9.1 C
Dushanbe
28.04.2024

“Бемории рӯҳӣ”- хулосаи ташхиси муносиб барои ашхоси норозӣ дар Тоҷикистон

Солҳои охир, бисёре аз шаҳрвандони мо даст ба худкушӣ мезананд. Тақрибан, ҳар ҳафта ВАО аз худкушӣ кардани нафаре дарак медиҳанд. Бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ инро шарҳ дода, аз сабабҳои гуногуни ин ҳодисаҳо сухан мегӯянд. Баъзан, ба назар мерасад, ки дар кишвари мо вабое пайдо шудааст, ки дар натиҷа шаҳрвандони мо дучори он шуда, даст ба худкушӣ мезананд.

Ҳукуматдорони Тоҷикистон бошанд, дар навбати худ сабабҳои инро барои имиҷи худро паст накардан ” бемории руҳӣ” ном мебаранд. Бахусус, ВКД фавран хулосаи ташхиси худро бароварда, “дақиқ” мекунад, ки шахси худкушикарда гирифтори “бемории руҳӣ” будааст. Кормандони ВКД дар илми тиб то дараҷае пешрафт кардаанд, ки дигар ниёзе ба кумаки табибон барои муаян кардани хулосаи ташхис надоранд. Ҳамин тариқ, сабабҳои аслии ин ҳодисаҳои худкушӣ дар давраи ҳукмронии Раҳмонов зери парда мемонанд. Чунки вабои аслӣ худи Раҳмонов ва низоми ӯ мебошанд. Раҳмонов худ асосгузори раванди фасодкорӣ, бекорӣ, қашшоқӣ, сатҳи пасти маъориф ва тандурустӣ , дар умум сарчашмаи ҳама нохушиҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. Аксаран, асбоби бештари онҳое, ки даст ба худкушӣ мезананд, надоштани рӯзгори хӯш ва паст будани дарачаи ичтимоии онҳо мебошад.

Акнун чанд мисоли даст ба худкушӣ заданро меоварем:

1. Қасди худкушӣ кардани 4 шахс дар вилояти Суғд. 19-уми феврали с. 2012-ум, шаҳрвандон: Зарнигор Додобоева, Татьяна Новикова, Муҳибба Сатторова ва Парвина Ҷураева даст ба худкушӣ задаанд.

2. Абдураҳмон Давлатов- сокини н. Рӯдакӣ, 11-уми августи с. 2014-ум, дар назди бинои кохи риёсатҷумҳурӣ қасди худкушӣ кард. Сабаби ин талоши худкушӣ ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ӯ аз тарафи ҳокимияти судии фасодзадаи кишвар будааст. ВКД бошад, дар хулосаи ташхиси худ, ӯро ҳамчун “бемории руҳӣ” донист.

3. Шавкат Раҳмонов- сокини 74 солаи шаҳри Душанбе, дар торихи 27-уми марти соли 2014-ум, худро дар назди кохи Раҳмонов оташ зад. Сабабаш низ, низоми ноадолатонаи судӣ будааст. Дар хулосаи ташхиси ВКД боз ҳам, худкуш “бемори рӯҳӣ” будааст.

4. Зӯҳро Маҳмуродова – сокини 25 солаи шаҳри Норак, моҳи феврали соли 2016-ум, худро бо чаҳор фарзандаш ба дарёи Вахш партофт. Дар натиҷа, ҳамааш ҳалок шуданд.

5. Парвина Абдуллоева- сокини ноҳияи Ёвон дар соли 2015-ум, худро бо фарзандонаш ба дарё партофт. Дар натиҷа фарзандонаш ҳалок шуданд, худаш зинда монд. Сабаби худкушӣ сатҳи пасти зиндагӣ арзёбӣ шудааст.

6. Саломат Пирова – сокини ноҳияи Вахш дар соли 2015-ум, худро бо ҳамроҳи се фарзандаш ба дарё партофт. Дар натиҷа, ҳамагӣ ҳалок шуданд. Сабабаш сатҳи пасти зиндагӣ будааст.

7. Сокини 25 солаи шаҳри Хӯҷанд худро дар хонааш ба дор овехт. Ӯ модари ду фарзанд буд.

8. Меҳровар Мақсудов, аскари қисми низомии 02011- и Вазорати Мудофиаи ҶТ қасдан худкушӣ кард. Сабаби аслияш – азоб ва гуруснагӣ дар қисмҳои низомӣ будааст. Хулосаи ҳукуматдорон боз ҳам, ” бемории руҳӣ”

9. Ромиз Шарипов сокини ноҳияи Айнӣ, аскари баталиони дӯстии Вазорати Мудофиаи ҶТ баъди латту кӯб аз тарафи ҳамаскарон аз сухан гуфтан бозмонд. Баъдан, хостанд ӯро ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ хобонда, ҳама гуноҳро ба дӯши худаш бор кунанд.

10. Сайидаҳмад Гулов – сарҳанги Горди Миллии ҶТ 9 -уми майи соли 2015-ум, худро аз тирезаи бинои бисёрошёна ба зер партофт. ВКД бе ягон тафтишот хулосаи худро баровард, ки он ” бемории рӯҳӣ” доштааст.

11. Маҳмадшариф Насриддинов- зиндонии 22 сола моҳи феврали с. 2013-ум дар муассисаи ислоҳии рақами 1-уми шаҳри Душанбе даст ба худкушии ҳаяҷоноваре зад. Тафсилот ва сабабҳояш муайян нашуд. Хулосаи ҳукуматдорон боз ҳам, ” бемории руҳӣ”.

12. Ҳикматулло Шарифов – сокини шаҳри Ваҳдат, ронандаи таксӣ рӯзи 11-уми апрели соли 2017-ум, дар маркази шаҳри Душанбе, бо нишони эътироз бар зиди манъи “таксиҳои 3 сомона” дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе, қасди худкушӣ кард. Хулосаи ВКД: ” бемории руҳӣ”.

Дар ин руйхат метавон Умаралӣ Қувватов, асосгузори ” Гурӯҳи 24″ -ро, ки ҳукуматдорон ӯро низ, бемори руҳӣ эълон карда буданд, илова кард. Умаралӣ Қувватов соҳибкори барҷастаи замони худ буд. Ӯ оромона фаъолият мекард. Инсони муқаррарӣ буд. Якчанд ширкатҳои тиҷории муваффақ та’сис дод ва вақте ки тиҷорати ӯро кашида гирифтанд ва ӯ худ маҷбур шуд, ки тарки ватан карда, мухолиф шавад, ногаҳон аз ҷониби ҳукумат ба “бемори руҳӣ” табдил ёфт.

Боз як мисоли дигар ин, ки Гулмурод Ҳалимов – сарҳанги ВКД, ки аз Тоҷикистон фирор карда, ба ДОИШ пайваст. Вақте ки ӯ дар ВКД кор мекард ва бо фармони режим дар барканории мухолифин иштирок мекард, солим буд ва вақте ки фирор карда, ба сафи ДОИШ пайваст ” бемори руҳӣ” эълон шуд.

Ин танҳо шаммае аз руйхати бепоёни “беморони рӯҳӣ”-и ҳукумат аст. Руйхати дақиқи ҳалокшудагоне, ки худкушӣ кардаанд, муайян карда намешавад, чунки низом фасодзада аст. Агентии омор 70 дар сад аз маълумотҳои бардурӯғ иборат аст. Ҳеҷ ташкилоте нест, ки баҳисобгирии дуруст анҷом диҳад ва сабабҳои аслии ин намуд ҳодисаҳоро муайян кунад, ва ВКД-и Тоҷикистон ин як ташкилоти ҷиноӣ ва фасодзадае ҳаст, ки дар он аз адлу инсоф асаре намондааст.

Админи сомонаи Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза