Нигоҳе ба зиндагиномаи асосгузор ва шаҳиди «Гурӯҳи 24» – Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов, 21 ноябри соли 1968 дар шаҳри Душанбе, дар хонаводаи Қувватов Иззат, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба дунё омад. Вале тақдир аз рӯзҳои аввали зиндагӣ барояш сангин буд: падар вафот мекунад, модар маҷбур мешавад, ки ӯро ба интернати шаҳри Душанбе бисупорад. Ӯ аз тифлӣ сахтиҳоро пушти сар намуда, бо ҷаҳду талош роҳи худро дар зиндагӣ пайдо кард.
Аз овони кӯдакӣ ӯ барои расидан ба муваффақият талош мекард. Пас аз хатми мактаб, дар солҳои 1985-1987 дар корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» ба ҳайси коргар фаъолият кард. Сипас, ба хидмати ҳарбӣ дар яке аз шаҳрҳои Русия фиристода шуд ва то соли 1989 дар артиш буд. Пас аз бозгашт, чанде дар мақомоти милитсия кор кард, вале бо дидани фасод ва ноадолатӣ, ин касбро тарк карда, ба тиҷорат рӯ овард.
Ӯ яке аз пешоҳангони соҳибкорони тоҷик буд, ки бо меҳнати худ ба муваффақият расид. Дар солҳои 1990-ум ширкатҳои «Фортуна», «ИнтерАзия», «Арал» ва «Тоҷирон»-ро таъсис дода, яке аз сарватмандтарин соҳибкорони Тоҷикистон гардид. Ӯ дар сохтмон, савдо, нафт ва дигар бахшҳо фаъол буд. Аз ҷумла, «Фароз», маркази тиббии «Меҳри Сино» ва корхонаҳои дигар аз ҷониби ӯ бунёд ёфтанд.
Аммо тавре ки таърих нишон медиҳад, дар Тоҷикистон ҳар соҳибкоре, ки мустақилона рушд мекунад ва аз доираи ғуломии режим мебарояд, дер ё зуд ҳадафи тороҷ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ҳангоме ки Шамсулло Соҳибов – яке аз шогирдони тиҷоратии ӯ бо духтари Раҳмонов (Рухшона) издивоҷ кард, хонадони Раҳмонов ба дороии Қувватов чашм дӯхт. Бо роҳи фиреб ва фишор, тамоми амволи ӯро тороҷ карданд.
Ин ҳодиса барои Қувватов нуқтаи оғози муборизаи сиёсӣ гардид. Ӯ, ки шоҳиди ғоратгарии золимони режими Раҳмонов буд, аз кишвар фирор карда, дар соли 2012 ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»-ро таъсис дод.
Оғози мубориза алайҳи золимон
Қувватов бархилофи дигарон, ки аз Раҳмонов бо тарс сухан мегуфтанд, бидуни тарсу ҳарос, ӯро шайтони бузурги Тоҷикистон номид.
Суханони таърихии ӯ дар Русия:
“Я, Кувватов Умарали Иззатович, из оппозиционной «Группы 24». Я хотел сказать, что настоящий сатана находится в Таджикистане – Эмомали Рахмонов, который течение 20 лет уничтожает население своё, и народ Таджикистана находится в рабстве, выезжая с семьями, оставляя свои дома.”
Бо ин суханонаш, ӯ қолаби тарсро шикаст ва як роҳи нави муборизаро оғоз намуд. Бо истифодабарии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, мардумро ба бедорӣ даъват кард. Ин боиси тарси бузурги Раҳмонов шуд, зеро «Гурӯҳи 24» рӯз ба рӯз қавитар мешуд ва золимонро ба ларза меовард.
Саркӯби Қувватов аз тарафи Раҳмонов
Душмании Раҳмонов бо Қувватов торафт шиддат гирифт. Дар натиҷа, дар декабри соли 2012 ӯ ҳангоми сафар ба Имороти Муттаҳидаи Араб (Дубай) бо дархости режими золим боздошт гардид. Раҳмонов ҳама талошро кард, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунанд, вале додгоҳи Дубай бегуноҳии ӯро исбот намуда, пас аз 9 моҳ ӯро озод кард.
Аз он ҷо тавассути Қирғизистон ва Қазоқистон ба Туркия омад ва муборизаро идома дод. Бо таъсиси ҳаракати «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон», талош кард, ки ҷавононро гирд оварад. «Гурӯҳи 24» тазоҳуроти зиёдро дар Маскав, Санкт-Петербург ва шаҳрҳои дигар ташкил кард, ки рӯз ба рӯз сафи он меафзуд.
Ҳангоми омодагӣ ба эътирози 10 октябри соли 2014 дар Душанбе, Раҳмонов бо тарси аз даст рафтани қудрат, «Гурӯҳи 24»-ро созмони экстремистӣ эълон кард. Аммо ин гурӯҳ қавитар шуд ва мубориза идома ёфт.
Раҳмонов боз кӯшиш кард, ки ӯро тавассути мақомоти Туркия боздошт кунад. 19 декабри соли 2014, ӯ бори дигар боздошт шуд, вале 3 феврали соли 2015 додгоҳи Туркия ӯро бегуноҳ эълон ва озод кард.
Дар ин лаҳза, Раҳмонов фаҳмид, ки танҳо як роҳ барои халосӣ аз Қувватов вуҷуд дорад – ӮРО КУШТАН!
Қатли Қувватов – дасти хунини Раҳмонов
Пас аз озод шудан аз боздошт, Умаралӣ Қувватов таҳти назорати агентҳои режими Раҳмонов қарор дошт.
5 марти соли 2015
Ӯ бо ҳамсараш ва ду фарзандаш дар Истамбул қарор дошт. Дар ҳамон шаб, ӯро як ҳамватан бо номи Сулаймон Қаюмов ба зиёфат даъват мекунад. Ғизо заҳролуд мешавад, ва Қувватов ногаҳон худро бад ҳис мекунад. Ҳангоми баромадан ба кӯча, агенти золими Раҳмонов ба сараш аз қафо тир мезанад – Қувватов ба шаҳодат мерасад.
Ин куштор – фармони бевоситаи Раҳмонов буд.
Пас аз қатли Қувватов, мақомоти Туркия таҳқиқот гузаронида, Қаюмовро гунаҳкор донистанд ва ӯро ба ҳабси абад маҳкум карданд. Вале фармоишгарони аслии ин ҷиноят – Раҳмонов ва хонадони ҷинояткораш – бе ҷазо монданд.
Мероси Қувватов – мубориза идома дорад!
Қувватов шаҳид шуд, вале роҳи ӯ идома дорад. «Гурӯҳи 24» пароканда нагардид – баръакс, боз ҳам фаъолтар шуд.
Имрӯз, «Гурӯҳи 24» дар Аврупо ва дигар кишварҳо:
Фош кардани фасод ва ҷиноятҳои Раҳмонов
Талош барои сарнагун кардани режими золим
Мубориза барои Тоҷикистоне озод, бе Раҳмонов ва оилаи ҷинояткораш
Раҳмонов шояд Қувватовро кушт, вале натавонист ӯро аз ёди мардум ҳазф кунад.
Сухани охирин:
Қувватов шаҳиди зинда аст!
Мубориза барои озодии Тоҷикистон идома дорад!
Раҳмонов ва хонадонаш, дер ё зуд, сазои ҷиноятҳои худро хоҳанд гирифт!
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”