20.1 C
Dushanbe
05.05.2024

Суханронии Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи  Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Иттиҳоди Кишварҳои Мустақил дар Конфронси солонаи САҲА

 Суханронии Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи  Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Иттиҳоди Кишварҳои Мустақил дар Конфронси солонаи САҲА.

5-уми октябр, Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи  Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Иттиҳоди Кишварҳои Мустақил дар Конфронси солонаи Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон дар мавзӯи “Волоияти қонун: пешгирӣ ва решакан кардани шиканҷа” суханронӣ кард. 

Дар оғози сухан ӯ гуфт, ки  дар ҷаҳони муосир дар кишварҳои ҳуқуқбунёд ба шиканҷа ҷойгоҳ нест. Аммо мутаассифона ин падидаро комилан аз байн бурдан имкон надорад. Тоҷикистон аслан як давлати худкома аст. Созмони ҳомии ҳуқуқи Авфи Байналмилал ва дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар тайи чанд соли ахир аз вазъи Тоҷикистон, ки шиканҷа дар он ҷо ба таври густурда доман паҳн кардааст ва “дар ин кишвар фазои фасоди густурда ва беҷазоӣ миёни маъмурони интизомӣ рушд мекунад”, бонги изтироб мезананд. Тибқи гузоришҳои ҳомиёни ҳуқуқ, дар ҷараёни боздошт ва тафтишот бештар шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба шахс истифода мешавад. Кормандони пулиси Тоҷикистон барои ба даст овардани эътирофи гуноҳҳо аз усулҳои ғайриинсонӣ истифода мекунанд. Бино бар гуфтаи Рейчел Баглер, коршиноси Афви Байналмилал дар Тоҷикистон,
дастгиршудагонро бо зарбаи барқ шиканҷа мекунанд, оби ҷӯшон мепошанд, буғӣ мекунанд, пӯстро бо сигор месӯзонанд ва таҷовуз мекунанд. Танҳо бо имзои ҳуҷҷати иқроршавӣ ё додани пора метавонанд шиканҷаро боздоранд. 

Ҳодисаҳои марги маҳбусон дар боздоштгоҳҳо, – гуфт Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор дар идомаи суханронии худ, ҳангоми чунин «пурсишҳо» ҷой доранд, аммо дар тӯли тамоми солҳо дар кишвар ягон корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба марг ва ё ҷароҳат бардоштани боздоштшуда ба додгоҳ кашида нашудааст…
Қурбониёни шиканҷа аз додани шаҳодат бар зидди шиканҷакорони худ метарсанд. Беҷазоӣ ва фасоди густурда дар Тоҷикистон ба маъмурони пулис имкон додааст, ки бар ивази танбеҳ гирифтан аз сӯи раҳбарон ва ё аз даст додани мақом бар асари ҷинояти нокушода шиканҷаро истифода бурда, парвандаро ба поён расонанд. Илова бар ин, шиканҷа барои афсарони пулис як манбаи даромад низ ҳаст: мардумро боздошту шиканҷа мекунанд, айбнома мегузоранд ва баъдан ба хешовандонашон пешниҳод мекунанд, ки ҳадя фиристанд. Беҷазо мондани шиканҷа дар Тоҷикистон як меъёр аст. 

Мақомот бошад, – гуфт Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор дар поёни сухан, аз ин мушкили азим “чашм мепӯшанд”, зеро манфиатдор ҳастанд, ки мардумро аз афтодан ба мадди назари кормандони ҳифзи ҳуқуқ битарсонанд.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза