0.1 C
Dushanbe
27.12.2024

Сохтани аввалин шабака дар “Zello” ва усули нави мубориза

14 июни соли 2014 бо пешниҳоди Умарали Қувватов аввалин шабакаи тоҷикӣ дар радио-интернетии “Zello” бо номи “Новый Таджикистан” (Тоҷикистони Нав) кушода шуд. Пас аз озодӣ аз СИЗО ва муддате дар хомӯшӣ, Умаралӣ Қувватов усули нави муборизаашро маҳз аз сохтани ҳамин шабака шурӯъ намуд. Мақсад аз сохтани шабака, расонидани хабарҳои дақиқ ба халқи Тоҷикистон, аз он чи дар кишвар ва хориҷи он мегузарад, ахборот оиди вазъи иқтисодии кишвар, қонуншиканиҳо ва дигар амалҳои ғайриқонунии наздикони Рахмонов буд. Аз сабабе, ки дар Тоҷикистон фазои танги иттилоотӣ вуҷуд дорад ва расонаҳои хабарӣ ба кулли аз ҷониби оилаи Раҳмонов ва мақомотҳои давлатӣ назорат мешаванд. Ҳамин тавр, баъд аз сохтани шабака усули нави қаноатбахш дар мубориза ба вуҷуд омад. Дар аввал, шумораи шунавандагон дар шабака кам буд, вале бо мурури замон теъдод зиёд шудан гирифт. Тоҷикистониҳо дар баҳсҳо иштирок карданро сар намуда, ончи дар қалбашон буд, мегуфтанд. Мардум аз мушкилоте, ки дар кишвар рӯ ба рӯ шуданд, аз ҳаёти сангин дар муҳоҷират, аз қонуншиканиҳо ва ноадолатӣ дар Тоҷикистон, аз набудани умеду боварӣ ба ояндаи Ватан ва дигар мушкилотҳо сухан меронданд. Мутаасифона 22-юми июли соли 2014, шабакаи “Тоҷикистони Нав” мавриди ҳуҷуми хакерӣ қарор гирифта баста шуд ва худи ҳамон рӯз, шабакаи дигаре бо номи “Новый Таджикистан 2” кушода шуд. Имрӯз Гурӯҳи 24 ва тарафдоронаш ин шабакаро барои тарғибот алайҳи Раҳмонов истифода мебаранд. Дар барномаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва пешрафти ҷомеа баҳсҳо ронда мешавад. Маҳз бо сабаби ин шабака даҳҳо ҳазор Тоҷикистониҳо аз хоби ғафлат бедор шуда боз чавонони дигареро бедор намуданд. Дар шабака ҳар як шахси сабти ном шуда, ҳуқуқи изҳори мавқеи сиёсии худро, баёни фикри худро, бо далелҳо исбот кардаро дорад ва бе поймоли ҳуқуқи дигарон ва туҳмату таҳқири дигар шахсон метавонад сухан ронад.

Гурӯҳи 24 ҳамаи шаҳрвандонро даъват мекунад, ки бетараф набошанд ва бо мо ҳамроҳ шаванд то ки мо, Тоҷикистониён тақдири худро худамон ҳал кунем.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза