25.1 C
Dushanbe
25.07.2024

ҲАМДАРДИИ ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” АЗ ФАВТИ НОГАҲОНИИ РАИСИ КИШВАРИ ЭРОН ВА ҲАМРОҲОНАШ

Рӯзи 19-уми майи соли ҷорӣ Чархболи раиси Ҷумҳури Эрон дар вилояти Озарбойҷони шарқии ин кишвар суқуд кард, ки боиси марги раиси он кишвар Иброҳим Раисӣ, вазири корҳои хориҷӣ Амирҳусейн Абдуллоҳиён ва чанд мақомдори дигари ин кишвар гардид.

Хабари даргузашти президенти Эрон Иброҳим Раисӣ боиси андӯҳи бузурги мо гардид.
Марҳум хидматҳои зиёде ба мардуми Эрон кард ва барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту тараққии Эрон саҳми бузург гузоштааст. Инчунин сафари охираш ба Тоҷикистон, ки боиси аз байн бардоштани раводиди байни ду кишвари ҳамзабон шуд. Яке аз бузургтарин корҳои эшон барои ҳифзи фарҳанг ва иттиҳод кардани порсизабонони ду кишвар буд.

Ҳаракати сисёсии “Гурӯҳи-24” ҳамдардии амиқ ва тасаллиёти самимиро нисбати ин талафот ба тамоми мардуми Эрон ва наздикони даргузаштагон баён медорад. Мо аз даргузашти Иброиҳми Раиси ва ҳамроҳонаш, бисёр андӯҳгин ва мутаассирем. Дар ин фоҷеаи бузург мо ба аҳли хонавода, азизон ва мардуми Эрон ғамшарикем.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза