Баёнияи расмии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”: Ҳимоя аз арзишҳои инсонсолорӣ ва марзи масъулиятҳо

522

 

Дар пайи густариши нигарониҳо аз сӯи шаҳрвандон вобаста ба рафтори номатлуб ва суханони ғайриахлоқии шахсе бо номи Фарух дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” вазифаи худ медонад, ки мавқеи расмии худро ба таври возеҳ баён намояд.

Раёсати Ҳаракат изҳор медорад, ки шахси мазкур — Фарух — дар гузашта ва дар замони ҳозира ҳеҷ гуна робитаи расмӣ ва узвият бо “Гурӯҳи 24” надорад. Ҳамаи амалу суханони ӯ масъулияти шахсии худи ӯст ва ба Ҳаракат иртиботе надорад. Мо бо тамоми қатъият чунин рафтори ғайриахлоқиро маҳкум мекунем ва онро мухолифи фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳои ҷомеаи инсонсолор медонем.

Бо вуҷуди ин, лозим ба таъкид аст, ки Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар тамоми мавридҳое, ки шаҳрвандон бо таъқибҳои беасоси мақомоти режими худкома рӯ ба рӯ шуданд — ҳатто барои як “лайк” ё баён кардани як ақидаи содда ҳамеша дар паҳлӯяшон буда, кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро фароҳам овардааст. Фарух низ дар зумраи он афроде буд, ки дар замони зарурӣ Ҳаракат ба ӯ дастгирии ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ пешниҳод намуд!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” барнома ва ҳадафҳои равшану муназзами башардӯстона дорад. Мо барои бунёди ҷомеае мубориза мебарем, ки дар он инсон, шараф, озодӣ ва ҳуқуқи ӯ дар меҳвари давлатдорист. Таҳқир, дашном ва беэҳтиромӣ ҳаргиз наметавонад роҳи мубориза бошад ва мо чунин амалҳоро қатъиян рад мекунем.

Мо ба ҳама ҳамватанон итминон медиҳем, ки “Гурӯҳи 24” ҳамеша дар паҳлӯи мардум қарор дорад — бо эҳтироми арзишҳои инсонӣ, қонуният ва фарҳанги миллӣ. Аммо ҳамзамон ҳар нафаре, ки бо номи ҳаракат рафтори номатлуб мекунад, наметавонад масъулияташро ба дӯши ин созмони сиёсӣ гузорад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”
16 майи 2025