17.1 C
Dushanbe
22.11.2024

Суханронии раҳбари “Гурӯҳи 24” Суҳроб Зафар бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

    Раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Суҳроб Зафар дар оғози суханронии хеш бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҷуъ ба таърихи начандон дури давлати навини Тоҷикистон, аз  пайдо шудани номи ин кишвар, таъсиси Ҷумҳурии шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон, ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи ташкили  ин ҷумҳурӣ, пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусиёлистӣ ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки санги зербинои Истиқлолро онҳое гузоштанд, ки дар солҳои бистуми садаи бист ин кишварро бино карданд ва дар ин роҳ ҷонбозиҳо намуданд.  Пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ бошад, барои пурра соҳибихтиёр гардидани мо замина фароҳам овард. 

    Суҳроб Зафар дар идомаи суханронии худ гуфт, ки дар бораи он, ки мо имрӯз  воқеан ҳам соҳибистиқлол ҳастем ё на, дар байни мардум фикру ақидаҳои гуногуг мавҷуд аст: гурӯҳе бар он назаранд, ки мо соҳибистиқлол ҳастем, гурӯҳи дигар баръакс. Агар мо аз нуқтаи назари ҳуқуқи байнулмилалӣ нигоҳ кунем, Тоҷикистон ҳамаи рукнҳои  кишвари соҳибистиқлолро доро мебошад, вале аз сабаби он ки из лиҳози иқтисодӣ ва низомӣ  заиф мебошад,  аз нигоҳи сиёсӣ соҳибихтиёр нест ва зери нуфӯзи абарқудратҳо, аз ҷумла Русия қарор дорад.

     Баъдан раҳбари “Гурӯҳи 24” таваҷҷуҳи бинандагонро ба он ҷалб кард, ки Ҳукумат дар зарфи 30 соли Истиқлолият ба чӣ дастовардҳое ноил шуд  ва чӣ корҳоеро натавонист анҷом диҳад. Ба андешаи Суҳроб Зафар дар кишвар ҳамасола дар арафаи ҷашни Истиқлол мақомот ва тарафдорони Ҳукумат чун ҳамеша танҳо ба таърифу тавсиф ва мадҳу санои Раҳмонов мепардозанд ва  боре ҳам аз камбудиҳои кишвар сухан намегӯянд. Нахустин иштибоҳе, ки аз назари ӯ  мо дар давоми  солҳои аввали соҳибибихтиёрӣ содир намудем, ин буд, ки  аз сабаби бетаҷрибагӣ ва надоштани собиқаи давлатдорӣ нерӯҳои сиёсии кишвар мардумро ба муқобили ҳам қарор доданд  ва ҷанги бародаркӯш ва шаҳрвандӣ оғоз шуд. Дар замони ҷанг ва пас аз мусолиҳаи миллӣ кумакҳои башардӯстонаи ҷомеаи байнулмилалӣ дуздида шуд. Ҳарчанд  ҷанг бо сулҳ анҷомид, вале мусолиҳаи миллӣ дер напоид ва тарафҳо то имрӯз дар ин фоҷеа ҳамдигарро гунаҳкор дониста, аз роҳбарони ҳамдигар  “авлиё”-ю “пешво” метарошанд. Мардум аз сабаби нодорӣ ва набуди ҷои кор рӯ ба ҳиҷрат овард ва дар муҳоҷират барои ба даст овардани луқмаи нон ба пасттарин корҳо даст зад. Аз Ватан дур будан барои таъмини хонавода ба як одат ва беморӣ табдил  ёфт. Имрӯзҳо садҳо ҳазор нафар мардум берун аз Ватан, дур аз зану фарзанд қарор доранд ва ҳатто наметавонанд дар суру мотами пайвандонашон иштирок кунанд. Истиқлол мебоист моро ба ҳам меовард ва муттаҳид мекард, вале  баръакс мардуми моро аз ҳам дур кард, бесарпаноҳ намуд, эътиборашро  дар чашми дигар халқҳо паст кард ва боиси таҳқиру таънаи мардуми дигар кард.

Вақте мардум оҳиста-оҳиста фаҳмид, ки ҳиҷрат бас аст, бояд зиндагиро дигар кард ва пеш аз он, ки сару садо баланд намояд,  мақомот сарварони минтақаҳоро нобуд ва мардумро дастгиру саркӯб кард ва бо ин восита  чашми мардумро тарсонд. Мо дар солҳои аввали Истиқлол ҷасуру нотарс будем, вале режими Раҳмонов дар зарфи 30 соли Истиқлол моро ба як мардуми тарсу табдил дод. Мо то ин дараҷа тарсу шудем, ки моликияти моро мегиранд, мо хомӯшем,  то он дараҷа тарсу шудем, ки падарону бародарон ва фарзандону дӯстони  моро зиндону қатл ва шиканҷа мекунанд, мо хомӯшем. Мо, мардуми мусалмон имрӯз то он дараҷа тарсу шудаем, ки аз Худо дида, бештар аз Раҳмонов ёд мекунем, аз Худо дида, бештар Раҳмоновро васфу ситоиш мекунем. Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон касе шак надорад, ки аз васфи Худову Паямбар васфи Раҳмонов бештар аст. Ҳарчанд ҷанги шаҳрвандӣ боиси ифтихор нест, аммо дар он солҳо мо дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ягона кишваре будем, ки маҳорати ҷангӣ пайдо кардем, вале дар зарфи 30 сол аксари он ҷавонмардон ба қатл расиданд, зиндонӣ шуданд, ё ба муҳоҷират рафтанд.  Фақр ҳайсияти инсониро аз байн мебарад. Дар ин муддат артиши мо хеле заиф шуд  ва мо ихтиёри онро ба дасти одамони бесалоҳият  додем. Тоҷикистон дар минтақае ҷойгир аст, ки ба артиши қавӣ ниёз дорад. Артиши Тоҷикистон бо назардошти кӯҳистон будан,  назар  ба техникаи қавӣ бештар ба нерӯҳои пиёдагард ниёз дорад. Дар мо на танҳо мардҳо, балки занҳо ҳам бояд аз истифодаи силоҳ огоҳ бошанд. Бо пардохти маблағ аз хидмати артиш озод будан артиши моро боз ҳам заифтар мекунад. Имрӯз артиши Тоҷикистон қодир нест, ки дар як рӯзи мабодо соҳибихтиёрии  кишварро таъмин намояд.

   Дар фаровард Суҳроби Зафар суханронии худро бо он ҷамъбаст намуд, ки Тоҷикистон ҳам дар замони Русияи подшоҳӣ, ҳам зар замони шӯравӣ ва ҳам дар даврони Истиқлол ҳеҷ гоҳ озод набуд ва дар дар зери зулм қарор дошт. Имрӯз  Истиқлоли Тоҷикистонро танҳо ба Раҳмонов рабт медиҳанд ва аз онҳое, ки дар солҳои бистуми садаи бист ва онҳое, ки дар солҳои навади асри гузашта барои он саҳм гузоштанд, ёд намекунанд. Имрӯз Раҳмонов барои ҳифзи қудрат розӣ аст, мо зери зулм ва нуфузи абарқудратҳо ва ҳамсоякишварҳо  бошем, зеро медонад, ки агар ба ҳарфи онҳо лабайк нагӯяд, қудратро аз даст медиҳад.  Пас чӣ бояд кард?

  Дар посух ба ин савол раҳбари “Гурӯҳи 24”  гуфт, ки хушбахтона имрӯз ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки дар хориҷ аз кишвар  вобаста ба имкониятҳояшон бар зидди режими Раҳмонов   мубориза мебаранд. Дар баробари ин, ӯ, аз зиёиёни кишвар, бо вуҷуди ҳусни таваҷҷуҳ надоштанашон ба мухолифин  даъват кард, ки ба майдони мубориза ворид шаванд ва хомӯш набошанд, зеро ин майдон васеъ аст. Имрӯз мардум ва кишвар ба зиёиён ниёз доранд. Дар сурати як ҷо шудан  мешавад, ки решаи зулмро барканд ва Тоҷикистонро ба як кишвари  озод ва шукӯфон табдил дод.

Дар охир, раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Суҳроб Зафар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати 30-солагии  Истиқлол табрик намуда,  ба суолҳои бинандагон посух дод.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза