Пас аз як рейди ваҳшиёнаи навбатии мақомоти қудратии Русия зидди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, мақомоти Ӯзбекистон мавқеи шадид гирифтанд. Онҳо амалҳои таҳқиромез ва зӯроварии мунтазами пулиси Русияро «нацизм» унвон карданд ва даъват намуданд, ки ин таҷовузоти расмӣ зидди инсон бояд қатъ гардад. Ба ҷавонон маслиҳат дода шуд, ки бо баланд бардоштани дониш ва сатҳи ҳуқуқии худ, худро аз шиканҷаҳои оянда муҳофизат кунанд.
Аммо дар ин миён як чиз ба чашм мерасад: хомушии пурмазмуни режими Раҳмонов. Вақте ки ҳамсоякишвар бо ҷасорат шаҳрвандони худро ҳимоят мекунад, мақомоти Тоҷикистон дар ҳолати “камоҳолӣ”-и сиёсӣ қарор доранд. Ҳеҷ изҳорот, ҳеҷ дифоъ, ҳатто як баёнияи рамзӣ нест. Ин хомушӣ беасос нест — он як интихоби сиёсист: интихобе ба нафъи Путин, ба зарари шаҳрвандони худ.
Ин хомушӣ танҳо сукут нест — ин хиёнат ба мардум аст. Вақте ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик дар бозорҳо, роҳҳо ва сохтмонҳои Русия аз таҳқир, зӯроварӣ, шиканҷа ва ҳатто ҷалби иҷборӣ ба ҷанг ранҷ мебаранд, ҳукумати Тоҷикистон гӯё вуҷуд надорад. Ин хомушӣ на танҳо обрӯи давлат, балки эътимоди мардумро низ аз байн бурдааст.
Тафовут равшан аст. Дар ҳоле, ки Тошканд бо ҷасорат мехоҳад шаъни шаҳрвандонашро нигоҳ дорад, Душанбе зери тобеияти комили Кремл хомушӣ ихтиёр мекунад. На барои амнияти мардум, балки барои ҳифзи тахт.
Режими Раҳмонов дигар худро намояндаи шаҳрвандон намедонад. Барои ӯ муҳоҷири тоҷик на инсон, балки воситаи даромад аст — ки мисли моли истеъмолӣ дар бозори русӣ истифода шавад. Агар дар воқеъ ҳукумате бо виҷдон вуҷуд медошт, имрӯз бояд сафири Русия ба ВКХ даъват мешуд. Аммо дар Тоҷикистон, ҳар чӣ таҳқири бештар ба тоҷик – ҳамон қадар қаноатмандии бештар аз режими худкома.
Мардум набояд то ин ҳад поин фароянд ва нагузоранд, ки ин ду режими хунхор онҳоро азияту шиканҷа кунанд. Ва бояд барои тағири худ кушишҳо ба харҷ диҳад. Масалан роҳҳои Корреяву давлатҳои арабӣ мисли Дубаю Қатар ва ё аврупоро пайдо карда, барои кор сафар кунанд.
Худованди меҳрубон нигаҳдоратон мардуми муҳоҷир…