17.1 C
Dushanbe
03.05.2024

Ба муҳоҷират рафтани омӯзгорон ва бесавод мондани насли ҷавон ба нафъи режими Раҳмонов аст  

 Нишасти матбуотии роҳбарони ниҳодҳову вазоратхонаҳои Тоҷикистон ба охир расид. Он ба мисли солҳои пешин шабеҳи як саҳнаи театрӣ буд ва бо жанри омехтаи  мазҳака ва фоҷеа баргузор гардид. Бори дигар равшан шуд, ки нишастҳо ба ҷуз аз ҳисоботи тақаллубии фаъолияти яксолаи ниҳодҳои зертобеъи Ҳукумати кишвар  ва хок пошидан ба чашми мардум чизи дигаре нест. Дар он омору арқоми аз воқеият дур ва иқдоми ин ниҳодҳо чун нишонаи рушди соҳа ва пешрафти ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ матраҳ гардид. Дар ин нишастҳо бори дигар мушоҳида шуд, ки раҳбарони ниҳодҳо ва вазоратхонаҳо чи гуна ба саволҳои расонаҳои давлатӣ аз таҳти дил посух мегӯянд ва то чи андоза аз расонаҳои нисбатан озод, ки мехоҳанд мушкилоти ҷомеа ва мардумро ба миён гузоранд, ҳарос доранд.  Ин даъвои мо боз аз он нукта таъйид мегардад, ки ба хотири иштирок карда натавонистани хабарнигорон як теъдод аз ин нишастҳо дар як рӯз ва як вақт баргузор гардиданд. 

    Вале аз ин миён назари Вазири маориф ва илм ба масъалаи  мактабро  тарк кардани омӯзгорон ҷомеаро на танҳо ҳайратзада кард, балки ба хашм овард.  Чанд рӯз пеш масъулини бахши маорифи вилояти Хатлон хабар доданд, ки соли гузашта аз шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Восеъ, Ёвон, Ҷомӣ, Ҷайҳун, Балхӣ, Қубодиён ва Кушониёни ин  вилоят 2067 омӯзгор тарки вазифа карда, ба муҳоҷират рафтанд. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба саволи хабарнигор тарки соҳа кардани омӯзгоронро тасдиқ кард, аммо гуфт, “набояд аз он фоҷиа сохт”. Чунин посухи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назари инфиродии як нафар роҳбар набуда, баёнгари муносибати Ҳукумати ноуҳдабаро ва бесалоҳияти Раҳмоновро нисбати сарнавишти имрӯзу фардои мардум нишон медиҳад. Раҳмонов бо сиёсати нобихрадона ва ғаразноки худ дар зарфи сӣ соли ҳокимияташ Тоҷикистонро дар ҳама бахшҳо ба як кишвари фасодзада, фақрзада, ақабмонда ва ғайридемократӣ табдил дод. Ба муҳоҷират рафтани мутахассисон дар давоми сӣ сол ҳамеша ба нафъи режими диктатории кишвар будааст. Шиори режим ин аст, ки “ба муҳоҷират раву аробааро каш, танҳо аз мақомот ҳаққи худро талаб накун!”

Оморҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои ахир на танҳо омӯзгорон, балки даҳҳо ҳазор табибон, муҳандисон, агрономҳо ва дигар мутахассисони ботаҷриба ва  кордида тарки кишвар мекунанд. Рафтани онҳо ҷомеаи моро боз ҳам ба жарфои амиқи буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ фурӯ мебарад.

Агар Вазири маориф ва илм каме ҳам салоҳият ва виҷдон медошт, мегуфт, ки  “аз кор рафтани омӯзгори собиқадор барои ҷомеа воқеан ҳам воҷеа аст”. Зеро, то ба мисли ин омӯзгор шудани як нафар хатмкардаи ин ришта чанд насли ҷавон бесавод мемонад. Шояд Вазири маориф ва илм сиёсати режими хонаводагии Раҳмоновро, ки ҳадафаш дар сатҳи бесаводӣ нигоҳ доштани  мардум ва ҳукумат кардан аст, амалӣ менамояд.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза