9.1 C
Dushanbe
02.12.2024

Иди шахсӣ

Имрӯз рӯзи президент аст. Мансабдорони мо ба манфиати Рахмон заҳмат карданро хеҷ ба итмом намерасонанд. Гоҳ қонун дар бораи пешвои миллат, гоҳ қонун дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан барои “дар ҳақи пешвои миллат суханҳои қабеҳ ё туҳмат”-ро мебароранд. Боз қонун дар бораи “Рӯзи президент”ро бароварданд, ки ҷашнгирии он дар рузҳои наздик дар назар аст. Чихеле, ки маълум аст дар Тоҷикистон рӯзи 16 Ноябр бори нахуст рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Махсусан ба муносибати хамин дар майдони марказии ш. Душанбе акси бузурги Раҳмоновро мегузоранд.

Инчунин дар тамоми ҷумҳурӣ ин рӯзро бо як ҳашамати хоса, бо намоишҳои консертӣ ва шеъру сурудҳо дар васфи Рахмонов мегузаронанд. Ҳамватанони мо акнун ба чунин намоишҳои “хушомадгӯи” одат кардаанд. Сафари ӯро ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳукуматдорони ноҳиявию маҳаллӣ бе чунин ҷашну пешвозгирии боҳашамат намегузаронанд. Ҳато дар байни ҳукуматдорони ноҳияҳо барои ки хубтар пешвоз мегирад ва ё “хушомад” мегуяд мусобиқа мегузарад.

Барои чунин ҷашнгириҳо ҳатто кудакони хурдсолро маҷбур мекунанд, ки соатҳо дар гармиву сардӣ рост истода омадани Раҳмоновро интизор шаванду дар васфи ӯ шеърхои таёркардаи “хӯшомадгӯёнаро” хонанд. Дар ин бора дар сайтҳои интернетӣ сабтҳои видеоии бисёр вуҷуд доранд, ки аз ин суханҳо шаҳодат медиҳанд. Дар яке аз ин сабтҳо кӯдаки хурдсоле ба Раҳмонов мегӯяд, ки хело хунук хурдам то шуморо интизор шудам. Вале ин суханҳо ба пешвои миллат ягон таъсире нарасонданд, чунки ӯ аз ин “хӯшомадгуиҳо” ҳатто меболад. Ба Раҳмонов аҳамияте надорад, ки барои чунин ҷашнгириҳо миллионҳо пули мардуми оддӣ сарф мешавад дар ҳоле ки мардуми ҷумҳурӣ худ гуруснаву дар ҳоли қашшоқӣ зиндагӣ доранд. Худ қазоват кунед, оё “Пешвои миллат”-и ҳақиқӣ мегузорад, ки пули мардуми оддии худро ба манфиати шахсии худ ва оилаи худ сарф кунад? Раҳмонов фаромуш кардааст, ки ӯ фақат як президент аст. Ҳукумат ба халқ тааллуқ дорад.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза