22.1 C
Dushanbe
07.05.2024

Матни суханронии Насим Шарипов дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи 24

Салому дуруди бепоён ба ҳамаи иштироккунандагони ин нишаст!

Васоити ахбори омма яке аз мухимтарин институти чомеъаи солим буда, барои пешрафти ҳаматарафаи давлат ва миллат, расидан ба адолати ичтимоиву судӣ, таъмини хуқуқхои асосӣ ва озодиҳои инсон нақши муҳимро иҷро мекунад. Аз ин ҷихат онро чаҳорум шохаи ҳокимият низ меноманд. Чун он, дар ташаккулёбии чаҳонбинӣ, саводнокӣ, маданият ва афкори омма таъсири калон мерасонад. Бе асос ахбороти ВАО -ро яке аз асосҳо барои оғози парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноӣ дар кодексҳои мурофиавӣ ҷой надодаанд. Чун ВАО қудрати дигар кардани чомеъа ва беҳтар гардонидани зиндагии мардумро дорост. Намудхои асосии ВАО ин шабакаҳои телевизионӣ, шабакаҳои радиоӣ, рӯзнома ва маҷаллаҳои чопӣ ва интернет мебошанд. Муҳимтарин намуди ВАО шабакаи телевизионӣ аст, ки ба афкори омма таъсири бештар дорад.

Дар Тоҷикистон низ албатта мухимтарин намуди ВАО шабакаҳои телевизионӣ мебошанд, ки шумораашон на он қадар зиёд аст, аммо хамаашон ба ҳукумат таалуқ дошта, ба ташаккули афкори омма таъсири бузург мерасонанд. Шабакаҳое, ки дар сатҳи ҷумхуриявианд телевизиони «Сафина», «Шабакаи якум», «Баҳористон», «Чаҳоннамо», «ТВ Варзиш», «ТВ Синамо» ва «Футбол» мебошанд. Гайр аз ин шабакахои вилоятӣ ва шахрӣ низ фаъолият мекунанд, ки онхо хам зери назорати пурраи давлат қарор доранд. Аксарияти мардуми Тоҷикистон албатта хабарҳои дохилии кишварро тавассути ин шабакаҳо дастрас менамоянд. Ва ин вазъро ҳукумати кунуни истифода бурда онҳоро ба як асбоби таблиғотии худ табдил додааст ва аз раисҷумҳур Раҳмонов, як образи беандоза мусбатро сохтааст, ки бе ӯ, гӯё кишвар нобуд хоҳад шуд. Гайр аз маъракаҳои мусикиву рақсу бозӣ, пешвози пешво дар шаҳру ноҳияҳо ва таърифу таҳсини ӯ, дигар хабар нест дар ин шабакаҳо. Аз мушкилоти вуҷуддоштаи чомеъа, вазъи ногувори иктисодӣ, дарду ранҷи мардум, корруптсия, вазъи бади муҳоҷирони меҳнатӣ, сатҳи бекорӣ дар шабакаҳои телевизионӣ сухане гуфта намешавад. Гӯё дар Тоҷикистон мушкилоте вуҷуд надошта бошад ва хамаҷо сериву пурӣ аст ва мардум бо пешво ба ҷуз рақсу бозӣ дигар коре надоранд.

Инчунин дар кишвар зиёда аз 20 шабакаҳои радиоӣ фаъол ҳастанд, ки машҳуртарини онҳо Радиои «Садои Душанбе», «Радиои Озодӣ», «Азия-плюс», «Ватан», «Радиои Имрӯз», «Радиои Тоҷикистон», «Ховар», «Ориено», «Фарҳанг» ва гайрахо мебошанд. Аз ин 20 шабакаи радиоӣ, 4 -тояш ба давлатҳои хориҷӣ таалуқ доранд, аз он ҷумла «Радиои Озодӣ» ба Амрико, «Голос России», «Радио России» ва «Радио звезда» ба Руссия мутаалиқанд. Садои Душанбе ва Радиои Тоҷикистон давлатӣ буда, «Азия плюс», «Ватан» ва «Радиои имрӯз» хусусианд. Инчунин ҳар як вилоят ва баъзе шаҳру навоиҳо низ дорои шабакахои радиоӣ мебошанд, ки аксарият ба давлат таалуқ доранд. Қобили зикр аст, ки шабакаҳои хусусӣ низ ба ном мустақил буда, дар амал аз давлат метарсанд ва ба Раҳмонову сиёсати ӯ содиқанд. Ҳатто шабакаи амрикоии «Радиои озодӣ» дар Тоҷикистон ба андозаи кофи мустақил нест. Чун чанд соле пеш фақат барои иттилоъ додани вазифаи нави духтари Рақмонов, 6 рузноманигори ин радио аз аккредитатсия гузашта натавонистанд ва аз иҷозаи рӯзноманигорӣ маҳрум шуданд.

Соҳаи ВАО-и нашриявӣ дар кишвар хеле қафомонда буда, умуман бо сабабҳои иктисодӣ, ичтимоӣ ва бо мушкилоти сохахои маорифу фарҳанг дар 20 соли охир, мардуми мо ба рӯзномаву маҷаллахонӣ майлро гум кардаанд. Фақат як қишри ҷомеъа, ки дар соҳаи маориф, фарҳанг ва пажуҳишгоҳҳои тадқиқотӣ кор мекунад, вобаста ба фаъолияти корияш ниез ба мақолаҳои илмиву ихтисосӣ дорад. Инчунин як қишри кӯчаки мардум барои эълонхо ва мақолаҳои қобили завқашон рӯзнома харидорӣ менамоянд. Мувофиқи маълумотҳои Вазорати фарҳанг дар соли 2012 дар кишвар зиёда аз 400 номгӯи Рӯзнома ва маҷалла вуҷуд дошт. Аз инхо ба матбӯъоти расмӣ “Ҷумҳурият”, “Народная газета”, “Халқ овози”, “Садои мардум”, “Бонувони Тоҷикистон” ва нашрияҳои ҳукуматҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дохил мешуданд. Матбӯъоти соҳавиро нашрияҳои вазорату кумитаҳо ва дигар мақомоти давлативу ширкатҳои тиҷоративу созмонҳои ҷамъиятӣ ташкил иекарданд. Маъруфтарин нашрияҳои соҳавии Тоҷикистонро “Омӯзгор”, “Адабиёт ва санъат”, “Нақлиёт”, “Боҷу хироҷ” ташкил медоданд. Матбӯъоти мустакил асосан “Чархи гардун”, “Азия плюс”, “Тоҷикистон”, “Миллат”, “Фараж”, “Нигоҳ”, “СССР”, “Озодагон”, “ИмрӯзNews”, “Бизнес и политика”, “Оила”, “Муҳббат ва оила” буданд. Матбӯъоти ҳизбӣ бошанд: “Минбари халқ”, нашрияи Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, “Наҷот”, нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ, “Нидои ранҷбар”, ки ба ҳизби кумунист таъаллуқ дорад, “Иттиҳод”, ки нашрияи Ҳизби сусиёлист ва “Меҳргон”, ки нашрияи Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон аст. Маҷаллаҳои нисбатан машҳури Тоҷикистон “Садои Шарқ”, “Тоҷикистон”, “Илм ва ҳаёт”, “VIPZONE” ва “Элита” ба хисоб мерафтанд. Сар карда аз соли 2000-ум зиёде аз нашрияҳои хусусӣ, ё мутаалиқ ба мухолифини онрӯза бо фишори макомотҳои давлатӣ баста шуданд. Аз ҷумла нашрияҳои «Неруи Сухан», «Рӯзи нав» ва «Одаму олам» дар солхои 2000-ум бо сабаби танқиди хукуматдорон баста шуданд. Дар солҳои охир бошад рӯзномаҳои «Суғд», «Факты и комментарии», «Нури зиндагӣ», «Чомеъа», «Вечерный Душанбе», «Наҷот», «Дам», «Нигох» ва “Озодагон” бо сабабҳои сиёсӣ баста шуданд. Мақомот бо ҳар бахона ба онҳо фишор оварда, ин нашрияҳои кисман озодро ба пуррагӣ дар каламрави кишвар нобуд сохт. Рӯзноманигорони мустақил низ таи чанд соли охир бо сабаби зери фишори мақомот қарор доштан ва бекорӣ, маҷбур шуданд ватанро тарк кунанд. Боқимонда рӯзномаву маҷаллаҳои иттилоотие, ки фаъол ҳастанд е давлатианд, е ба хукуматдорон содиканд. Ягон рӯзномае намондааст, ки руйрост оиди сиёсати имрӯза ва вазъи кишвар иттилооти вокеъӣ ва беғаразона ба мардум диҳад. Инчунин нусхаи нашри ин рӯзномаву маҷаллаҳои фаъоли имрӯза кам буда, бо назардошти раванди зиедшавии аҳолӣ баръакс коҳиш ёфта истодаанд ва ба афкори омма таъсири назаррасе надоранд.

Шабакахои Интернети – яке аз намуди муҳими ВАО буда, солҳои охир мавқеи худро дар таъсири чомеъаи дунё ва ташаккули афкори оммаи миллатҳои дунё мустаҳкам карда истодааст. Бо забони дигар гӯем, Интернет ин як дунёи дигари виртуалӣ мебошад, ки рӯз то рӯз сарҳаду имкониятҳояш васеътар мегарданд ва тариқи он, мардум иттилоотро ба тарзи видеоӣ, аудиоӣ ё овоз ва навиштаҷот яъне мақола бо аксҳо метавонад дастрас, е ин ки пешниход кунад. Ва мардум ахбори дунёро бемаҳдудият (агар маҳдудият сунъӣ аз тарафи ҳукумати кишвари муқарраршуда набошад) бо забони дилхоҳ дастрас карда метавонанд. Аз ин лиҳоз шабакаҳои интернетӣ барои паҳн ва дастрас кардани иттилоот ба мардуми дунё хеле муфид буда, тсензура ё ин ки иҷозае лозим нест, то як шахс ягон ҳодисаеро сабт кунад ва тариқи он ба мардуми дунё паҳн кунад ва ё фикри худро оиди ягон ҳаводис иброз намояд. Албатта Интернет тарафи манфӣ ҳам дорад, чун ҳар хел идеологияҳои радикалӣ е иттилоотхои бардуруғ метавонанд ба кишри заъифи ҷомеъа алалхусус ҷавонон зарар расонида, тафаккури онҳоро ба роҳҳои ичтибоҳӣ равона созанд. Ва барои пешгирӣ аз ин, бояд хамавақт иттилоотро аз манбаъҳои иттилоотӣ ва сойтхои боэътимод гирифт. Инчунин албатта ростро аз дуруғ фарқ бояд кард. Мухолифини точик ва ВАО-и мустақили имрӯзаи тоҷик имконият доранд, танҳо тавассути интернет иттилоотро оиди вокеъиятҳои кишварамон ба мардум пешкаш кунанд, чун ҳама бо сабаби фишор аз тарафи режим дар хориҷ қарор доранд. Аммо макомотҳои Тоҷикистон сойтхои зиёди иттилоотӣ аз ҷумла сойти видеоии машхури YouTube – ро бастаанд. Инчунин шабакаҳои ичтимоии Facebook, Однокласники, ва Вконтакте мунтазам аз тарафи мақомот баста мешаванд. Сабаби ин амали мақомот паҳни иттилооти танқидӣ нисбати Раҳмонов, ё оиди вазъи бади мардум ва беадолатиҳо аз тарафи мақомдорон мебошад. Яъне фазои иттилоотии кишвар ба пуррагӣ таҳти назорати сахти режими худкома буда, режим аз иттилооти алтернативӣ харос дорад. Бо ин сабаб дар дохили кишвар ягон ВАО-и мустақил вуҷуд надорад, ва иттилооти берунаро дар шабакаи интернетӣ низ намегузорад дастраси мардум гардад. Бо ин роҳ режим бо таври сунъи афкори оммаро дар кишвар ба нафъи худ месозад.

Вале мухолифин ва ВАО-и мустақил, имконият доранд ба 2 миллион муҳоҷири корӣ, ки берун аз ватан қарор доранд воқеиятро расонанд ва ба афкори онҳо таъсири мусбате гузоранд. Бо ин сабаб ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 низ кушиш дорад, ба раванди дигаргункунии мусбии афкори омма саҳми худро гузорад. Аз ин лихоз Гурӯҳи 24 сойти расмии худро дорост, ки бо се забон, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мақолаҳои иттилоотӣ ва таҳлилии худро ба мардум пешкаш менамояд. Инчунин ҳаракати мо дорои шабакаи радиоӣ дар радио-интернети «Зелло» мебошад, ки дар он мардум озодона пайваст шуда оиди масъалаҳои гузошташуда ҳарф мезанад. Ҳар як шахс имконияти дар ин шабака ибрози андеша кардан ва онро ҳифз карданро дорад. Инчунин ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шабакаи видеоии YouTube барномаи «Садои мардум» бо пахши зинда пешкаши тамошобинон мегардад. Дар ин барнома масъалахои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, ичтимоӣ ва вазъи зиндагии мардум баррасӣ мегардад ва тамошобинон метавонанд фикру назари худро оиди мавзуъҳои баррасишуда баён кунанд, бо далел баҳс кунанд ва нуқтаи назари худро ҳифз намоянд. Ҳамаи ин кӯшишхои Гурӯҳи 24 барои саҳми худро дар раванди демукротикунонии ҷомеъаи Тоҷикистон гузоштан ва беҳбуд намудани зиндагии мардум равона карда шуда аст.

Умедворем дар ояндаи наздик вазъ дар кишвар таъғир ёбад ва мардуми мо як муҳити озод ва ҷомеъаи адолатпарвар бо ВАО-и озод бунёд кунад.

(Видеои баромади Насим Шарипов аз дақиқаи 4.52 то 14.51) 

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза