9.1 C
Dushanbe
02.12.2024

ТАРҲИ НАВИ ОИННОМАИ ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24”

Аз тарафи Конфронси Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24”

аз санаи “ 31 “ декабри соли 2019 тасдиқ шудааст

 

ОИННОМАИ ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24”

 

  1. Муқаррароти умумӣ
  • ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” (дар оянда ҳизб) созмони ҷамъиятӣ буда, бо мақсади озод намудани мардуми Тоҷикистон аз низоми худкомаи кунунӣ ва фароҳам овардани шароит барои иштироки мардум дар ҳаёти сиёсии кишвар, бунёди давлати мардумсолор, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди хақиқӣ, таҳкими иқтисодиёти кишвар ва фароҳам кардани адолати ичтимоӣ таъсис дода шудааст.
  • ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” бо сабаби ноадолатона ва ғайриқонунӣ манъ шудани фаъолияташ, таъқиби фаъолону тарафдоронаш ва надодани имконият барои бақайдгирии давлатӣ дар дохили кишвар аз тарафи низоми диктатурии кунунӣ, берун аз кишвар қарор дошта, фаъолияти худро тибқи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тафсири то 22 майи соли 2016», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», дигар қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии байналмиллалие, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро ба тартиб медароранд, ба роҳ мондааст.
  • Фаъолияти ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” дар асоси принсипхои ихтиерӣ, баробарҳуқуқӣ, худидоракунӣ, қонунӣ ва ошкорбаёнӣ ба роҳ монда шудааст.
  • ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” ҳаракати умумиҷумҳуриявӣ буда, дар равандҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои қонунӣ иштирок менамояд ва саҳми худро мегузорад.
  • ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” дар маъракаҳои сиёсии кишвар метавонад дар алоҳидагӣ ва ё дар иттиҳод бо дигар ҳизбу созмонҳо ва ҷамъиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ иштирок намуда саҳмгузор бошад.
  • Номи пурра: (Ҳизби) ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24”.
  • Номи кутоҳ: “ГУРӮҲИ-24”

 

  1. Барномаи ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ-24”:
  • Барнома, аҳдоф ва вазифаҳои ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24”:
  • Густариши фарҳанги сиёсии шаҳрвандон;
  • Мусоидат дар ташаккулёбӣ ва устуворгардии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар;
  • Ташаккули афкори умум, густариши арзишҳои озодфикрӣ мардумсолорӣ ва либералӣ дар шуури чамъиятӣ, такмили ислоҳотҳои демукросӣ ва либералӣ;
  • Таъғир додани низоми диктотуриро ба низоми мардумсолорӣ, тариқи овоздиҳии умумӣ баргаштан ба тафсири Сарқонуни то санаи 22 майи соли 2016, ба роҳ мондани фаъолияти мустакилонаи се шохаи ҳокимият ва ВАО-и озод;
  • Таъмини озодиҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи он;
  • Решакан кардани равандҳои манфие, ба монанди коррупсия, маҳалгароӣ, қавмгароӣ, насабгароӣ, табақабандӣ ва шахспарастӣ дар ҷомеа;
  • Гузаронидани ислоҳотҳои иқтисодву ичтимоӣ, молиявӣ-фискалӣ, соҳаҳои бонкдорӣ, андоз ва гумрук;
  • Ислоҳоти қонунгузории иқтисодӣ ва муҳайё кардани шароити мувофиқ барои ҷалби сармояҳои хориҷиву ватанӣ;
  • Гузаронидани ислоҳотҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ;
  • Таъмини пешрафти иқтисод, ривоҷи саноат, коҳиши сатҳи бекорӣ то дараҷаи пасттарин, баргардонидани муҳоҷирони корӣ ва бо ҷои кор таъмин кардани онҳо;
  • Табдил додани Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ;
  • Расидан ба дараҷаи таъмини адолати ичтимоӣ дар кишвар.

 

  1. Узвият дар ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ-24”, ҳуқуқ, салоҳият ва вазифаҳо:
  • Узвият дар ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” ихтиёрӣ ва хусусӣ аст.
  • Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расида аст, метавонад узви ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” бошад.
  • Шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ ва шаҳрвандоне, ки мукаллаф будани онҳо собит шудааст, наметавонанд узви ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” бошанд.
  • Узви ҳаракат наметавонад дар як вақт узви ҳизб ва ё ҳаракатҳои дигар бошад.
  • Узвият дар ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” дар асоси пешниҳоди аризаи шахсӣ, донистани оиннома, барнома, ҳадаф ва вазифаҳои харакат сурат мегирад. Узвият бо тавсияи ду аъзо ва ҷонибдории шурои ҳаракат қабул карда мешавад:
  • Узвият дар ҳаракат наметавонад дар асоси хусусиятҳои касбӣ, ичтимоӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, миллӣ, динӣ, наҷотӣ ва инчунин ҷинсӣ маҳдуд карда шавад.
  • Супоридани ҳаққи аъзогӣ дар асосидастурамал оиди пардохти аъзопулӣ ва баҳисобгирии он, ки аз тарафи Шурои сиёсӣ тасдиқ гардидааст, сурат мегирад.
  • Узвият ихтиёран тариқи пешниходи аризаи шахсӣ катъ мегардад.
  • Узвияти аъзо метавонад барои риоя накардани оинномаи мазкур, барномаҳои ҳаракат, қарорҳои роҳбарият ва барои рафторе «бефаъолиятӣ», ки ба эътибор ва манфиатҳои ҳаракат зарар мерасонад, бо қарори роҳбарият тариқи овоздиҳии аъзоёни шурои сиёсии ҳаракат катъ гардад.

 

3.1. Ҳолатҳое, ки узвият худ ба худ катъ мегардад:

  • Ҳалокати аъзо;
  • Аз даст додани шаҳрвандии Тоҷикистон;
  • Собит шудани мукаллафии аъзо;
  • Дохил шудани аъзо ба ҳизби дигар;

 

3.2. Бақайдгирии аъзоён ба таври бурдани дафтари қайди Ҳаракат сурат мегирад.

 

3.3. Узви ҳаракат ҳуқуқ дорад:

  • дар бораи фаъолияти ҳаракат маълумоти пурра ба даст оварад:
  • ба мақомҳои роҳбарикунандаи Ҳаракат интихоб гардад ва ё интихоб кунад;
  • фикру андешаҳои худро оиди фаъолиятҳо ва барномаҳои ҳаракат пешниҳод ва ҳимоят намояд;
  • дар сурати поймолшавии ҳуқуқҳои конститутсиониаш аз тарафи Ҳаракат химоят гардад;
  • Бо ризогии роҳбарияти ҳаракат аз номи ҳаракат баромад намояд;
  • Бо хоҳиши худ мувофиқи тартиби муайяншудаи дар оинномаи мазкур аз ҳаракат хориҷ шавад.

 

3.4. Узви ҳаракат уҳдадор аст:

  • Талаботҳои оинномаи мазкур ва барномахои ҳаракатро риоя намояд;
  • Дар фаъолияти ҷузъҳои сохтории ҳаракат вобаста ба донишу қобилияти худ иштирок намояд;
  • Қарорҳои роҳбарияти ҳаракат бечунучаро риоя намояд, барои расидан ба ҳадафҳои барномавӣ, баланд шудани обрӯ, сатҳу манзалат ва нуфузи харакат дар ҷомеа мубориза барад;
  • Тибқи меъёрҳои қабулшудаи харакат ҳар моҳ ҳаққи узвият пардохт намояд.

 

  1. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24”

4.1. Ҳуқуқҳои ҳаракат:

  • озодона паҳн кардани иттилоот оиди фаъолияти худ, таблиғи ақидаҳои сиёсӣ, ҳадаф ва вазифаҳои худ;
  • Иштирок дар интихоботҳо ва овоздиҳиҳои умумӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Таъсис ва барҳам додани намояндагиҳои минтақавии худ;
  • Ташкил ва баргузор кардани ҷамъомадҳо, митингҳо, эътирозҳо, пикетҳо ва дигар маъракаҳои оммавӣ;
  • Таъсиси нашрияҳо, матбуот, ВАО ва муассисаҳои таълимӣ;
  • Таъсиси фракция бо дигар ҳизбхои сиёсӣ;
  • Ҳифзи ҳуқуқҳои худ, ҳуқуқ ва манфиатҳои аъзоёнаш;
  • Ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ мутобиқи қонунгузории кишвар;

4.2. Уҳдадориҳои ҳаракат:

  • Риояи ҳамаи конунҳое, ки ба қонунгузории байналмиллалӣ ва арзишҳои демократӣ мухолифат надоранд;
  • Ҳарсола пешниҳод кардани маълумот оиди фаъолиятҳои сиёсӣ, барномаҳо ва лоиҳаҳои нав ба мардуми кишвар;
  • Иҷрои уҳдадориҳои ҳизбӣ тибқи «Қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ба шарти мутобиқати қонуни мазкур бо қонунгузории байналмиллалӣ.

 

  1. Сохтори асосии ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24”

    5.1. Мақомотҳои роҳбарикунанда: тартиби интихоб ва ваколатҳо.

  • Мақомотҳои олии роҳбарикунандаи ҳаракатро мақомотҳои марказии идоракунӣ (Конфронси ҳаракат, Шурои сиёсии ҳаракат ва Роҳбарияти ҳаракат) инчунин мақомотҳои роҳбарикунандаи минтақавӣ ташкил медиханд.
  • Иҷроиши қарорҳои қабулкардаи мақомотҳои марказии идоракунӣ мувофиқи ваколатҳояшон барои аъзоён, фаъолон ва мақомдорони ҳаракат ҳатмӣ мебошад.

 

   5.2. Конфронси ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24”. 

  • Конфронси Ҳаракати сиёсии Гурӯхи 24 аз тарафи шурои сиёсӣ дар чаҳор сол як маротиба даъват мешавад;
  • Конфронси ғайринавбатӣ метавонад аз тарафи Роҳбари ҳаракат бо ризогии шурои сиёсӣ ва ё хоҳиши аз се як ҳиссаи аъзоёни ҳаракат даъват шавад;
  • Қарор оиди даъват кардани Конфронс як моҳ пеш қабул мешавад. Дар қарор рӯз, макон ва лоиҳаи рӯзмарраи Конфронс муайян мешаванд;
  • Намояндагони Конфронс аз ҷузъҳои минтақавии ҳаракат аз тарафи ҷамъомадҳои ҷузъҳои минтақавӣ интихоб мегарданд. Миқдори намояндагони ҷузъҳои минтақавӣ аз тарафи даъваткунандаи Конфронс муайян мегардад;
  • Қарори Конфронс, бо назардошти мавҷудияти «кворум» (бо тарафдории аксарияти аъзоени иштироккунанда), тариқи овоздиҳӣ қабул мегардад;

 

    5.3. Салоҳиятҳои Конфронси ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ-24”:

  • Тасдиқ кардани оиннома ва барномаҳои ҳаракат, ворид намудани тағиру иловаҳо дар онҳо;
  • Тариқи райъдиҳии пушида ба муҳлати чаҳор сол интихоб намудани Роҳбари шурои сиёсии ҳаракат (Роҳбари ҳаракат), аъзоёни шурои сиёсӣ ва аъзоени комиссияи марказии назоратӣ.
  • Тариқи райъдиҳии пушида пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани Роҳбари шурои сиёсии ҳаракат (Роҳбари ҳаракат), аъзоёни шурои сиёсӣ ва аъзоёни комиссияи марказии назоратӣ дар ҳолати катъи узвияти онҳо, бо хоҳиши худи онҳо ё риоя накардани оиннома ва барномаҳои ҳаракат аз тарафи онҳо. 
  • Бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб ва пешбарии номзад дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Санҷиш ва тасдиқи ҳисоботҳо ва пешниҳодҳои Роҳбари ҳаракат, шурои сиёсӣ ва кумитаи марказии назоратӣ.
  • Қабул кардани қарор оиди аз навташкилкунӣ ва барҳамдиҳии ҳаракат.

 

    5.4. Шурои сиёсии ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24”:

  • Шурои сиёсӣ мақомоти олии роҳбарикунандаи ҳаракат буда, дар марҳиллаи байни даъватҳои конфронс, вазифаи конфронсро иҷро менамояд;
  • Шурои сиёсӣ фарди ҳуқуқии ҳаракат ба ҳисоб меравад ва ҳафтавор як маротиба даъват карда мешвад.
  • Раиси Шурои сиёсӣ Роҳбари ҳаракат ба ҳисоб меравад.
  • Роҳбари ҳаракат тибқи зарурат ва ҳолатҳои фаврӣ метавонад Шурои сиёсиро таъҷилан даъват намояд.
  • Вақт, ҷои баргузорӣ ва рӯзномаи Шурои сиёсиро Роҳбари ҳаракат муайян мекунад.
  • Шурои сиёсӣ дар сурати ҳозир будани аз се ду ҳиссаи аъзоёнаш баргузор мегардад.
  • Қарори Шурои сиёсӣ дар ҳолати мавҷудияти кворум (бо тарафдории аксарияти аъзоёни иштироккунанда) қабул мегардад.

 

    5.5. Салоҳиятҳои Шурои сиёсии ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24”:

  • Омода кардани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба оинномаи ҳаракат ва барои тасдиқ пешниҳод кардани он ба Конфронси ҳаракат;
  • Ба роҳ мондан ва назорати иҷроиши ҳадафҳо, лоиҳаҳо ва барномаҳои сиёсии ҳаракат, муҳофизат аз манфиатҳои ҳаракат;
  • Таъин ва озод намудани муовинони Роҳбари ҳаракат ва муайян кардани самти фаъолияти онҳо;
  • Муайян кардани мавқеъи сиёсии ҳаракат оид ба руйдодҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон, қабул ва эълони Изҳорот оиди руйдодҳо;
  • Таъин ва озод намудани раис ва коргарони дастгоҳи иҷроия, назорат болои иҷроиши қарорҳо аз тарафи дастгоҳи иҷроия;
  • Вобаста ба вазъи ҷамъиятӣ – сиёсӣ дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон қабули қарор оиди таъғироти сохторӣ дар ҳаракат, ташкилдиҳи ва барҳамдиҳии ҷузъҳои сохтории ҳаракат ва дастгоҳи иҷроия, таъин ва озод кардани роҳбарони ҷузъҳои сохтории ҳаракат;
  • Ҳамоҳанг кардани фаъолияти ҷузъҳои сохтории ҳаракат;
  • Пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи маҷлиси намояндагон;
  • Ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва дигар ҳизбҳову ташкилотҳои сиёсӣ;
  • Тайёр кардан ва тасдиқи лоиҳаҳо, санҷиш ва тасдиқи лоиҳаҳои ҷузъҳои сохторӣ ва назорат оиди дар амал татбиқшавии лоиҳаҳо;
  • Қабули лоиҳаи буҷҷаи ҳаракат, назорати воридот ва сарфи молия, санҷиши ҳисоботҳои молиявии ҷузъҳои сохторӣ;
  • Таёр намудан ва тасдиқ кардани низомномаҳо, дастурамалҳо ва маҷмуи коидаҳо барои ҷузъҳои сохтории ҳаракат.
  • Қабули қарор оиди узвият ва қатъи узвият дар ҳаракат;
  • Тасдиқ намудани рамз ва парчами ҳаракат;
  • дар ҳолатҳои зарурӣ вогузор кардани баъзе аз салоҳиятҳои худ бо тарафдории аз се ду ҳиссаи аъзоени иштироккунанда ба Роҳбари ҳаракат;
  • Қабули қарор оиди даъвати навбатӣ ва ғайринавбатии Конфронс;
  • Додани ҳисобот оиди фаъолиятҳо дар назди Конфронс.

 

5.6. Салоҳиятҳои Роҳбари ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24”. 

  • Роҳбарияти умумии ҳаракат;  
  • Даъвати шурои навбатӣ ва ғайринавбатии ҳаракат ва роҳбарии шурои сиёсии харакат;
  • Роҳбарии конфронси ҳаракат;
  • Ба роҳ мондан ва назорати иҷроиши ҳадафҳо, лоиҳаҳо ва барномаҳои сиёсии ҳаракат, муҳофизат аз манфиатҳои ҳаракат;
  • Доштани хаққи имзо аз номи ҳаракат ва гузоштани имзо дар санадҳои расмии ҳаракат;
  • Ҳамоҳанг кардани фаъолияти ҷузъҳои сохтории ҳаракат ва назорати фаъолияти онҳо;
  • Пешниходи номзадҳо ба вазифаҳои муовинони Роҳбар ва пешниходи истеъфои онҳо ба Шурои сиёсӣ;
  • Пешниҳоди номзадҳо барои таъин ва озод намудани раиси дастгоҳи иҷроия ва роҳбарони ҷузъҳои он, вазифадор намудани дастгоҳи иҷроия ва назорат болои фаъолияти  он;
  • Пешниҳоди номзадҳо ба вазифаҳои Роҳбарони ҷузъҳои сохтории ҳаракат ва пешниҳоди истеъфои онҳо ба Шурои сиёсӣ;
  • Намояндагии ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ-24”-ро дар дохил ва хориҷи кишвар;
  • Қабули арзу шикоятҳои ҷузъҳои сохтории ҳаракат, баррасӣ, ва андешидани чораҳои зарурӣ;
  • Кумак дар ташкили фаъолиятҳои ҷузъхои сохтории ҳаракат, назорат ва роҳбарии ҷузъҳои сохторӣ; 

 

    5.7. Дастгохи ичроияи ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ-24”

  • Дастгоҳи иҷроияи Ҳаракат, ҷузъҳои  сохтории он ва самти фаъолияти онҳо аз тарафи Шурои сиёсӣ таъсис ва муайян карда мешавад. Раиси дастгоҳ, роҳбарони марказҳо ва шуъбаҳои он бо пешниҳоди Роҳбари ҳаракат аз тарафи Шурои сиёсӣ таъин ва озод мегарданд.
  • Дастгоҳи ичроияи ҳаракат ва ҷузъҳои он метавонанд бо шартномаи корӣ ва пардохти музди мехнат мутахасисони соҳавиро бо мақсади пеш бурдани фаъолияти ҳаракат ҷалб намоянд. 
  • Ҳамаи коргарони ҷузъҳои сохтории дастгоҳи иҷроияи ҳаракат «фаъол» номида мешаванд ва дар асоси шартномаи корӣ бо ба даст овардани музди меҳнат фаъолият мекунанд.

 

     5.8. Комиссияи назоратии ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24”:

  • Комиссияи назоратии ҳаракат бо пешниходи Шурои сиёсӣ аз тарафи Конфронси ҳаракат интихоб карда мешавад;
  • Комиссияи назоратии ҳаракат фаъолияти ҳамаи ҷузъҳои сохториро тафтиш мекунад;
  • Комиссияи назоратии ҳаракат дар назди Шурои сиёсӣ, Конфронси ҳаракат ва Роҳбари ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ-24”ҳисобот медиҳад;

 

  1. Фаъолияти молиявию хоҷагии ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ-24”:
  • ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” ва ҷузъҳои сохтории он метавонанд дорои ҳама гуна амвол, ки қонун ва оинномаи мазкур иҷозат додаанд, аз он ҷумла суратҳисоби бонкӣ, муҳр ва сиккаи худ бошанд. ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии худро ба роҳ монда, метавонад корхона ва муассисаҳо ташкил кунад.

 

6.1. Сарчашмаҳои даромади ҲАРАКАТИ СИЁСӢ иборат аст:

  • Ҳаққи узвият;
  • Қабули ёрдампулии яквақта бо қарори шурои сиёсӣ дар ҳолатҳои зарурӣ;
  • Даромад аз ВАО-и ҳаракат;
  • Даромад аз корхона ва муассисаҳои ҳаракат;
  • Хайрияҳои шахсони алоҳида, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар сарчашмаҳое, ки ба қонунҳои амалкунанда мухолиф нестанд.

 

6.2. Ҳамаи ҷузъҳои сохтории ҲАРАКАТИ СИЁСӢ, ки дорои хоҷагии худ мебошанд, ба буҷҷаи умумии ҳаракат 50% даромади худро интиқол медиҳанд;

 

6.3. Ҳама гуна амвол ва моли ҳаракат танҳо ба худи ҳаракат таалуқ дорад, ягон аъзо хаққи талаби молу амволи ҳаракатро надорад.  

 

6.4. Маблағу амвол, ки баъди бархамхурии яке аз ташкилот е ҷузъи сохтории ҳаракат боқӣ мемонад, ба мувозинаи умумии ҳаракат мегузарад.

 

6.5. Фаъолияти молиявии ҳаракат ва ташкилотҳои он тавассути Низомнома дар бораи тартиби фаъолияти молиявии ҳаракат аз тарафи Дастгоҳи Иҷроияи ҳаракат амалӣ мегардад.

 

 

  1. Воситаҳои ахбори оммаи ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ-24”;
  • ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ-24” дорои ВАО-и худ (сомона, нашрия, барномаҳои иттилоотии телевизионӣ, радиоӣ ва ғайра) мебошад.
  • Фаъолияти ВАО-и ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ-24” мутобиқи қонунҳои амаликунанда, арзишҳои демукросӣ ва принсипи матбуоти озод ба роҳ монда шуда аст.

 

  1. Робитаҳои ҳориҷии ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ-24”.
  • ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ-24” тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ метавонад бо ҳизбу созмонҳои хориҷӣ робитаи ҳасана барқарор намояд.

 

  1. Нишона ва парчам:
  • ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” дорои нишона ва парчами худ мебошад, ки он аз тарафи Шурои сиёсӣ муайян мегардад.

 

  1. Тартиби қатъи фаъолияти ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24”:
  • Фаъолияти ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” бо пешниҳоди Шурои сиёсӣ ва қарори Конфронси ҳаракат бо тарафдории аз се ду ҳиссаи овозҳо ба мақсади азнавташкилкунӣ ва ё барҳамдиҳӣ қатъ мегардад.
  • Молу ашёи ҳаракат, баъди қатъшавии фаъолияташ ба мақсади хайрия сарф карда мешавад.

 

  1. Оиннома мутобиқи заруроти пешомада қобили тағйир ва иловаҳо мебошад

 

 

 

 

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза