17.1 C
Dushanbe
23.11.2024

Ҳамлаи навбатӣ ба рӯзноманигорон дар Душанбе

Рӯзи 4 март дар Душанбе ба ду хабарнигори Радиои Озодӣ Шаҳло Абдулло ва Муллораҷаб Юсуфзода ҳамла карданд. Онҳо гузоришеро дар бораи болоравии нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар кишвар дар нуқтаи сӯзишвории Соро Ойл дар микрорайони 33 ба навор мегирифтанд. Вақте рӯзноманигорон бо ронандае ки ки,аз боби болоравии нархҳо шикоят мекард, суҳбат менамуданд, як корманди нуқтаи сӯзишворӣ ба наздашон омад ва беадабона хостори таваққуфи наворбардорӣ шуд, зеро онҳо аз ҷониби роҳбарони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ барои наворбардорӣ розигии хаттӣ надоштанд.


Рӯзноманигорон ба мувофиқа мерасанд, ки бинои нуқтаи фурӯши сӯзишвориро ба навор намегиранд ва номи онро зикр нахоҳанд кард. Аммо корманди нуқтаи сӯзишворӣ ба ронанда фарёд мезанад, ки фавран ин ҷойро тарк кунад, Шаҳло Абдуллоро бошад, тела медиҳад ва дурбини филмбардориро бо дастонаш мепӯшонад.

Вақте Муллораҷаб Юсуфзода ба ҷонибдории ҳамхидматаш бармехезад, корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба ба манаҳи ӯ бо мушт мезанад.


Ин аввалин ҳодисаи ҳамла ба рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дар вақти корашон нест.

Ҳукумат ба он маъно нест, ки риояи ҳуқуқи рӯзноманигоронро аз инъикоси бемамониати рӯйдодҳои кишвар таъмин карда наметавонад, балки аввалин манфиатдор аст, ки ба мардум танҳо ончиро филмбардорӣ ва нишон диҳанд, ки танҳо ба манфиати ҳукумат ӯ бошад.


Бадеҳист, ки манъи наворбардорӣ дар қаламрави ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз тарси онҳо ба амал омадааст, зеро кормандон фармони роҳбарияти худро иҷро мекунанд, роҳбарият бошад метарсад, ки бо каме хатогӣ метавонад мақомотро ба хашм орад. Аз ин ҷост, ки дар ҳама ҷо роҳбарияти ягон корхона ё фирма мавзӯи мусоҳиба ва наворҳоро бо рӯзноманигорон пешакӣ мувофиқа мекунад, агар гузориш дар бораи дастовардҳо ва ситоиши Раҳмонов ва ” роҳбарии хирадмандонаи”- и ӯ бошад, пас лутфан бифармоед рӯзноманигорони азиз. Вале ҳар як матлаби бедуни мувофиқаро аз мо дуртар ба навор бигиред, мо мехоҳем хуб зиндагӣ кунем.


Дар мамлакати мо матбуот чунин аст: ё шумо ҳукуматдоронро ситоиш мекунед ва шумо рӯзноманигори мӯътабаред, ё шуморо мавриди латукӯб қарор медиҳанд.


Мо худ шоҳиди ҳол ҳастем, ки рӯзноманигор ва сиёсатмадор Додоҷон Атовуллоев барои ифшои ҷиноятҳои режими Раҳмонов борҳост, ки мавриди сӯиқасд қарор мегирад. Соли 2016 рӯзноманигори нашрияи” Фараж” Доро Суҳробӣ ҳангоми иҷрои вазифаи касбияш аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт ва дар милисахона мавриди латукӯб қарор гирифт. Соли 2019 бошад, рӯзноманигори мустақили тоҷик Далер Шарифов бар асоси парвандаи сохта ва тақаллубӣ бештар аз як соли умри худро бегуноҳ дар зиндон гузаронд. Рӯзноманигори дигар Абдулло Ғурбатӣ ду дафъа бо далели таҳия намудани матлаби воқеӣ дар бораи бемории КОВИД-19 ва бишнидани арзи дили сокинони офатзадаи ноҳияи Хуросон мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифт ва қазия бо ҷарима шудани ҳамлагарон ҷамъбаст шуд.

Рӯзноманигори Озодӣ Шаҳлои Гулхоҷа, рӯзноманигорон Исфандиёри Одина, Зафари Суфӣ, Исфандиёри Назар, Дориюши Раҷабиён ва Саидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиен борҳо дар саҳифаҳои маҷозӣ барои беғаразонаву воқеъбинона инъикос намудани мушкилоти мардум ва ҷомеа мавриди тавҳину таҳқир қарор гирифанд. Возеҳ аст, ки ин ҳама кори дасти режими истибдодии Раҳмонов ва мақомоти Тоҷикистон мебошад, зеро Ҳукумат аз сухани ҳақ, ифшо шудани макру дурӯғ ва ҷиноятҳояш сахт меҳаросад.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” воқеаи мавриди ҳамла қарор гирифтани хабарнигорони радиои Озодиро сахт маҳкум мекунад ва аз ниҳодҳои марбута тақозо менамояд, ки гунаҳкорони ин воқеаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашанд.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза