11.1 C
Dushanbe
07.11.2024

Хабари фаврӣ! Гуруснанишинии Сӯҳроб Зафар ба поён расид

Роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар, баъд аз гузашти 4 рӯзи гуруснанишинӣ аз он даст кашид.
Чанд лаҳза пеш, Сӯҳроб Зафар, дар як сӯҳбати тилфонӣ ба шӯрои сиёсии ҳаракат хабар дод, ки гуруснанишинии ӯ ба поён расид. Ин тасмим баъд аз оне гирифта мешавад, ки дирӯз (8.09.18), масъулини боздоштгоҳ бо баъзе мақомдорони ин кишвар ба аёдаташ рафта, ваъда медиҳанд, ки ҳарчи зудтар ба қазияи ӯ расидагй хоҳанд кард.
Сӯҳроб Зафар дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки масъулини боздоштгоҳ шартҳои пешниҳодии ӯро пазируфтанду тамоми маҳдудиятҳое, ки дар боздоштгоҳи нав барои ӯ ҷорӣ шуда буд рафъ карданд.
Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем, Сӯҳроб Зафар субҳи 5-уми сентябр, ба нишони эътироз барои беш аз ҳадд тӯл кашидан дар парвандааш, гуруснанишинӣ эълон карда буд.
Ёдрас мешавем, ки Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов дар торихи 19-уми марти соли равон бо дархости ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Туркия дар шаҳри Истанбул боздошт шуда буданд. Баъди таҳқиқот Насимҷон Шарифов озод шуд аммо инак ҳудуди 6 моҳ мешавад, ки парвандаи Сӯҳроб Зафар идома дорад.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз номи роҳбар ва аъзоёни худ аз ҳукумати Туркия ва тамоми созмонҳову ҳаракатҳо, инчунин ҳамватаноне, ки дар ин қазия бетараф набуданд, сипосгузорӣ намуда, барои расидан ба Тоҷикистони нав, ҳамчун як кишвари озоду инсонмеҳвар, омодагии худро баён медорад.
Умедворем ҳарчи зудтар Сӯҳроб Зафарро дар озодӣ бубинем…

Бахши иттилоотии ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза