1.1 C
Dushanbe
04.12.2024

Ҳисоботи Комиссияи марказии интихоботи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Дирӯз раиси Комиссияи марказии интихоботи ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”, Маҳмадраҷаб Сайдалиев, ҳисоботи расмии худро оид ба интихоботи роҳбарии ин ҳаракат пешниҳод намуд. Дар изҳороти худ ӯ қайд кард, ки интихобот тибқи нақша ва бо риояи меъёрҳои байналмиллалӣ, шаффоф баргузор гардид.

Бақайдгирии номзадҳо аз 1 то 10 ноябри соли 2024 анҷом ёфт. Дар ин муддат номзадҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ фаолона ширкат варзида, аз 10 то 30 ноябр бо аъзои ҳаракат мулоқотҳо ва мубоҳисаҳо доир карданд. Рӯзи 1 декабр интихоботи роҳбарӣ баргузор шуда, ҳамаи аъзои ҳаракат тавассути низоми онлайнии овоздиҳӣ дар он ширкат варзиданд.

Маҳмадраҷаб Сайдалиев иброз дошт, ки ҳаракат ин дафъа бори сеюм интихоботи роҳбариро баргузор намуд ва ин нишондиҳандаи устуворӣ ва масъулиятшиносии сиёсии он мебошад. Ӯ ба ҳамаи номзадҳо ва аъзоён барои иштироки фаолонаашон изҳори миннатдорӣ намуд.

Бар асоси натиҷаҳои интихобот, Дилшод Шарипов ба ҳайси роҳбари нави ҳаракат интихоб гардида, аз аввали соли 2025 расман ба фаолият оғоз хоҳад кард. Сайдалиев таъкид намуд, ки ин интихобот як қадами муҳим дар таҳкими арзишҳои мардумсолорӣ ва ҳамкории дохилии ҳаракат мебошад.

Илова бар ин, ӯ хабар дод, ки интихоботи “Шӯро”-и ҳаракат дар пеш аст ва омодагиҳо барои он низ идома доранд. Ҳаракат минбаъд низ талош хоҳад кард, ки арзишҳои мардумсолорӣ ва масъулиятшиносиро дар раванди фаолиятҳои худ пеш барад.

Бо эҳтиром раиси Комиссияи интихоботи роҳбарии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза