3.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Фаъолияти мо

Баъзе муборизони Тоҷикистон ба хотири фаъолиятҳояшон ба ҳабсҳои тӯлонӣ ба маҳбас равона шуданд. Инчунин дар Тоҷикистон бисёриҳо ба хотири робита бо Гурӯҳи 24 ғайб заданд. Моҳи марти соли 2015 се нафар барои ҳамкорӣ бо ин Гурӯҳ ба мӯҳлатҳои аз 16,5 то 17,5 сол равонаи зиндон шуданд. Апрели ҳамон сол боз ду нафари дигар, яке 3,5 ва дигарӣ 3 сол, ба хотири фаъолият ва ҳамкорӣ бо Гурӯҳи 24 дар Тоҷикистон ба маҳбас кашида шуд.

Гурӯҳи мо намоишҳои эътирозии худро дар шаҳрҳои Берлин, Бонн ва Вупертали Ҷумҳурии Федеративии Олмон, дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон, дар шаҳри Истамбули Туркия гузаронида инчунин дар нақша гузаронидани чунин эътирозҳо дар шаҳри Москови Федератсияи Русияро ба миён гузошт, вале бо дархости ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати шаҳри Москов иҷоза ба ин ҷамъомадро надод.

Гурӯҳи 24 аз риоя накардани ҳукумати Раҳмонов дар “Созишномаи сулҳ миёни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолиф” аз 27 июни соли 1997 ба СММ, Вазорати СММ оид ба ҳуқуқи башар, Комиссияи Аврупо, Парлумони Аврупо, САҲА, Ҳукумат ва Вазорати корҳои хориҷаи Федератсияи Русия нома навишта равон кард.

Матни нома: Тақдири Созишномаи Сулҳ дар Тоҷикистон назди Ҳукумати диктотурии Эмомалӣ Раҳмон.

Баъд аз имзо гузоштани Созишномаи Сулҳи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаракатҳои муттаҳиди мухолиф, оид ба ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) дар Кремл бо миёнаравии СММ 27.06.1997 дар Тоҷикистон вазъияти осоишта ба вуҷуд омад.

Аз замони имзои шартнома, ки бо душвориҳои сангин ба даст омада буд 19 сол гузашта ҳукумат болои мухолифин тафтиши ҷиддиро ба миён гузошт.

Мудирияти президент Эмомалӣ Раҳмон ягон чораҳои дигарандеширо тоқат накарда мухолифонро ба маҳбас мекашад ва ё фазои тангеро ба миён меоварад то аз кишвар ҳиҷрат кунанд. Бисёриашон ба сабабҳои номаълум кушта мешаванд. Дар ин қиёс ҷашн гирифтани “Рӯзи Ваҳдати Миллӣ”, ки 27.06.1997 барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ бо миёнаравии СММ шартнома ба имзо расида буд, ба назар мерасад сохташуда ва қалбакӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи аввали имзои созишномаи сулҳ паси парда риъояи онро рад карда буд. Пас аз якнима кардани мухолифин дар расонаҳои расмӣ ба азнав навиштани таърих шурӯъ намуданд. То якчанд рӯз мондан ба “Рӯзи Ваҳдати Миллӣ” телевизиони давлатӣ филмеро ба намоиш гузошт, ки дар он исбот мешуд Эмомалӣ Раҳмон, ки 25 сол боз ҳукмрон аст худаш танҳо ба ҷанг хотима додааст. Дар филм барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва нигоҳдории сулҳ аз мухолифин як даҳон ҳам сухан намерафт.

Мутобиқи аҳди созишнома, 30 фисади вазифаҳои давлатӣ бояд ба мухолифон дода мешуд, ва дар аввал чунин ҳам буд. Аммо сол то сол шумори вазифародони мухолифи давлатӣ дар ҳукумат ва парлумон кам мешуданд, баъзеашон ба таври аҷиб кушта мешуданд. То соли 2015 шумори мухолифон дар вазифаҳои давлатӣ қариб, ки ба чашм намерасид. Тафтишоти мухолифони сиёсии режими Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи ҳукуматдорони тоҷик дар солҳои пеш низ буд, аммо баъд аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ бо сардории Абдуҳалим Назарзода, дигарандешонро то ҳадде озод таъқиб ва тафтиш мекарданд, ки моҳҳои охир Иттиҳодияи Байналмиллалӣ эълонҳояшро ҳамарӯза қариб, ки қатъ намекунад.

Намояндагони Ҳизбҳо ва ҳаракатҳои ҳақиқии мухолиф аксаран бо таъқиби шадид дучор шуда ба хонаводаҳояшон фишор оварда мешавад. Қувваҳои сулҳхоҳӣ дар Тоҷикистон ҳаракатҳои террористӣ хондашуда, мисли ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 дар ягон кишвари дигари дунё террористӣ эълон нашудаанд, ки ин нишондиҳандаи дурӯғин ва сиёсӣ будани қарорҳои судӣ ба ҳаракатҳои мухолифаш мебошад. Инчунин нишондиҳандаи ин ҳам ҳаст, ки кишварҳои дигар новобаста аз дархостҳои зиёди ҳукумати Тоҷикистон муборизонро истирдод намекунанд.

Ба ҷуз аз ин, пас аз референдуме, ки 22-юми майи соли 2016 барои тағйиру иловаҳо дар Сарқонуни кишвар гузаронида шуд, мувофиқи қонунҳои ивазшуда Эмомалӣ Раҳмон худро ҳукмрони якумраи кишвар намуда ва бояд баъд аз худаш писараш Рустами Эмомалӣ президент шавад. Ба ҳамин тариқ, тарзи ҳукмронии кишварро Демукросӣ номида вале дар асл ба ҳукмронии Монархии асримиёнагӣ баргардониданд. Инчунин ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон натанҳо кӯшишҳои чандинсола барои Сулҳу оромӣ дар кишварро ба нобудӣ кашид, балки ӯҳдадории худро назди дигар кишварҳои миёнарав дар Сулҳ, ки миёнашон Федератсияи Русия низ ҳаст ба кулли аз хотир баровард.

Аксари таҳлилгарон ва мутахасисони дунё бар он ақидаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо ин амалҳояш, ки барои абадӣ ҳукмрон монданаш ҳамеша қувваҳои мухолифро саркӯб мекунад, сулҳ ва оромиро дар Тоҷикистон халалдор хоҳад кард.

Ба ғайр аз ин, ҳукумати Раҳмонов болои мухолифини сиёсӣ фазоеро ба миён меоварад то онҳо маҷбур ба ҳиҷрат шаванд. Ва аз фишорҳои шадид шаҳрвандони оддӣ аксаран ба сафи ҳаракатҳои террористӣ пайваст мешаванд, ки нишондиҳандаи ин зиёд шудани шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар чунин ҳаракатҳост ва инро ҳатто худи ҳукумат эътироф мекунад.

Бо ин лиҳоз оромӣ на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми минтақа зери хатар буда, ба ҳадафҳои Иттиҳоди Байналмиллалӣ ва ҳам Федератсияи Русия дар Осиёи Марказӣ зиддият пайдо мекунад.

Аз ин сабаб, мо аз ояндаи кишвари худ ва оромии минтақа зери ташвиш буда, тамоми органҳои салоҳиятдори Федератсияи Русияро даъват мекунем, ки моро дастгирӣ намуда ҳама кӯшишҳояшонро ба харҷ диҳанд, то ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи Сулҳи соли 1997 имзо мондаашро риъоя кунад.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза