15.1 C
Dushanbe
03.05.2024

Талотуми эътирозҳо дар Маскав

Саркарда аз 27-уми июли соли 2014-ум, фаъолиятҳои сиёсии ҳаракатҳои оппозитсионии мардумӣ-сиёсии “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар ҳудуди Федератсияи Руссия шурӯъ шуд. Чи тавре, ки мо дар мақолаи гузашта қайд кардем, аввалин эътирози “Ҳамкории ҳаракатҳои сиёсӣ ва амалкарди онҳо” дар Хиёбони Сулҳ (Проспект Мира) – и шаҳри Маскав баргузор шуда буд. Иштирокчиёни эътироз аҳд бастанд, ки ин ҷамъомадҳоро бар зидди ҳукмрони Тоҷикистон – диктотур Раҳмонов, давом хоҳанд дод. Ҳар ҳафта, рӯзҳои ҷумъа, ташкилкунандагон ва иштирокчиёни эътироз дар хиёбони олимпии шаҳри Маскав ҷамъ омада, норизогии худро нишон медоданд. Шумораи иштироккунандагон ба суръат зиёд мешуд, чигуна ки аввалин митинги эътирозӣ бар зидди ҳукмронии Раҳмонов, на танҳо миёни ду миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Руссия, балки ба шаҳрвандони норозӣ аз ҳукумат дар Тоҷикистон низ, таъсири ҷиддӣ расонд. Хабар аз ин эътирозҳо дар расонаҳои хабарӣ ва интернет шадидан паҳн мешуд. Фаъолият ва ҳаракатҳо мутобиқи фармони роҳбари “Гурӯҳи 24” – Умаралӣ Қувватов, ки он замон дар Туркия буд ва Мақсуд Иброҳимову дигар аъзоёни гурӯҳ ба пеш бурда мешуданд ва Умаралӣ Қувватов низ, ҳамарӯза дар шабакаи радиоии “Тоҷикистони Нав” (Новый Таджикистан) дар радиои интернетии Zello, бо халқ пайванд буд. Инчунин, дар шабакаҳои оппозитсионии хориҷӣ баромад намуда, аз корҳои кардашудаи ҳаракатҳои халқӣ ва нақшаву ҳаракатҳои ояндаи ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ғайридавлатӣ хабар медод. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон ин хабарҳо саҳифаи нав дар таърихашон шуд. Халқи оддиро умед ба ояндаи равшан пайдо гардид. Дар саҳнаи сиёсӣ бар зидди Раҳмонов фарзандони баномуси Тоҷикистон, мисли Умаралӣ Қувватов, Мақсуд Иброҳимов ва дигарон қомат афрохтанд. Халқи оддӣ онҳоро бовар карда, шаҳрвандони ҷавон ба дастгирияшон шурӯъ карданд. Чорчӯби тарс, ки аз сӯи Раҳмонов ба тариқи террору ваҳшоният миллати худро дар он ҷо карда буд, акнун шикаста шуд. Шаҳрвандони оддӣ имконияти муқобилият алайҳи қонуншиканиҳо ва мубориза барои ҳаққи қонунии худро диданд. Вақти тағйирёбӣ барои миллат пӯхта расид. Албатта, хатари таъқиби онҳо аз ҷониби режими Раҳмонов вуҷуд дошт, вале ба ин нигоҳ накарда, Тоҷикистониҳо омаданд ва ба митингҳои эътирозӣ ширкат меварзиданд. Оқибати фаъолиятҳои худро дарк мекарданд ва ҳатто медонистанд, ки ба хотири онҳо хешон ва наздиконашон зери фишор қарор хоҳанд гирифт, вале боз ҳам ба эътироз баромаданд. Касоне, ки дар аввал аз режими мавҷуда дар Тоҷикистон метарсиданд ва ҳатто номи диктотур Раҳмоновро бо садои паст мегирифтанд, акнун дар митингҳои эътирозӣ озод назди камераҳо ҳукуматро танқид намуда, ҳар гуна шиорҳоро зидди режими худкома бурро талаффуз мекарданд. Ин талотуми эътирозҳо такони сахте доданд ва барои оғози мухолифат ва эътирозҳои нав ба нав дар дигар шаҳрҳои Федератсияи Русия  шуданд.

(Наворҳо ва аксҳо)

13874805_601540710015606_1013088571_n 13933140_601540740015603_1313699152_n 13933239_601540750015602_1124457381_n 13936592_601542393348771_1483800459_n 13941162_601540810015596_1248392926_n 13942276_601540686682275_1288512340_n 13942738_601540633348947_1129289356_n

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза