17.1 C
Dushanbe
03.05.2024

Табрикоти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба муносибати Рӯзи забон

   Аз қабули Қонуни забони давлатӣ 33 сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат Қонуни забон на танҳо амалӣ нашуд, балки бисёре аз нуктаҳои муҳими он, ки дурнамои рушди забони форсии тоҷикиро дар Тоҷикистон таъмин мекард, пас аз ба қудрат расидани Раҳмонов аз қонун ҳазф шуданд. Метавон гуфт, ки забони давлатӣ дар зарфи беш аз сӣ соли Истиқлол аслан рушд накард ва имрӯз вазъи ногуворе дорад. Мисоли равшани ин суханон он аст, ки имрӯз аз худи Раҳмонов сар карда, дар миёни вазирону мансабондорон нафареро пайдо карда наметавонем, ки бо забони тоза ва шево суҳбат карда тавонанд. Сатҳи забондонӣ ва умуман савод ва дониши Раҳмоновро  дар лаҳзаҳои суханронияш, замоне, ки ӯ аз коғаз ва матн берун суҳбат мекунад, муайян кардан мумкин аст. Вазирону кабирони ҳукумат низ ҳамеша аз рӯи коғаз матни қаблан омодашударо қироат мекунанд. Дар бораи сатҳи забондонии вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бошад, метавон аз забони қонунҳое, ки ба тасвиб мерасанд, хулоса баровард. Забони санадгузориҳо то ба ҳол тарҷумазаданд, зеро аз забони русӣ таҳтуллафзӣ тарҷума мешаванд.  То ба имрӯз дар қонунгузорӣ аз калимаву вожаҳои рӯсӣ истифода бурда мешаванд, дар сурате, ки гузинаҳои хуби ин калимаву истилоҳ дар забони мо фаровонанд.  Забони матбуоти давлатӣ, радиову телевизион ҳам тақрибан дар ҳамин поя қарор дорад.

    Имрӯз дар Тоҷикистон таърих таҳриф мешавад ва ҳама чиз бо номи Раҳмонов алоқаманд карда мешавад. Чанд сол пеш ҳатто Рӯзи забонро, ки мусодиф бо санаи қабули Қонуни забон – 22 июл аст, тағйир дода, онро  ба 5 ноябр, яъне рӯзи таваллуди Раҳмонов интиқол доданд. Дастандаркорони ин иқдоми чоплусона ҳатто хостанд қабули Қонуни забонро аз дастовардҳои Раҳмонов ҳисобанд. Ҳоло он ки Раҳмонов ба ин Қонун ва Рӯзи забон ягон муносибате надорад ва баръакс сӣ сол аст, ки монеи рушду нумуви забон маҳз Раҳмонов ва режими истибдодии ӯст. Вале аз қабули Қонуни забон ва санаи таърихии Рӯзи забон чандон замони зиёде нагузаштааст ва мардум таърихро хуб дар ёд доранд. Он рӯз дур нест, ки ин ҳақиқати таърихӣ низ  барқарор мешавад.

       Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” маҳз 22 июлро Рӯзи забон ҳисобида, мардуми шарифи Тоҷикистон ва тамоми форсизабононро ба ин муносибат табрику муборакбод менамояд ва барояшон саодат, тансиҳатӣ ва зиндагонии озоду обод таманно менамояд.

     Рӯзи забон муборак!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза