3.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Паёми табрикотии “Гурӯҳи 24” ба муносибати моҳи мубораки Рамазон

“Эй касоне, ки эмон овардаед, рӯза бар шумо муқаррар шуд, ҳамон тавре ки бар пешиниёни шумо муқаррар шуда буд, то бошад, ки парҳезгор шавед.” Инак мо бо лутфу меҳрабонии Худои меҳрабон, боз дар пешорӯи моҳи бузург ва мубораки Рамазон қарор дорем.

То вуруди моҳи мубораки Рамазон рӯзе чанд ба шумор мондааст. Моҳе, ки ниёгони мо 6 моҳ пеш аз омаданаш ба истиқболаш мешитофтанд ва то шаш моҳ баъд дар фироқаш месӯхтанд. Рамазон моҳи сиём ва қиём, моҳи тиловати Қуръон, моҳи садақоту эҳсон, моҳи иҷобати дуо, моҳи болоравии дараҷот ва боз шудани дарвозаҳои Биҳишт ва баста шудани дарвозаҳои Дӯзах, моҳи ба банд кашида шудани шаётин, моҳи нузули Қуръон ва моҳи бахшида шудани гуноҳон аст. Паёмбари Худо (с) фармуданд: ” Ҳар кӣ Рамазонро аз рӯи эмону эҳтисоб рӯза дорад, гуноҳони гузаштааш бахшида хоҳанд шуд”

Дар ин моҳ шабе бартар аз ҳазор моҳ аст. Рамазон моҳи шикебоӣ ва хештандорист, ки инсон дар он ба хотири касби хушнудии офаридгори хеш, аз обу нон ва ҳамсари худ канор меравад. Ин моҳ ба ҷисму ҷони инсон нерӯ мебахшад. Ва рӯзадорон бо эҳсоси гуруснагӣ ва ташнагии хеш, ёде ба ёди нодорон ва гуруснагон меуфтанд ва дари некӯиҳо ва бахшоишро меафзоянд. Мусалмононро мебояд ин моҳро бо хушҳолӣ пешвоз гиранд ва барои мушарраф гаштан ба ин моҳ аз Офаридгори хеш дучанд сипосгузор бошанд.

Роҳбарият ва аъзои “Гурӯҳи 24” мардуми мусалмони Тоҷикистон ва тамоми мусалмонони дунёро ба муносибати вуруди ин моҳи муборак табрику таҳниат гуфта, барои эшон тавону пойдории рӯзадорӣ, пазириши он ва касби аҷру подоши бепоёни он, шабзиндадорӣ ва афзоиши розу ниёиш таманно доранд. Бародарон ва хоҳароне боимони мо пушти дарвозаҳои зиндонҳои ситамкорон қарор доранд ва дар шароити сахти зиндонҳо рӯза медоранд. Дуо мекунем ва талош меварзем, то ки ҳар чӣ зудтар Аллоҳ онҳоро озодӣ рӯзӣ гардонад. Ҳамватанони гиромӣ, вуруди моҳи мубораки Рамазон ба шумо мубораку гиромӣ бод!

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза