10.1 C
Dushanbe
21.02.2025

ОИННОМАИ ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24”

Аз тарафи Конфронси Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

аз санаи “ 01 “ январи соли 2025 тасдиқ шудааст

 

 

ОИННОМАИ ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24”

 

 

  1. Муқаррароти умумӣ

1.1.  ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24” (дар оянда ҳизб) созмони ҷамъиятӣ буда, бо мақсади озод намудани мардуми Тоҷикистон аз низоми худкомаи кунунӣ ва фароҳам овардани шароит барои иштироки мардум дар ҳаёти сиёсии кишвар, бунёди давлати мардумсолор, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди хақиқӣ, таҳкими иқтисодиёти кишвар ва фароҳам кардани адолати ичтимоӣ таъсис дода шудааст.

1.2.  ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24” бо сабаби ноадолатона ва ғайриқонунӣ манъ шудани фаъолияташ, таъқиби фаъолону тарафдоронаш ва надодани имконият барои бақайдгирии давлатӣ дар дохили кишвар аз тарафи низоми диктатурии кунунӣ, берун аз кишвар қарор дошта, фаъолияти худро тибқи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тафсири то 22 майи соли 2016», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», дигар қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии байналмиллалие, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро ба тартиб медароранд, ба роҳ мондааст.

1.3.  Фаъолияти ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24” дар асоси принсипхои ихтиерӣ, баробарҳуқуқӣ, худидоракунӣ, қонунӣ ва ошкорбаёнӣ ба роҳ монда шудааст.

1.4.  ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24” ҳаракати умумиҷумҳуриявӣ буда, дар равандҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои қонунӣ иштирок менамояд ва саҳми худро мегузорад.

1.5.  ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24” дар маъракаҳои сиёсии кишвар метавонад дар алоҳидагӣ ва ё дар иттиҳод бо дигар ҳизбу созмонҳо ва ҷамъиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ иштирок намуда саҳмгузор бошад.

1.6.  Номи пурра: (Ҳизби) ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24”.

1.7.  Номи кутоҳ: “ГУРӮҲИ 24”

 

2. Барнома, аҳдоф ва вазифаҳои ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ 24”

2.1.  Густариши фарҳанги сиёсии шаҳрвандон;

2.2.  Мусоидат дар ташаккулёбӣ ва устуворгардии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар;

2.3.  Ташаккули афкори умум, густариши арзишҳои озодфикрӣ мардумсолорӣ ва либералӣ дар шуури чамъиятӣ;

2.4.  Муборизаи сиёсӣ бар зидди низоми диктатурӣ бо мақсади ташкили Ҳукумати мардумсолорӣ ва такмили ислоҳотҳои демукросӣ ва либералӣ;

2.5.  Таъғири шакли идоракунии давлатӣ аз Ҷумҳурии Президентӣ ба Ҷумҳурии Парлумонӣ тариқи овоздиҳии умумӣ, мутобиқ гардонидани Сарқонун ба қонунҳои байналмиллалӣ ва принсипҳои демукросӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мустакилонаи се шохаи ҳокимият ва ВАО-и озод;

2.6.  Таъмини озодиҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ, фарҳангӣ, иқтисодии мардум ва ҳифзи он;

2.7.  Решакан кардани равандҳои манфие, ба монанди коррупсия, маҳалгароӣ, қавмгароӣ, насабгароӣ, табақабандӣ ва шахспарастӣ дар ҷомеа;

2.8.  Гузаронидани ислоҳотҳои иқтисодӣ, ичтимоӣ, молиявӣ-фискалӣ, ислоҳотҳо дар соҳаҳои бонкдорӣ, андоз ва гумрук;

2.9.  Таъғири қонунгузории иқтисодӣ бо мақсади муҳайё кардани шароити мувофиқ барои ҷалби сармояҳои хориҷиву ватанӣ;

2.10.  Ислоҳоти соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим тавассути маоши муносиб барои омузгорон ва мубориза бо коррупсия;

2.11.  Ислоҳоти соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоӣ;

2.12.  Ривоҷи соҳаи технологияҳои муосир ва шабакаҳои интернетӣ, рақамикунонии тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа;

2.13.  Таъмини пешрафти иқтисод, ривоҷи саноат, коҳиши сатҳи бекорӣ то дараҷаи 5%, баргардонидани муҳоҷирони корӣ ва бо ҷои кор таъмин кардани онҳо ва сохтани шароит барои зиндагии шоистаи мардум дар дохили ватан;

2.14.  Ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон берун аз кишвар;

2.15.  Табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари пешрафта;

2.16.  Таъмини адолати ичтимоӣ дар кишвар.

 

3. Узвият дар ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ-24”

 3.1.  Муқаррароти умумӣ:

3.1.1.  Узвият дар ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24” ихтиёрӣ ва хусусӣ аст;

3.1.2.  Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расида аст, метавонад узви ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24” бошад;

3.1.3.  Шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ ва шаҳрвандоне, ки мукаллаф будани онҳо собит шудааст, наметавонанд узви ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” бошанд. Истисно Тоҷикистониҳо ва фарзандони онҳо, ки бо сабаби фаъолияти сиёсӣ шаҳрвандии Тоҷикистонро аз даст додаанд ва шаҳрвандии дигар кишварро гирифтаанд, метавонанд узви ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24” бошанд;

3.1.4.  Узви ҳаракат наметавонад дар як вақт узви ҳизб ва ё ҳаракатҳои дигар бошад;

3.1.5.  Узвият дар ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24” дар асоси пешниҳоди аризаи шахсӣ, донистани оиннома, барнома, ҳадаф ва вазифаҳои харакат сурат мегирад. Узвият бо тавсияи ду аъзо ва ҷонибдории шурои ҳаракат қабул карда мешавад;

3.1.6.  Узвият дар ҳаракат наметавонад дар асоси хусусиятҳои касбӣ, ичтимоӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, миллӣ, динӣ, наҷотӣ ва инчунин ҷинсӣ маҳдуд карда шавад;

3.1.7.  Супоридани ҳаққи аъзогӣ дар асоси дастурамал оиди пардохти аъзопулӣ ва баҳисобгирии он, ки аз тарафи Шурои сиёсӣ тасдиқ гардидааст, сурат мегирад.

3.1.8.  Узвият ихтиёран тариқи пешниходи аризаи шахсӣ катъ мегардад.

3.1.9.  Узвияти аъзо метавонад барои пойбанд набудан ба оинномаи мазкур, барномаҳои ҳаракат, қарорҳои роҳбарият ва барои рафторе «бефаъолиятӣ», ки ба эътибор ва манфиатҳои ҳаракат зарар мерасонад, бо қарори роҳбарият тариқи овоздиҳии аъзоёни шурои сиёсии ҳаракат катъ гардад.

3.2.  Ҳолатҳое, ки узвият худ ба худ катъ мегардад:

3.2.1.  Ҳалокати аъзо;

3.2.2.  Мукаллаф будани аъзо;

3.2.3.  Дохил шудани аъзо ба ҳизби дигар;

3.2.4.  Исбот шудани маҳалгароии аъзо

3.3.  Бақайдгирии аъзоён ба таври пеш бурдани дафтари қайди аъзоён сурат мегирад.

3.4.  Узви ҳаракат ҳуқуқ дорад:

3.4.1.  дар бораи фаъолияти ҳаракат маълумоти пурра ба даст оварад:

3.4.2.  ба вазифаҳои роҳбарикунандаи Ҳаракат интихоб гардад ва ё роҳбариятро интихоб кунад;

3.4.3.  фикру андешаҳои худро оиди фаъолият ва барномаҳои ҳаракат пешниҳод намояд ва ақидаи худро ҳимоят намояд;

3.4.4.  дар сурати поймолшавии ҳуқуқҳои конститутсиониаш аз тарафи Ҳаракат химоят гардад;

3.4.5.  Бо ризогии роҳбарияти ҳаракат аз номи ҳаракат баромад намояд;

3.4.6.  Бо хоҳиши худ мувофиқи тартиби муайяншудаи дар оинномаи мазкур аз ҳаракат хориҷ шавад.

3.5.  Узви ҳаракат уҳдадор аст:

3.5.1.  Пойбанд ба оинномаи мазкур бошад ва барномахои ҳаракатро риоя намояд;

3.5.2.  Дар фаъолияти ҷузъҳои сохтории ҳаракат вобаста ба донишу қобилияти худ иштирок намояд;

3.5.3.  Қарорҳои роҳбарияти ҳаракатро риоя намояд, барои расидан ба ҳадафҳои барномавӣ, баланд шудани обрӯ, сатҳу манзалат ва нуфузи харакат дар ҷомеа мубориза барад;

3.5.4.  Тибқи меъёрҳои қабулшудаи харакат ҳар моҳ ҳаққи узвиятро пардохт намояд.

 

4.  Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24”

4.1.  Ҳуқуқҳои ҳаракат:

4.1.1.  Пеш бурдани фаъолияти сиёсӣ, “муборизаи сиёсӣ”;

4.1.2.  Озодона паҳн кардани иттилоот оиди фаъолияти худ, таблиғи ақидаҳои сиёсӣ, ҳадаф ва вазифаҳои худ;

4.1.3.  Иштирок дар интихоботҳо ва овоздиҳиҳои умумӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4.1.4.  Таъсис ва барҳам додани намояндагиҳои минтақавии худ;

4.1.5.  Ташкил ва баргузор кардани ҷамъомадҳо, митингҳо, эътирозҳо, пикетҳо ва дигар маъракаҳои оммавӣ;

4.1.6.  Таъсиси нашрияҳо, матбуот, ВАО ва муассисаҳои таълимӣ;

4.1.7.  Таъсиси фракция бо дигар ҳизбхои сиёсӣ;

4.1.8.  Ҳифзи ҳуқуқҳои худ, ҳуқуқ ва манфиатҳои аъзоёнаш;

4.1.9.  Ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ берун аз кишвар аз сабаби манъи фаъолияти сиёсӣ дар дохили кишвар.

4.2.  Уҳдадориҳои ҳаракат:

4.2.1.  Риояи ҳамаи конунҳое, ки ба қонунгузории байналмиллалӣ ва арзишҳои демократӣ мухолифат надоранд;

4.2.2.  Ҳарсола пешниҳод кардани маълумот оиди фаъолиятҳои сиёсӣ, барномаҳо ва лоиҳаҳои нав ба мардуми кишвар;

4.2.3.  Иҷрои уҳдадориҳои ҳизбӣ тибқи «Қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ба шарти мутобиқати қонуни мазкур бо қонунгузории байналмиллалӣ ва арзишҳои демукросӣ.

 

5. Сохтори асосии ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24”

5.1.  Мақомотҳои роҳбарикунанда ва назорат, тартиби интихоб ва ваколатҳо:

5.1.1.  Мақомоти олии роҳбарикунандаи ҳаракат Конфронси ҳаракат мебошад. Мақомотҳои марказии идоракуниро (Шурои сиёсии ҳаракат ва Кумитаи иҷроияи Ҳаракат) ташкил медиханд.

5.1.2.  Роҳбари Кумитаи иҷроияи Ҳаракат Роҳбари Ҳаракат мебошад.

5.1.3.  Мақомоти назоратии Ҳаракат Департаменти назоратӣ мебошад.

5.1.4.  Иҷроиши қарорҳои мақомоти олии роҳбарикунанда, мақомотҳои марказии идоракунӣ ва назоратӣ мувофиқи ваколатҳояшон барои аъзоён, фаъолон ва мақомдорони ҳаракат ҳатмӣ мебошад.

 

6. Конфронси ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24” 

6.1.  Тартиби даъват ва гузаронидани Конфронс:

6.1.1.  Конфронси Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 аз тарафи шурои сиёсӣ дар чаҳор сол як маротиба даъват мешавад ва роҳбарии Конфронсро Комиссияи махсуси Интихоботи ба уҳда дорад;

6.1.2.  Комиссияи махсуси Интихоботи аз ҳисоби аъзо ва фаъолони Ҳаракат аз тарафи Шуро, Кумитаи Иҷроия ва Департаменти Назоратии Ҳаракат интихоб мешаванд;

6.1.3.  Конфронси ғайринавбатӣ метавонад аз тарафи Роҳбари ҳаракат бо хоҳиши аз се як ҳиссаи аъзоёни ҳаракат даъват шавад;

6.1.4.  Қарор оиди даъват кардани Конфронс як моҳ пеш қабул мешавад. Дар қарор рӯз, макон ва лоиҳаи рӯзмарраи Конфронс муайян мешаванд;

6.1.5.  Намояндагони Конфронс аз тарафи гуруҳҳои минтақавии ҳаракат дар асоси фаъолият ва муҳлати аъзогӣ муайян ва интихоб мегарданд. Муҳлати аъзогии намоянда бояд на кам аз 1 сол бошад;

6.1.6.  Қарори Конфронс, бо назардошти мавҷудияти «кворум» (бо тарафдории аксарияти намояндагон), тариқи овоздиҳии пинҳонӣ қабул мегардад;

6.2.  Салоҳиятҳои Конфронси ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ 24”:

6.2.1.  Тасдиқ кардани оинномаи мазкур, мақсад ва барномаи асосии ҳаракат, ворид намудани тағиру иловаҳо дар онҳо;

6.2.2.  Тариқи райъдиҳии пушида ба муҳлати чаҳор сол интихоб намудани Роҳбари Ҳаракат (Раиси Кумитаи иҷроия) аъзоёни Шурои сиёсӣ ва аъзоени Департаменти назоратӣ.

6.2.3.  Тариқи райъдиҳии пушида пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани Роҳбари Ҳаракат (Раиси Кумитаи иҷроия) аъзоёни Шурои сиёсӣ ва Департаменти назоратӣ дар ҳолати катъи узвияти онҳо, бо хоҳиши худи онҳо бо сабаби пойбанд набудан ба оиннома ва барномаи асосии ҳаракат аз тарафи онҳо.

6.2.4.  Бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб ва пешбарии номзад дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6.2.5.  Санҷиш ва тасдиқи ҳисоботҳо ва пешниҳодҳои Роҳбари ҳаракат, Шурои сиёсӣ ва Кумитаи марказии назоратӣ.

6.2.6.  Қабул кардани қарор оиди азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳии ҳаракат.

 

7. Шурои сиёсии ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24”

7.1.  Муқаррароти умумӣ, тартиби даъват ва баргузор кардани ҷаласаи Шуро:

7.1.1.  Шурои сиёсӣ мақомоти марказии идоракунии ҳаракат буда, дар марҳиллаи байни даъватҳои конфронс, вазифаи конфронсро иҷро менамояд;

7.1.2.  Шурои сиёсӣ фарди ҳуқуқии ҳаракат ба ҳисоб меравад ва моҳона як маротиба аз тарафи Раиси Шуро даъват карда мешавад;

7.1.3.  Роҳбари ҳаракат тибқи зарурат ва ҳолатҳои фаврӣ метавонад Шурои сиёсиро таъҷилан даъват намояд;

7.1.4.  Вақт, ҷои баргузорӣ ва рӯзномаи Шурои сиёсиро Раиси Шуро муайян мекунад;

7.1.5.  Шурои сиёсӣ дар сурати ҳозир будани аз се ду ҳиссаи аъзоёнаш баргузор мегардад;

7.1.6.  Қарори Шурои сиёсӣ дар ҳолати мавҷудияти кворум (бо тарафдории аксарияти аъзоёни иштироккунанда) қабул мегардад;

7.1.7.  Номзад ба мақоми аъзои Шуро аз тарафи Комиссияи махсуси Интихоботӣ дар асоси принсипи шоистасолорӣ тасдиқ карда мешавад;

7.2.  Салоҳиятҳои Шурои сиёсии ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24”:

7.2.1.  Интиҳоби раиси Шуро миёни аъзоёни Шуро;

7.2.2.  Омода кардани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба оинномаи ҳаракат ва барои тасдиқ пешниҳод кардани он ба Конфронси ҳаракат;

7.2.3.  Назорати иҷроиши ҳадафҳо, лоиҳаҳо ва барномаҳои сиёсии ҳаракат, муҳофизат аз манфиатҳои ҳаракат;

7.2.4.  Аз мақом барканор кардани Роҳбари ҳаракат тариқи эълони Вотуми Нобоварӣ бо сабаби хиёнат ва ё пойбанд набудан ба Оинномаи Ҳаракат тариқи овоздиҳӣ бо принсипи ҳамраъии ҳамаи аъзоён;

7.2.5.  Тасдиқ кардани мавқеъи сиёсии ҳаракат оид ба руйдодҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон, тасдиқи эълони Изҳорот оиди руйдодҳо;

7.2.6.  Дар ҳамоҳанги бо Роҳбари Ҳаракат пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи маҷлиси намояндагон;

7.2.7.  Таёр намудан ва тасдиқ кардани низомномаҳо, дастурамалҳо ва маҷмуи коидаҳо барои ҷузъҳои сохтории ҳаракат.

7.2.8.  Тасдиқ намудани рамз ва парчами ҳаракат;

7.2.9.  Қабули қарор оиди узвият ва қатъи узвият дар ҳаракат бо пешниҳоди Кумитаи иҷроия;

7.2.10.  Назорати иҷроиши Қарорҳои Конфронс, Шуро ва Комиссияи Назоратӣ;

7.2.11.  Тасдиқи таъғироти сохторӣ дар ҳаракат, ташкилдиҳи ва барҳамдиҳии ҷузъҳои сохтории ҳаракат ва Кумитаи иҷроия бо пешниҳоди Роҳбар;

7.2.12.  Қабули лоиҳаи буҷҷаи ҳаракат ва санҷиши ҳисоботҳои молиявии ҷузъҳои сохторӣ;

7.2.13.  Қабули қарор оиди даъвати навбатӣ ва ғайринавбатии Конфронс;

7.2.14.  Додани ҳисобот оиди фаъолиятҳо дар назди Конфронс.

 

8. Кумитаи иҷроияи ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ 24”

8.1.  Муқаррароти умумӣ, сохтор ва фаъолияти Кумитаи иҷроия:

8.1.1.  Кумитаи иҷроияи Ҳаракат аз Бахшҳо ва Намояндагиҳо иборат буда, сохтор ва самти фаъолияти онҳо аз тарафи Роҳбари Ҳаракат таъсис дода ва муайян карда мешавад;

8.1.2.  Роҳбари Ҳаракат раиси Кумитаи иҷроия буда роҳбарии умумии Кумитаро ба уҳда дорад;

8.1.3.  Кумитаи ичроияи ҳаракат ва ҷузъҳои он метавонанд бо шартномаи корӣ ва пардохти музди мехнат мутахасисони соҳавиро бо мақсади пеш бурдани фаъолияти ҳаракат ҷалб намоянд.

8.1.4.  Ҳамаи коргарони ҷузъҳои сохтории Кумитаи иҷроияи ҳаракат «фаъол» номида мешаванд ва дар асоси шартномаи корӣ бо ба даст овардани музди меҳнат фаъолият мекунанд.

8.2.  Салоҳиятҳои Роҳбари ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24”:

8.2.1.  Роҳбарии умумии Кумитаи иҷроия ва гуруҳҳои минтақавӣ;

8.2.2.  Даъвати шурои ғайринавбатии ҳаракат тавассути Раиси Шуро;

8.2.3.  Ба роҳ мондан ва назорати иҷроиши ҳадафҳо, лоиҳаҳо ва барномаҳои сиёсии ҳаракат, муҳофизат аз манфиатҳои ҳаракат;

8.2.4.  Муайян кардани мавқеъи сиёсии ҳаракат оид ба руйдодҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон, қабул ва эълони Изҳорот оиди руйдодҳо бо тасдиқи Шуро;

8.2.5.  Доштани хаққи имзо аз номи ҳаракат ва гузоштани имзо дар санадҳои расмии ҳаракат;

8.2.6.  Таъин ва озод намудани сухангӯ масъулони бахшҳои Кумитаи иҷроия ва Намояндагиҳои Ҳаракат, вазифадор намудани онҳо ва назорат болои фаъолияти  онҳо;

8.2.7.  Ҳамоҳанг кардани фаъолияти ҷузъҳои сохтории ҳаракат ва назорати фаъолияти онҳо;

8.2.8.  Намояндагии ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ 24”-ро дар дохил ва хориҷи кишвар;

8.2.9.  Қабули арзу шикоятҳои ҷузъҳои сохтории ҳаракат, баррасӣ, ва андешидани чораҳои зарурӣ;

8.2.10.  Вобаста ба вазъи ҷамъиятӣ – сиёсӣ дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон қабули қарор оиди таъғироти сохторӣ дар ҳаракат, ташкилдиҳи ва барҳамдиҳии ҷузъҳои сохтории ҳаракат ва Кумитаи иҷроия бо тасдиқи Шуро;

8.2.11.  Ҳамоҳанг кардани фаъолияти ҷузъҳои сохтории ҳаракат;

8.2.12.  Ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва дигар ҳизбҳову ташкилотҳои сиёсӣ;

8.2.13.  Тайёр кардан ва тасдиқи лоиҳаҳо, санҷиш ва тасдиқи лоиҳаҳои ҷузъҳои сохторӣ ва назорат оиди дар амал татбиқшавии лоиҳаҳо;

8.2.14.  Таҳияи лоиҳаи буҷҷаи ҳаракат, назорати воридот ва сарфи молия, санҷиши ҳисоботҳои молиявии ҷузъҳои сохторӣ;

8.2.15.  Назорати таҳияи низомномаҳо, дастурамалҳо ва маҷмуи коидаҳо барои ҷузъҳои сохтории ҳаракат аз тарафи Кумитаи иҷроия ва пешниҳод барои тасдиқ ба Шуро.

 

9. Департаменти назоратии ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24”

9.1.  Департаменти назоратии ҳаракат аз тарафи Конфронси ҳаракат интихоб карда мешавад;

9.2.  Департаменти назоратӣ иҷроиши талаботҳои Оинномаи мазкур, Низомнома ва Дастурамалҳоро назорат менамояд;

9.3.  Департаменти назоратӣ дар асоси аризаи аъзоён ва фаъолони Ҳаракат қарорҳои Шуро ва Роҳбари Ҳаракатро тафтиш мекунад ва дар ҳолати номувофиқ будан бо Оиннома ҳуқуқи бекор кардани онҳоро дорад;

9.4.  Департаменти назоратии ҳаракат дар назди Конфронси ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ 24”ҳисоботдиҳанда мебошад.

9.5.  Номзад ба мақоми аъзои Департаменти назоратӣ аз тарафи Комиссияи махсуси Интихоботӣ дар асоси принсипи шоистасолорӣ тасдиқ карда мешавад;

 

10. Фаъолияти молиявию хоҷагии ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ 24”

10.1.  ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24” ва ҷузъҳои сохтории он метавонанд дорои ҳама гуна амвол, ки қонун ва оинномаи мазкур иҷозат додаанд, аз он ҷумла суратҳисоби бонкӣ, муҳр ва сиккаи худ бошанд. ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24” фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии худро ба роҳ монда, метавонад корхона ва муассисаҳо ташкил кунад.

10.2.  Сарчашмаҳои даромади ҲАРАКАТИ СИЁСӢ иборат аст:

10.2.1.  Ҳаққи узвият;

10.2.2.  Қабули ёрдампулии яквақта бо қарори шурои сиёсӣ дар ҳолатҳои зарурӣ;

10.2.3.  Даромад аз ВАО-и ҳаракат;

10.2.4.  Даромад аз корхона ва муассисаҳои ҳаракат;

10.2.5.  Хайрияҳои шахсони алоҳида, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар сарчашмаҳое, ки ба қонунҳои амалкунанда мухолиф нестанд.

10.3.  Ҳамаи ҷузъҳои сохтории ҲАРАКАТИ СИЁСӢ, ки дорои хоҷагии худ мебошанд, ба буҷҷаи умумии ҳаракат 50% даромади худро интиқол медиҳанд;

10.4.  Ҳама гуна амвол ва моли ҳаракат танҳо ба худи ҳаракат таалуқ дорад, ягон аъзо хаққи талаби молу амволи ҳаракатро надорад.

10.5.  Маблағу амвол, ки баъди бархамхурии яке аз ташкилот е ҷузъи сохтории ҳаракат боқӣ мемонад, ба мувозинаи умумии ҳаракат мегузарад.

10.6.  Фаъолияти молиявии ҳаракат ва ташкилотҳои он тавассути Низомнома дар бораи тартиби фаъолияти молиявии ҳаракат аз тарафи Кумитаи Иҷроияи ҳаракат амалӣ мегардад.

 

11. Воситаҳои ахбори оммаи ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ 24”

11.1.  ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ-24” дорои ВАО-и худ (сомона, нашрия, барномаҳои иттилоотии телевизионӣ, радиоӣ ва ғайра) мебошад.

11.2.  Фаъолияти ВАО-и ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ-24” мутобиқи қонунҳои амаликунанда, арзишҳои демукросӣ ва принсипи матбуоти озод ба роҳ монда шуда аст.

 

12. Робитаҳои ҳориҷии ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ 24”

12.1.  ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРУҲИ 24” тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ метавонад бо ҳизбу созмонҳои хориҷӣ робитаи ҳасана барқарор намояд.

 

13. Нишона ва парчам

13.1.  ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24” дорои нишона ва парчами худ мебошад, ки он аз тарафи Шурои сиёсӣ муайян мегардад.

 

14. Тартиби қатъи фаъолияти ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24”

14.1.  Фаъолияти ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ 24” бо пешниҳоди Шурои сиёсӣ ва қарори Конфронси ҳаракат бо тарафдории аз се ду ҳиссаи овозҳо ба мақсади азнавташкилкунӣ ва ё барҳамдиҳӣ қатъ мегардад.

14.2.  Молу ашёи ҳаракат, баъди қатъшавии фаъолияташ ба мақсади хайрия сарф карда мешавад.

 

15. Оиннома мутобиқи заруроти пешомада қобили тағйир ва иловаҳо мебошад

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза