25.1 C
Dushanbe
24.07.2024

Интиқоми Раҳмонов аз ширкаткунандагони ҳайати Гурӯҳи-24 дар тазоҳуроти шаҳри Берлин


Интиқоми Раҳмонов аз ширкаткунандагони ҳайати Гурӯҳи-24 дар тазоҳуроти шаҳри Берлин.

Раҳмонов ба таъқиби хешовандони фаолоне ҳаракати сиёсии Гурӯҳи-24, ки рӯзи 29 сентябр дар Олмон ба истиқболи ӯ  гирдиҳамоӣ доир намуданд, ва иштирокунандаглни ҳайати Гурӯҳи 24 дар конфоронсии солонаи САҲА идома медиҳад. Ахиран маълум шуд, ки бархе аз волидони солманди фаолоне, ки дар Олмон Рахмоновро бо “тухм” пазироӣ карданд, бо мушкили қатъи нерӯи барқ ​​рӯбарӯ шудаанд аз ҷумла сими барқи хонаи волидайни роҳбари ҳаракат Суҳроб Зафар. Масъулини маҳаллӣ барқро ба ин хонаводаҳо қатъ карда, рӯйрост эълон карданд, ки “касе ҳақ надорад, президентро танқид кунад!”.

Ёдовар мешавем, ки ин ҳодиса аз 29 сентябр ба вуқӯъ пайваст. Онҳое, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин ҷамъ омада буданд, ба сӯи корвони Раҳмонов тухм партоб карданд. Вокуниши диктатор тӯл накашид:  рӯзи дигар боздошти наздикони фаолоне, ки Раҳмоновро дар Олмон “пазироӣ” карданд, ва ҳамчунин ҳайати Гӯруҳи 24, ки дар конфоронси солонаи САҲА дар Лаҳистон иштирок карданд. оғоз шуд.

1. Падари намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Иттиҳоди Аврупо Муҳаммадсобири Абдуққаҳор субҳи 30 сентябр боздошт шуда, ва то  соати 18 дар Шӯъбаи шашуми Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт қарор дошт.

2. Бародари калонии муовини раҳбари “Гурӯҳи 24” Ҳусейн Ашӯров – Раҳматулло Ашӯров низ рӯзи 30 сентябр боздошт ва баъдан пас аз сӯҳбат ва сабти навор озод карда шуд.

3. Мақомоти амниятии ноҳияи Рашт рӯзи 30 сентябр падари 64-солаи сухангӯи “Гурӯҳи 24” Убайдулло Саидиро дар ҷамоати Нусратулло Махсуми деҳаи Шул боздошт карда, рӯзи 2 октябр ба шарте раҳо карданд, ки  ба пойтахти мамлакат рафта, дар он ҷо шаходат медихад.

4. Намояндаи дигари “Гурӯҳи 24” Абузар Хоҷазода ба мо гуфт, рӯзи 30 сентябр волидон ва бародараш боздошт шудаанд ва дар търихи 03/10 озод карда шуданд.

5. Узви “Гурӯҳи 24″ Исмоил Исмонов, ки дар тазоҳуроти Берлин ширкат дошт, хабар дод, ки мақомоти амниятӣ рӯзи 30 сентябр бародараш Аслиддин Исмонов ва амакаш Умар Юсуфовро бо худ бурданд. Ва онҳоро дар 02/10 озод карданд.

6. Холназар Лоиқов, ки дар ҳамоиши Берлин фаъолона иштирок дошт, хабар дод, ки падараш Лоиқов Луқмоншои 65-сола ва модараш Миршоҳмуддинова Одинабибии 55-соларо аз деҳаи Шули ҷамоати Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт рӯзи 29 сентябр соати 20:30 ба вақти Тоҷикистон кормандони мақомоти интизомӣ бо худ бурданд ва онҳо танҳо рӯзи 4 октябр тахминан соати 12:30 ба хона баргаштанд, вале нагуфтанд, ки дар куҷо нигоҳ дошта шуданд.

7. Падари 81-солаи раиси Кумитаи иҷроияи  «Гурўҳи 24» – Дилшод Шарифов –  Шарифов Маҳмуд 29 сентябр барои бозпурсӣ ба шуъбаи минтақавии Кумитаи амнияти миллии шаҳри Кўлоб бурда, танҳо 3 ё 4 октябр озод карданд. Рӯзи 29 сентябр низ хоҳари калонӣ ва хурдии Дилшод Шарифовро ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе бурданд ва пас аз 3 соат бозпурсӣ раҳо карданд. Худи ҳамон рӯз ду бародараш Диловар ва Наврӯзро ба яке аз шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Душанбе бурданд. Пас аз чанд рӯз дар Фейсбук як паёми видеоӣ аз номи онҳо нашр шуд. Ҳоло маълум нест,  ки дар куҷо қарор доранд,  зеро телефонҳояшон хомӯш аст.

8. Ҷамшед Шарифов, яке аз иштирокчиёни тазоҳуроти Берлин гуфт, ки мақомоти шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) соати дуи шаби 29 сентябр омада, бародараш ва ду амакашро боздошт карда, рӯзи 3 октябр озод карданд.

9. Шаш нафар аз аъзои хонаводаи узви фаъоли ҳаракат Муҳаммадраб Сайдалиев, “Гурӯҳи 24”  (модар, хоҳар, бародар, келин ва ду бародарзода), инчунин ду хонаводаи наздикони фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар ҳамсоягӣ, воқеъ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ зиндагӣ мекарданд, рӯзи 30 сентябр ба Душанбе бурда ва худи ҳамон рӯз раҳо карда шуданд. Ба истиснои бародараш, ки то 3 октябр, то замони раҳо шуданаш дар куҷо буданаш маълум набуд.

10.  Чаҳор нафар аъзои хонаводаи фаоли Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24″  Муҳаммадҷон Абдуллоевро  ( бо шумули падару модар, хӯшдоман ва додарарӯс), дар таърихи 29сентябр  барои бозпурсӣ ба Кӯлоб ва сипас ба Душанбе бурданд ва 2 октябр озод карданд.

11.  Падари узви фаоли “Гурӯҳи-24”  Юсуф Мирзоев бо се хоҳараш дар таърихи 29 сентябр аз ҷониби мақомоти интизомӣ бурда шуданд ва чанд навори онҳо дар интернет нашр шуд,  вале дар бораи дар куҷо будани онҳо хабар нест.

12.  Ду бародари узви фаоли  “Гурӯҳи-24” Ғоибов Зафар – собиқ нозирони ШБДА- РВКД-и вилояти Хатлон 3 октябр ба Шӯъбаи шашуми Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Душанбе барои бозпурсӣ бурда шуданд ва худи ҳамон рӯз ҷавоб дода шуданд.

13.  Ба хонаводаи узви дигари “Гурӯҳи 24” – Хурсанд Наҷмуддинов кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ҳузур оварда, акси яке аз иштирокдорони тазоҳуроти Берлинро нишон дода, фишор овардаанд, то тасдиқ кунанд, ки ин ҷавони дар аксбуда фарзанди онҳост, дар ҳоле ки Хурсанд дар ин тазоҳурот ширкат накарда буд.

14.  Падари Беҳрӯз Тағойзода( маъруф ба Салмон)- роҳбари бахши Иттилоот ва таблиғоти “Гурӯҳи 24” ва ровии барномаи “Садои мардум” ҳам 29 сентябр аз тарафи мақомот рабуда шуда буд ва рӯзи 02 октябр ҷавоб дода шуд.

Номбурда,  ки омӯзгор аст,  пас аз як моҳи ин ҳодиса бар асоси модда,  яъне аз ӯҳдаи аз  масъулияти худ  баромада натавонистан аз кор сабукдӯш гардид  ва ҳамчунин таҳти фишор дар наворе фаъолияти сиёсии писарашро маҳкум кард. Сабаби сабукдӯш шуданашро дар шӯъбаи маориф чунин шарҳ доданд,  ки фармон аз амният аст.

15.  Ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон Мақомоти иҷроия шаҳри Кўлоб омада,  сими барқи хонаи волидайни  роҳбари Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи-24 “-ро қатъ карданд.

16.  Назриллоҳ Ивазов. Ду нафар аз аъзои хонавода, модар ва додарашро дар таърихи 01/10 бурда позпурси карданду ҷавоб доданд.

Боздошти бесобиқаи хешовандони фаоле, ки дар  ҳамоиши ” пазироӣ бо тухм” ширкат доштанд, аллакай таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалиро ба худ ҷалб кардааст. Рӯзи 6 октябр Созмони ҳомии ҳуқуқи башар гузорише нашр кард, ки дар он танҳо 47 мавриди боздошти наздикони ширкаткунандагони эътироз алайҳи сиёсати Раҳмонов аз сӯи мақомоти интизомӣ сабт шудааст. Ин созмон махсусан қайд мекунад, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳамаро боздошт кардаанд: ҳам пиронсолон ва ҳам кӯдакон (  калонтарин боздоштшуда марди 81-сола, хурдтарин кӯдаки 1,5-сола). Нисбати боздоштшудагон муносибати дағалона,  таҳдид ва таҳқир карда шуд.

Ин қасосгирӣ  аз ҷониби диктатор Раҳмонов хилофи қонун аст, зеро вай аз одамони бегуноҳ интиқом мегирад, ки набояд барои фаъолияти хешовандонашон ҷавобгар бошанд.

Дар кишвар  барои таъқиб кардан ва душвор гардондани ҳаёти одамоне, ки ба сиёсат ягон алоқае надоранд, як маъракаи том cap шуд. Беҳтар мешуд, ки ин қувваю воситаҳо ба манфиати ҷамъият сарф карда мешуданд.

Ва дар маҷмӯъ, вокуниши Раҳмонов ба ҳодисаи “пазироӣ бо тухм” ба вокуниши як кӯдаки тарбиятнодида шабоҳат  дорад, на сиёсатмадори баркамол. Ин бори дигар нишон медиҳад, ки Раҳмонов  як сиёсатмадори бисёр  ноӯҳдабаро мебошад.

Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ”

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза