор муборизаи шадид мебаранд. Агар мақсади ҳукумати Тоҷикистон барои бартараф намудани фасод дар ҳақиқат самимӣ бошад, пас чаро аз таҷрубаи давлате ба мисли Дания, ки сатҳи фасод дар онҷо қариб ба сифр баробар аст, истифода намебаранд? Ҷавоб хеле рӯшан аст. Гап сари он аст, ки омили сатҳи пасти фасод дар Дания ин ҳузури низоми судии мустақил ва матбуоти озод мебошанд, ки аз номи андозсупорандагон ба ҳамаи ахбори ба онҳо лозима дастрас доранд, ба ғайр аз ахборе, ки мувофиқи қонун ҳифз мешаванд ва сири махфии давлатӣ доранд. Додраси мустақил, ин на ҳамон додгарест, ки аз тарафи Президент таъин шудааст, балки додгарест, ки интихоб шудааст. Дар чунин ҳолатҳо ҳар як мансабдор, пеш аз он ки ба фасодкорӣ даст занад, борҳо андеша мекунад.

Аммо дар Тоҷикистон мо акси ҳолро мушоҳида мекунем. Рӯз то рӯз режими ҳукмрон “занҷирро” қавитар метобад, аз ягон матбуоти озод ва додгоҳи мустақил дараке нест ва ҳама қудратро Э. Раҳмонов зери дасти худ гирифтааст. Ҳамаи мансабдорони тоҷик бо ҳар роҳу василае бо Президенти феълӣ алоқамандии хешутаборӣ доранд ва аз ин рӯ президент аз ҳамаи рӯйдодҳои дар кишвар ба вуқӯъ омада хабардор аст. Аз ҳамаи гуфтаҳои дар боло зикршуда чунин хулоса баровардан мумкин аст: фасодкори асосӣ дар Тоҷикистон , ин Э. Раҳмонов мебошад, ва то вақте ки ӯ сари қудрат бошад, фасод дар Тоҷикистон шикастнопазир мемонад!

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза