3.1 C
Dushanbe
27.12.2024

Сиёсати Э.Раҳмонов – роҳ ба сӯи ифротгароии ҷомеъа ва инқилоб

Ҳамарӯза, мо аз ҳукумати Тоҷикистон перомуни Э. Раҳмонов афсонаҳо мешунавем. Ҳукумат ӯро ҳамчун як шахсияти бузурге, ки ба афзоиши некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон муваффақ гаштааст ва ба сарзамини мо сулҳ овардааст, муаррифӣ мекунад. Ва шояд касе аз ҳамватанони мо ба ин сидқан бовар кунанд. Танҳо, агар Э. Раҳмонов дар ҳақиқат чунин як шахси одил бошад, пас чаро дар Тоҷикистон мавқеи устувори иҷтимоӣ арзи вуҷуд дорад? Қисми зиёди мардуми мо дар хатти пасти фақр қарор доранд, дар ҳоле ки маҷмӯъи зиёди даромадҳо дар дасти як “тудаи” сарватмандонанд.

Дуруст аст, ки ҳамеша ва дар ҳама кишварҳо сарватмандону камбизоатон ҳастанд, аммо барои рушди устувори кишвар тавозуни онҳо бояд бошад. Шумораи одамони қашшоқ ва сарватмандон бояд тақрибан баробар бошад, ва қисми бештари мардум синфи миёнаро ташкил диҳад.

Дар Тоҷикистон бошад ҳиссаи синфи миёна камназир аст. Рӯз ба рӯз сафи камбизоатон зиёд шуда фарқият байни сарватманду камбизоат афзоиш меёбад. Сабабҳои аслии афзоишёбии шумораи камбизоатон инҳоянд: муддатҳои тӯлонӣ надоштани ҷои кор ва миқдори ками кӯмакпӯлиҳои хусусиятҳои иҷтимоидошта. Ҳоло, ҳамаи инро мо дар Тоҷикистон мушоҳида мекунем. Бекорӣ – ин як мушкилоти ҷиддӣ барои кишвари мо ба ҳисоб меравад. Беш аз ду милюн ҳамватанони мо маҷбуранд берун аз Тоҷикистон кору фаъолият кунанд. Нафақа ва дигар имтиёзҳои иҷтимоию маишӣ ночизанд, дар ҳоле ки иҷорапӯлӣва пардохти дигар хизматрасониҳо барои аксари шаҳрвандони Тоҷикистон қобили қабул нестанд.

Чунин вазъияти ҳол аз худ минро (яроқи тарканда ) дарак медиҳад, ки як рӯз не як рӯз метаркад. Таърих худ гувоҳ аст, ки сабаби сар задани ҳамаи инқилобҳо ин қашшоқии мардум ва дар вазъияти баде қарор доштани онҳо мебошанд ва чигунае, ки маълум аст, ягон инқилоб бидуни хунрезиву талафоти ҷонӣ намегузарад.

Бо баҳонаи ифротгароии ҷомеъаи Тоҷикистон Э. Раҳмонов ба ҷавонони то 18 сола иҷозаи омӯзиши Исломро намедиҳад. Бо вуҷуди ин, дар кишвар ягон манбаъ барои дастгирии ҷавонон вуҷуд надорад. Дониш омӯхтану ҷои кор пайдо кардан онҳое метавонанд, ки аз оилаи сарватманд бошанд, ва дигарон бошанд маҷбур мешаванд, ки баъди хатми мактаб барои пайдо кардани кор берун аз Тоҷикистон ҳиҷрат кунанд. Бисёре аз ҷавонон, баъди оне, ки дар кишвари худ ягон умеде барои ояндаи худ пайдо намекунанд, бидуни ягон саводи динӣ ва дунявӣ тарки Тоҷикистон мекунанд. Махсусан ана ҳамин намуди ҷавонон луқмаи гурӯҳҳои ифротгаро мешаванд. Ҷавонони аз ҳукумати худ озурдаву норозӣ зуд ҳақиқатро дар сафи чунин ташкилотҳои террористӣ ҷуён мешаванд. Касоне, ки дарк мекунанд, ки ифротгароӣ роҳи ҳалли мушкилот нест ва дар он даҳшату ситам ҷой дорад, роҳи муборизаи озоду демукросӣ бар зидди режими Э. Раҳмоновро гирифта ба сафи ҳаракатҳои мухолифин шомил мешаванд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки сарчашмаи зулму даҳшат ва ноадолатиҳо на фақат дар ҳаракатҳои ифротгароӣ ва теруристӣ ҳастанд (гурӯҳҳои мухталиф дар ҳамаи дину мазҳаб ҷой доранд), балки ҳокимони авторитарӣ (диктотурӣ) ҳастанд, ки мардуми худро ба ин ақидаҳои ифротгароӣ оварда расонданд.

Ҳамватанони гиромӣ, беандешагӣ, чашмгуруснагӣ ва ташнаи курсии ҳукумат будани ӯ ҳукумати моро ба як вартаи ҳалокат оварда расонидааст. Агар мо ӯро бо роҳи сулҳҷуёна бартараф накунем, пас моро дар пеш инқилоб интизор аст.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза