14.1 C
Dushanbe
04.05.2024

Лаҳистон мизбони Конфоронси навбатии САҲА оид ба ҳуқуқи башар аст

 Имрӯз, 14 октябр, дар Лаҳистон нишасти солонаи САҲА оид ба ҳуқуқи башар кори худро оғоз кард. Ин бузургтарин Конфронси ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Аврупо аст, ки ҳамасола дар шаҳри Варшава баргузор мешавад.
Барои ширкат ва табодули назар дар конфронс намояндагони мақомоти расмии Тоҷикистон ва намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Дар ин чорабинии муҳим як ҳайати 12 нафараи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо сарварии сухангӯи ҳаракат Саидалӣ Ашӯров низ иштирок мекунад. Ин барои мо як фурсати хубест, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар ба масъалаи нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон ва адами озодиҳо дар Тоҷикистон ҷалб кунем.

Соли гузашта бинобар маҳдудиятҳои марбут ба пандемия ҷаласаи САҲА дар шакли онлайн баргузор шуд. Соли равон Конфронс дар ҳолати муқаррарӣ, бо риояи ҳама чораҳои беҳдоштӣ баргузор шуда истодааст.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза