25.1 C
Dushanbe
02.05.2024

Абдурашид Ҳомидов – “бояд занҷирҳои тарсро бишканем”

Ассалому алейкум ҳамдиёрони азиз!
Қабл аз хама ба дӯстон ва тамоми онҳое, ки дар душвортарин лаҳзаҳо бандаро танҳо нагузоштанд ва худро канор нагирифтанд миннатдории худро баён мекунам.
Дуруст аст, ки озодӣ ба ҳеҷ миллате ҳадя нашудааст, балки расидан ба он фидокорӣ ва худгузариҳои зиёд мехоҳад. Бинобар ин, озодии мардуми Тоҷикистон низ истисно намебошад.
Ҳамин буд, ки ҷавонони зиёде дар ин роҳ паси панҷара шудаанд ва дар оянда низ мешаванд, то расидан ба озод кардани Тоҷикистони азиз.
Воқеан ҳам банда як муддат бо туҳматҳои бофтаву сохтаи режими диктотурии Эмомали Раҳмонов паси панҷара қарор доштам, то билохира аввалан бо фазли Худо ва баъдан бо заҳматҳову кумакҳои дӯстон ва дуои модарон озод гаштам.
Саҳми мақомоти Туркия дар барқарор кардани адолат қобили зикр ва эҳтиром мебошад, ки ба дасисаҳои режими худкомаи Раҳмонов бовар накарда, бегуноҳии бандаро собит карда, маро таҳвили онҳо надоданд.
Ба тамомии дӯстон мерасонам, ки банда ба майдони мубориза бо руҳияи нав баргаштаам. Воқаен ҳам, тавтеаҳои ин режим бандаро боз қавитар ва дар роҳ устувортар гардондааст, ки бо энержии ҷадид вориди сабқат хоҳам шуд.
Дӯстони азиз, ин охири роҳ нест, балки мо роҳи душвортаре дар пеш дорем то расидан ба ҳадафи воло ва он ҳам озодии ҳақиқие, ки тамоми кишварро аз қабзаи ин авлод раҳо мекунад.
Ҳамватанони азиз, зиндон иборат аз занҷиру қафасу банд кардани инсон дар дохили чаҳор девор нест, балки зиндон оне ҳаст, ки режими худкомаи Раҳмонов сохтааст, яъне барои ҳамеша дар тарсу ваҳм қарор додани мардум. Мову шумо бояд аз он занҷирҳо худро озод кунем.

Бо умеди шикастани он занҷирҳо!
Бародари шумо,
Абдурашид Ҳомидов
Узви ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза