11.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Табрикоти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба муносибати Иди саиди Қурбон

Табрикоти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба муносибати Иди саиди Қурбон. Ҳаракати сиёси Гурӯҳи 24 ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар кул ба тамоми мусалмони ҷаҳон Иди саиди Қурбонро табрик намуда, аз боргоҳи Илоҳӣ ба эшон имони комил, файзу баракат, хушбахтӣ ва ояндаи некро таманно менамояд.


Ҳамдиёрони гиромӣ!

Мафҳуми Иди Қурбон ин танҳо як чорворо қурбонӣ кардан нест, балки маънои калимаи қурбонӣ наздикшавӣ, парҳезгорӣ ва фармонбардорӣ мебошад. Қурбонӣ кардан ба хотири наздикшавии инсон ба Аллоҳ Таъоло, ба молу амволи эҳсон кардаи Худованд, ҳайвонеро (гӯсфанд, уштур, гов) қурбонӣ кардан аст. Ҳамин тавр, ки Аллоҳ Таъоло дар сураи ҳаҷ, ояти 37 дар боби қурбонӣ мефармояд: “гушти хунини ин шутурон ба Худо намерасад. Ончи ба ӯ мерасад, парҳезгории шумост. Ҳамчунон онҳоро роми шумо сохт, то Худоро ба шукронае, ки ҳидоятатон карда аст, ба бузургӣ ёд кунед. Ва некӯкоронро хушхабар деҳ”. Ва аз ояти мазкур метавонем дарк кунем, ки маънӣ ва фалсафаи бузурги Иди Қурбон ба қадри якдигар расидан, ба ҳамдигар наздик шудан, дасти ятимону заъифонро гирифтан, худгузар будан маҳсуб гардида, ин рўз мусулмонон барои хушнудии Худованд қурбонӣ мекунанд ва тавре Расули акрам (с) фармудаанд: «Бузургтарин айём назди Парвардигор рўзи қурбонӣ аст» (аз Абдуллоҳ ибни Қурт бо ривояти Абудовуд).

Ҳамон тавре ки ҳазрати Иброҳим ба хотири ба даст овардани ризояти Илоҳӣ розӣ буд ҷигарбанди худ, яъне фарзанди худ Исмоилро қурбонӣ кунад, мо низ мусалмонон бояд аз қисмати дороии худ, ки Аллоҳ ба мо дода аст, ба камбизоатон дода, ризогии Худоро ба даст орем.

Ҳамватанони гиромӣ! Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар ин рӯзи фархӯнда аз даргоҳи Худованди Мутаъол қабули тоату ибодат, тандурустӣ ва беҳтарин хушиҳои рӯзгорро ба ҳамаи шумо орзу менамояд. Орзумандем, ки ин иди саид ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, фатҳу нусрат ва некиву саодатмандиро арзонӣ намояд. Дар ин рӯзҳои муборак дуогӯи онем, ки Худованд зулму ситамро аз сари тамоми мусалмонон дур карда, ба мардуми мусалмон осудагӣ ва зиндагии босаодатро ато кунад. Дуогӯи онем, ки Худованд ҳаҷи тамоми касоне, ки имсол ба зиёрати хонаи Худо рафтанд, бипазирад ва ба беморон шифои комил бубахшад.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза