4.1 C
Dushanbe
02.12.2024

САРҚОНУНИ ТАҶОВУЗШУДА АЗ ТАРАФИ РЕЖИМИ ДИКТАТОРИИ РАҲМОНОВ

 

Рӯзи 6 ноябр, ки ҳамчун рӯзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ва имсол бошад 30-солагии ин ҳуҷҷати муҳимро қайд мекунанд. Вале ин санад, ки бояд пойгоҳи асосии ҳуқуқии давлат ва заминаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои мардум бошад, борҳо бо манфиатҳои яктарафа ва ба хотири таъмини қудрат тағйир дода шудааст. Дар тӯли ин сӣ сол, Сарқонунро на ба манфиати мардуми Тоҷикистон, балки барои таҳкими қудрати ҳукумати феълӣ истифода бурданд, ки боиси норозигии зиёд гардид. Ин мақола талош мекунад, ба таърихи ин тағйирот ва баён кардани мухолифатҳои мардум назар андозад.

Сарқонуни Тоҷикистон пас аз давраи вазнини ҷанги шаҳрвандӣ, ки Тоҷикистонро дар солҳои 1990-ум фаро гирифта буд, бо умед ва орзуҳои як ҷомеаи мардумсолорӣ ва озод қабул шуд. Он ваъда дод, ки Тоҷикистонро ба як ҷомеаи озод, баҳснопазир ва ҳуқуқӣ табдил хоҳад дод. Дар он муқаррар шуда буд, ки президент танҳо ду давраи 5-сола интихоб шуда метавонад, ки он замон ин қарор як роҳи таъмини мубодилаи қудрат ва пешгирии диктатура ба назар мерасид.

Бо гузашти панҷ сол аз қабули Сарқонун, бори аввал соли 1999 тағйироти ҷиддӣ ба он ворид карда шуд. Тавассути ин тағйирот, муҳлати фаъолияти президент ба ду давраи ҳафтсола иваз карда шуд, ва ваколатҳои президент ба таври назаррас васеъ гардонида шуд. Ин тағйирот бе ягон машварати ҷомеа ё пурсиши амиқи мардумӣ амалӣ шуд, ки он вақт ба он ҳамчун аввалин қадами диктатура баҳои манфӣ дода шуд.

Соли 2003 тағйироти дигаре ворид карда шуд, ки дар натиҷа давраи президентии Эмомалӣ Раҳмонов дубора аз нав карда шуд. Маҳз ин тағйирот заминаи ҳуқуқиро барои давраи сеюми президентии ӯ фароҳам овард. Ҳарчанд ки тибқи моддаҳои пешина ӯ бояд аз такрори интихобот даст кашида, ба дигарон имконият медод, ки худро пешбарӣ кунанд, ин тағйирот роҳи интихоботи озодро масдуд кард. Бо ин, мардуми Тоҷикистон аз имконияти доштани як президент ва сиёсати нав маҳрум гардиданд.

Тағйироти сеюм, ки хеле баҳсбарангез буд, дар соли 2016 сурат гирифт. Ин бор, мафҳуми “Пешвои миллат” ба қонун дохил карда шуд, ки ба Эмомалӣ Раҳмонов имкон дод то абад дар интихобот ширкат кунад ва ҳамчунин ба хонадони ӯ ҳуқуқи таъсиси ҳизби худ ва иштирок дар умури давлатӣ дода шуд. Тағйирот инчунин синни ҳадди ақали номзад ба президентиро аз 35 ба 30 поин овард, ки дар омодагии фарзанди президент ба қудрат далел буд.

Ин тағйиротҳо на танҳо бевосита мардумро дар машварат дар бар нагирифтанд, балки ба озодиҳои шаҳрвандон таъсири манфӣ расониданд. Онҳо ба як намоиши ошкори зӯроварии давлат бар мардум табдил ёфтанд, ки аз ҳар гуна ғояҳои мардумсолорӣ ва адолат дур шуданд. Тибқи оморҳо, имрӯз қисми зиёди аҳолӣ аз вазъияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ва ҳуқуқии кишвар норозӣ буда, наметавонанд норизоияти худро озодона баён кунанд. Бахусус, матбуоти озод ва озодии баён пайваста таҳти таҳдид ва фишори режими ҳоким қарор доранд.

Дар рӯзи 6 ноябр, ки Сарқонун ба тасвиб расидааст, бояд ба аҳамияти ҳукумати мардумсолорӣ ва ҳимояи ҳаққу ҳуқуқи мардум таҷлил шавад, аммо амалан ин рӯз ба як нишонаи дастгирии ҳукумат ва танқиди норозӣ табдил ёфтааст. Ба ҷои инки ҳукумат мардумро ба ислоҳот ва ҳимояи ҳуқуқҳои мардум кунад, баръакс мардумро ба як фишори доимии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мувоҷеҳ кардааст.

Мардуми Тоҷикистон мехоҳанд, ки Сарқонун ба маънои ҳақиқӣ асоси таъмини адолат ва як ҷомеаи озод бошад ва ин тағйиротҳо танҳо як қадами аввал барои ташкили як давлати ҳуқуқию мардумсолорӣ хоҳад буд.

Ин Сарқонуни таҷовузшуда имрӯзҳо танҳо ба фоидаи режим ва оилаи Раҳмонов амалӣ мешавад. Аз Сарқонуни имрӯза танҳо чанд моддааш ба мардум амалӣ мешаванд, ки онҳам бошад ба фоидаи режим ва ё бар муқобили мухолифони режим истифода мешавад. Мардуми Тоҷикистон бояд огаҳ бошанд, ки ин Сарқонун ба фоидаи онҳо нест. Далели ин гуфтаҳо аз ҳаводиси ҳаррӯзаи мардум, ки ҳаққи озодии сухан ва ҳаққи озодии матбуот, озодии дин, озодии молу мулк ва ғайра баёнгари ӯст.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза